Cиҳатии маънавии ҷомеа аз таъсири қонуни танзим аст
10 октябри соли 2019 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти танзими анъана ва ҷашну маросим дар таъмини некӯаҳволии фард, оила ва ҷомеа» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Намояндагон, дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону маҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён, сархатибони масҷидҳои пойтахт ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба иштирокдорони он расонид. Дар кори Конференсияи мазкур Саидмукаррам Абдуқодирзода – Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ низ иштирок ва дар мавзӯи " Сиҳатии маънавии ҷомеа аз таъсири қонуни танзим аст" баромади пурмўҳтаво намуданд. Матни пурраи баромади С. Абдуқодирзода чунин аст:
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
Ҳар тадбире, ки салоҳи ҷомеа ва таҳкими давлатдориро дар марҳилаи кунунии рушди Тоҷикистони азиз дар назар дорад, албатта, сазовори таҳсину ташаккур ба баргузоркунандагони он буда метавонад. Банда аз ин ки ҳукуматдорони пойтахт бо сарварии муҳтарам Рустами Эмомалӣ чандин маротиба аст, ки ба мавзўи танзим муроҷиат карда, татбиқи қонуни мазкурро натиҷагирӣ мекунанд, хеле шод мешавам ва хулоса мекунам, ки агар ҳар ниҳоди дигар ба иҷрои қонунҳои миллӣ чунин аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд ва барои ҳалли мушкилоти онҳо чораҷўиҳо намоянд, бешубҳа, ҷомеа дар як муддати кутоҳ боз ҳам зудтар ислоҳ ва мардум ба тарзи дурусти ҳаёт омода мегарданд. Аз ин рў, ба мутасаддиёни ин конфронс ташаккур мегўям ва ба ҳама иштирокдорони ин ҷамъомади бонуфуз барори кор мехоҳам.
Гоҳ-гоҳе аз ҷониби ашхоси то ҳанўз аз моҳияти қонуни танзим ноогоҳ сару садоҳое ба гўш мерасад, ки гўё ин санади муҳим ба корҳои хусусӣ ва зиндагии хусусӣ дахл мекарда бошад. Яъне сарфи дороӣ бояд кори шахсии фарди доро бошад. Аммо ин гуна ашхос боре наандешидаанд, ки сиҳатии ахлоқию маънавии ҷомеаро маҳз онҳо бо сарфу харҷи беҳуда, бо худнамоишдиҳӣ ва рафторҳои худхоҳонаашон вайрон мекунанд, бори нангу номуси нолозими оммаи мардумро гаронтар месозанд. Онҳо гоҳо фаромўш мекунанд, ки афзалияти манфиати ҷомеа, манфиати умумӣ аз манофеи хусусӣ як ҳақиқати маълум аст, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон амалӣ мегардад. Дар кулли давлатҳои ҷаҳон аввалтар аз ҳама манфиатҳои умумӣ ба назар гирифта мешавад.
Маъно ва муҳтавои танзимро худи номи ин конфронс пурра ифода мекунад: яъне таъмини некуаҳволии аввал фард, баъд оилаҳо ва баъдан ҷомеа аз он вобаста аст, ки қонуни танзим чӣ гуна риоя мешавад ва чӣ натиҷаҳо ба бор овардааст. Ин масъала гуфтугўи ҷиддӣ мехоҳад.
Як чиз комилан фаҳмо ва исботшуда аст, ки тавассути танзим дар кишвари мо низоми нави ҳаёт оғоз шуд ва ин низом натиҷаҳои бузурге овард. Таҷриба нишон медиҳад, ки агар дар доираи муайян давлат ба расму ойин ва анъанаҳо бо мақсади хайр даст занад, бешак, ба муваффақиятҳо ноил мегардад. Яъне давлати адолатпарвар танҳо дар он сурате даст ба ин кор мезанад, ки дин ва ё шакли дигари шуури ҷамъиятӣ бо дуршавӣ аз решаи аслӣ бо назардошти ҳимояи манфиатҳои ҷудогона бидъатҳои мухталифро ҳамчун бори гарон ба сари мардум оварда, онҳоро аз маънӣ ва мазмуни эътиқод ба шаклпарастию зоҳирбинӣ мебаранд.
Танзими урфу одат ва ҷашну маросимҳо, ки аксар вақт бо муносибатҳои маданӣ - динӣ алоқаманд буда, олами ботинии инсонро фаро мегирад, ки ин маҳдудкунии куллии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нест. Маҳдудкуние, ки дар ин самт ҷой дорад, ин маҳдудкуниест, ки дар доираи қонун сурат гирифта, барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои дигарон ва нигаҳдошти тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудаст.
Танзими расму оинҳо дар ҷомеаи инсонӣ кори хайр ва ниҳоят муҳим мебошад. Гузаштагони бофарҳанги мо, хоссатан равшанфикрон, шоирону нависандагон, файласуфону муфассирон ва ашхоси бомаърифати тоҷик, доир ба ин масъала бетафовут набудаанд. ҳанўз дар замонаш бузургвор Саъдии Шерозӣ таъкид намуда буд, ки инсон бояд ба даромадаш, яъне дахлаш, назар карда, харҷ кунад, чунки харҷи беҳуда миёншикан аст ва касро беобрў хоҳад кард:
Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун,
Ки маллоҳон мехонанд суруде
Ба кўҳистон агар борон наборад,
Ба соле Даҷла гардад хушкруде…
Мисоли Саъдӣ аз ҳикмати табиат сарчашма гирифтааст, ки бо табиати одамӣ рабти бевосита дорад. Агар мавсими боронҳо накў гузарад, оби дарёву наҳрҳо фаровон шуда, ҳосили заҳмати заминдорону кишоварзон низ фаровон хоҳад шуд. Борҳо шоҳид будаем, ки қаҳтӣ шудани борону кам боридани барф азияту машаққатҳои зиёде ба сари мардум овардааст, бино ба кам шудани ҳосили кишоварзӣ нарху наво қимат шуда, рўшноии хонаҳо ба меъёр дароварда мешуд, барқ намерасид. Табиати инсон низ чунин аст: дар ҳолати хуб будани даромади пулиаш ў андеша мекунад, ки ба чӣ корҳое сарфи маблағ кунад, ҳатман мушкилоти рўзгорашро ба таҳлил мегирад, ояндаро дар назар медорад. Албатта, ин хоси инсонҳоест, ки аз фарҳанги сарфакорӣ бохабаранд. Ин фарҳанг хоси мардуми донишманд ва босавод аст, ҷоҳилон тафаккури чунин фарҳангро надоранд, ҳамеша ба худнамоӣ ва нишон додани дороии хеш мекўшанд.
Дар ин маврид харҷи барзиёд дар масъалаҳое, ки хоси як хонавода буда, ба тўю сур ва ё азову мотам тааллуқ доранд, ба ҷомеа зуд таъсир мерасонад. Сабаби паҳн шудани маросимҳои аслан ба фарҳанги мо бегона маҳз таъсири онҳоест, ки аз фарҳанги волои сарфакориву истифодаи дурусти маблағҳои оила огоҳ набуда, ба хотири ба даст овардани шуҳрату шаҳомат рафторҳои бемавқеъ ва хилофи ақли солим мекунанд.
Яке аз сабабҳои зуд дар ҷомеа дар зеҳну шуур ва тафаккури мардум ҷой гирифтани асосҳои қонуни танзим ҳамин аст, ки муқаррароти он маҳз аз сарчашмаҳои муътабари диниву ахлоқӣ об мехўранд. Ба ёд биёрем, ки ҳангоми омодагӣ ба қабули ин қонун чорабиниҳои зиёди маърифатӣ ва ҷустуҷўӣ гузаронида шуда, доираи васеи донишмандон, аз ҷумла донишмандони дину мазҳаб ба ин кор ҷалб шуда буданд. Дар натиҷаи ковишҳои маохизи динӣ ва дигар манбаъҳои таърихӣ чунин хулоса шуд, ки сарфи барзиёд дар ҷашну маросим ва анъанаҳое, ки ба маданияти рўзгордории мардум дахл доранд, ягон асоси шаръӣ ва ҳуқуқӣ надорад ва ин масъаларо бо санади меъёрӣ ҳал намудан ҳеҷ ихтилофе ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд надорад.
Бояд дар назар дошт, ки яке аз роҳу усулҳои таъсир гузоштан ба мафкураи мардум дар масъалаи тарғиби фарҳанги сарфакорӣ бевосита ошноӣ бо дастурот ва тавсияҳои дини мубин Ислом мебошад. Шариати Ислом пайравони худро аз исрофкорӣ ва хароҷоти риёкорона ҷиддан манъ кардааст. Худованд дар каломи худ мефармояд: «Ва дасти худро ба гардани худ баста макун (аз бухл) ва онро ба тамоми кушодан макушо (ба исрофкорӣ), ки он гоҳ маломат кардашудаи дармондагашта бинишинӣ». (ояти 29-и сураи «Исро»).
ҳусайн Воизи Кошифӣ дар тафсири худ зимни ин оят ашъори зеринро овардааст:
Мабанд аз сари имсок даст дар гардан,
Ки хислатест накўҳида пеши аҳли нуҳо.
Макун ба ҷониби исроф низ чандон майл,
Ки ҳар чи ҳаст, ба як дам кунӣ зи даст раҳо.
Чун дар миёнаи ин ҳар ду роҳ чандоне
Тафовут аст, ки аз офтоб то ба Суҳо.
Пас эҳтиёт васат аст дар ҷамиъи умур,
Бад-он далел, ки «хайрул-умури авсатуҳо».
Мазмуну муҳтавои қонуни танзим баёнгари он ҳақиқат аст, ки мо бояд ба қадри неъматҳои илоҳӣ бирасем ва онҳоро бо тақозои ақлу андешаи солим истифода намоем, чунки камхарҷу сарфакорона гузаронидани тўю маъракаҳо ва азову мотам муассиртарин омили баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ба шумор меояд. Калиди сарвату дороии ҳар фарди ҷомеа сарфаву сариштакорӣ аст, ҳамон тавре ки дар ҳадиси муборак омадааст: «Моли муъмин чун хуну ҷони ў азизу муҳтарам аст».
ҳоло аз баракати ин қонуни миллӣ шаклҳои манфиатовари хайру садақа дар зеҳни мардум ҷо гирифта, ташаккул ёфта истодаанд. Кўмак ба ятимону бепарасторон, мусоидат кардан ба таъмиру тармими мактабу шифохонаҳо ва амсоли инҳо низ аз ҷумлаи хайру садақотанд ва аз омилҳои ҳамгироиҳои мардум ва ваҳдати онҳо низ мебошанд. Дар қуръони карим дар ин маврид чунин омадааст: «Эй Паёмбар, аз ту мепурсанд, ки чӣ чизҳоеро садақа кунанд? Бигў, аз моли ҳалолу поки худ ба падару модар ва наздикон ва ятимон ва мискинон ва ба мусофиру дар роҳ мондагон садақа кунед. Ва ба Худованд аз ҳар некие, ки анҷом бидиҳед, огоҳ аст. (Ояти 215-уми сураи «Бақара»).
Аслан, аз назари Ислом, ки мактаби бузурги тарбия аст, бояд ҳар гуна нуқсу иллат аз аслу реша бартараф карда шавад. ҳамин ҷиҳат аст, ки ходимони дин ба ҷавонон роҳу усулҳои дур шудан аз исрофкориро бояд талқин кунанд ва дар намозҳои ҷумъаву панҷгона дар ин хусус мавъизаҳо хонанд. Кутуби тарбияи бузургон низ пурманфиат истифода карда шавад. Масалан, Унсурулмаолии Кайковус дар асараш «қобуснома» зимни муроҷиат ба фарзандаш чунин меорад: «Исрофро душман дор ва шум дон. Сабаби фақириву нодорӣ исрофкорист. Дар хўрдан ва гуфтан, дар ҳар шуғле, ки бошӣ, исроф набояд кард. Исроф танро бикоҳонад, нафсро бираҳонад ва ақлро заиф гардонад. Исроф зиндаро бимиронад».
Таҷрибаи татбиқи қонуни танзим исбот намуд, ки он аввалан, манфиати мардумро ҳимоя мекунад ва баъдан ба беҳтаршавии вазъи молии аҳолӣ мусоидати фаъол менамояд. Дигар ин ки татбиқи ин қонун ба афзоиши тўйҳои хайриявӣ ва эҳёи маъракаҳои дастаҷамъона барои камбизоатон замина гузоштааст.