Табрикоти Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати мавлуди босаодати Пайғамбари гиромии Ислом (с)
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.
Дуруду салом бар Пайғамбари акрам (с).
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломӣ тамоми мусулмонони кишварро ба муносибати фарорасии мавлуди босаодати Пайғамбари Ислом (с) табрику таҳният намуда, барои онҳо аз даргоҳи Худованди бузург комёбию саодатмандӣ, осудагии рӯзгору фаъолияти пурбарор ва беҳтарин накӯиҳои зиндагиро таманно менамояд.
Мавлуди Расули Худо (с) дар таърихи башарият рӯйдоди басо муҳим ва фаромӯшношуданист. Ба шарофати ин рӯйдоди саодатофарин таҳаввулоти азиме ба вуқуъ пайваст ва олам ба нури вуҷуди Ӯ мунаввар гардид. Чунончи Ҳоҷа Ҳофиз мефармояд:
Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд,
Дили рамидаи моро анису мӯнис шуд.
Агар ба ҳикмати зиндагонии Пайғамбари гиромӣ (с) аҳаммият диҳем, дар он маънои ҳамдилию ҳамбастагӣ, дӯстию муҳаббат, одобу ахлоқи ҳамида, раҳму шафқат ба ятимону бепарасторон ва дигар амалҳои неки исломию инсониро дармеёбем.
Зиндагии Расули Худо (с) пур аз ҷоннисорию хайрхоҳӣ, эҳсону бахшандагӣ ва даъвати мардум ба сӯи саодати ҷовидонист, зеро Худованди меҳрубон ӯро раҳмате ба сӯи оламиён фиристодааст. Чунончи, дар ояти 128-уми сураи «Тавба» мефармояд: «Ҳамоно Пайғамбаре аз худи шумо ба шумо омада аст, ранҷи шумо бар вай душвор аст, бар (ҳидояти) шумо зиёд шавқманд аст, ба муъминон бахшояндаи меҳр убон аст».
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломӣ бори дигар кулли мусулмонони ҷумҳуриро ба муносибати ин рӯзи фархунда табрику муборакбод гуфта, барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорад.
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон