МУЛОҚОТҲОИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМО БО ДОНИШҶӮЁН ВА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ШАҳРИ МАСКАВ
Чунонки қаблан хабар дода будем Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо сафари корӣ рўзҳои 23-28 январи соли ҷорӣ дар Федератсияи Россия қарор доштанд. Раиси Шурои уламо дар ҳамкорӣ бо намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия рӯзи 27 январ дар шаҳри Москва низ бо шаҳрвандони тоҷики муқими ин шаҳр, ки ба таълим ва муҳоҷирати меҳнатӣ машѓул ҳастанд, мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода сараввал бо мисол овардани чандин намунаи меъёрҳои шаръӣ дар робита ба аҳамияти омӯзиши илм донишҷўёнро ба таҳсили ҷиддии илму дониш даъват намуд. Таъкид гардид, ки пешрафту тараққиёти ояндаи кишвар аз сатҳи таҳсил ва донишҳои андӯхтаи онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин хотир, Раиси Шӯрои уламо аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо дарки саривақтии дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун намунаи ибрат ба дигар ҷавонони кишвар, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ дар роҳи андӯхтани илм дастгиру мададрасон бошанд. Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ёдоварӣ аз вазъи мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир таъкид дошт, ки ҷавонони мо бояд аз афкору андешаҳои равияву ҷараёнҳои бегона ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ огоҳ бошанд ва дар мубориза бо он фаъол гарданд.
Инчунин дар ин мулоқот оид ба вазъи сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омилҳои дохилӣ ва берунии таъсиррасон ба раванди он, талошҳои Роҳбарияти олии кишвар дар самти расидан ба ҳадафҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ, таълимоту талошҳои Имоми Аъзам баҳри ваҳдат ва якпорчагии инсоният, ҳамдигарфаҳмӣ ва донишандӯзӣ дар дини мубини Ислом ва амсоли он суҳбати самимӣ баргузор шуд.
Саидмукаррам Абдуқодирзода дар мулоқоти Москва амният ва тинҷиву оромиро бузургтарин неъмат барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон номида, аз хидматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил мисолҳои мушаххас овард.
Саидмукаррам Абдуқодирзода ба 4 ҳазор расидани шумораи масҷидҳо дар Тоҷикистонро як файзи даврони истиқлол номида, ёдовар шуд, ки хушбахтона бо ташаббуси Пешвои миллат сохтмони бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба итмом расид ва имрўз ба фаъолият шуруъ кардааст, ки дар он беш аз 100 ҳазор нафар дар як вақт метавонанд намоз хонанд.
Раиси Шӯрои уламо зимни мулоқот қайд намуд, ки дар Тоҷикистон озодии дин риоя мешавад: "Дарҳои масҷидҳои мо доимо кушода ҳастанд. Ҳатто дар вақтҳои ғайри намоз дарҳои масҷид баста намешаванд. Конститутсия барои ҳар як шаҳрванд озодии дин ва ибодатро кафолат додааст.” Инчунин таъкид ба он намуд, ки дар хориҷ ба таълимоти ғайрирасмии динӣ фаро гирифта шудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ боиси нигаронии мо мебошад. Зеро яке аз омилҳои асосии ҷалб ва шомил шудани ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ таълими ғайрирасмии динӣ дар хориҷи кишвар ба шумор меравад.
Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ёдоварӣ аз ин ки дар Тоҷикистон Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам амал мекунад ва он факултаҳои зиёд дорад, аз шаҳрвандони тоҷик даъват ба амал овард, ки аз таҳсил дар мадрасаҳои ғайрирасмии кишварҳои дигар даст кашанд ва фарзандони худро дар муассисаҳои таълимии давлатии кишварамон таълим диҳанд.
Дар хотимаи мулоқот Раиси Шӯрои уламо дар баробари ёдоварӣ аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар инчунин доир ба мушкилоту хатарҳои мавҷуда, аз қабили бархе аз зуҳуроти номатлуби раванди ҷаҳонишавӣ, нуфузи гурӯҳҳои ифротиву ҷиноятпеша, сӯистифода гардидани дини мубини Ислом аз ҷониби бархе аз гурӯҳҳои ба ном “исломӣ” ибрози андеша намуда, ҳозиринро ба бедории сиёсӣ ва канорагирӣ аз фаъолиятҳои ҷинояткоронаи гурӯҳҳои зикршуда даъват намуд.
Муҳоҷирони тоҷик аз иқдому дастгириҳои Роҳбарияти олии кишвар, ки ба беҳбуд гаштани шароити кории онҳо равона гардидааст, изҳори сипос намуданд. Онҳо ба суолҳои сершумори худ доир ба масоили мухталиф посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд. Эҳсос мегардид, ки чунин вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони тоҷик зарур ва муфид мебошад ва зимнан, муҳоҷирони тоҷик низ хоҳиш намуданд, ки чунин мулоқотҳо ҳарчи бештар роҳандозӣ карда шавад.