ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ҶОНИШИНИ РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХЎРӢ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар асоси Нақшаи фаъолияти Ҳаракат барои соли 2025 рӯзи 12-уми март дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бо сокинону фаъолон дар мавзуи “Нақши занон дар таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа” вохӯрӣ баргузор шуд.
Дар ин вохўрӣ Сафаров Ҳайдар – Ҷонишини Раиси Маркази исломӣ иштирок ва дар мавзўи “Қадри зан-модар дар ҷомеа ва пешгирии хушунати оилавї”, аз нигоҳи шаръӣ суханронӣ намуданд.
Дар ин чорабинӣ таъкид карда шуд, ки Зан - Модар яке аз офаридаҳои пурарзиши Худои мутаъол аст. Модар, гавҳараки дида ва дурри гаронмоя, ки сабаби ба ҳаёт омадани фарзанд аст. Аз неъматҳои зоҳириву ботинӣ, моддиву маънавӣ фарзандро бархӯрдор ва комгор гардонидааст. Дар роҳи тарбияи фарзанд чӣ ранҷҳову заҳматҳо кашидааст. Аксари лаззатҳо ва неъматҳои дунёро ба хотири фарзандон тарк кардааст.
Дини мубини Ислом барои занон низ ҳуқуқи таҳсил, кор ва тиҷоратро додааст. Дар кишвари мо низ ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз ин хотир моро зарур аст, ки ба қадри заҳмати бонувону модаронамон бирасем ва нисбат ба онҳо ғамхор бошем
أخبار أخرى
РАФТИ ТАМОШОИ ИРОАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ИСЛОМӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУЛҚОДИРЗОДА, РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر


