Home News ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ҶОНИШИНИ РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХЎРӢ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ҶОНИШИНИ РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХЎРӢ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ҶОНИШИНИ РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХЎРӢ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
2025-03-13
2099

     Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар асоси Нақшаи фаъолияти Ҳаракат барои соли 2025 рӯзи 12-уми март дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бо сокинону фаъолон дар мавзуи “Нақши занон дар таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа” вохӯрӣ баргузор шуд.

         Дар ин вохўрӣ Сафаров Ҳайдар – Ҷонишини Раиси Маркази исломӣ иштирок ва дар мавзўи “Қадри зан-модар дар ҷомеа ва пешгирии хушунати оилавї”, аз нигоҳи шаръӣ суханронӣ намуданд.
         Дар ин чорабинӣ таъкид карда шуд, ки Зан - Модар яке аз офаридаҳои пурарзиши Худои мутаъол аст. Модар, гавҳараки дида ва дурри гаронмоя, ки сабаби ба ҳаёт омадани фарзанд аст. Аз неъматҳои зоҳириву ботинӣ, моддиву маънавӣ фарзандро бархӯрдор ва комгор гардонидааст. Дар роҳи тарбияи фарзанд чӣ ранҷҳову заҳматҳо кашидааст. Аксари лаззатҳо ва неъматҳои дунёро ба хотири фарзандон тарк кардааст.
         Дини мубини Ислом барои занон низ ҳуқуқи таҳсил, кор ва тиҷоратро додааст. Дар кишвари мо низ ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз ин хотир моро зарур аст, ки   ба қадри заҳмати бонувону модаронамон бирасем ва нисбат ба онҳо ғамхор бошем

Pray time in Dushanbe

30.05.2026

More
Fajr03:27
Zuhr12:40
Asr17:46
Maghrib19:52
Isha21:22
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

More