Асосӣ Хабарҳо ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ҶОНИШИНИ РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХЎРӢ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ҶОНИШИНИ РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХЎРӢ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ ҶОНИШИНИ РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХЎРӢ БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
2025-03-13
2098

          Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар асоси Нақшаи фаъолияти Ҳаракат барои соли 2025 рӯзи 12-уми март дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бо сокинону фаъолон дар мавзуи “Нақши занон дар таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа” вохӯрӣ баргузор шуд.

         Дар ин вохўрӣ Сафаров Ҳайдар – Ҷонишини Раиси Маркази исломӣ иштирок ва дар мавзўи “Қадри зан-модар дар ҷомеа ва пешгирии хушунати оилавї”, аз нигоҳи шаръӣ суханронӣ намуданд.
         Дар ин чорабинӣ таъкид карда шуд, ки Зан - Модар яке аз офаридаҳои пурарзиши Худои мутаъол аст. Модар, гавҳараки дида ва дурри гаронмоя, ки сабаби ба ҳаёт омадани фарзанд аст. Аз неъматҳои зоҳириву ботинӣ, моддиву маънавӣ фарзандро бархӯрдор ва комгор гардонидааст. Дар роҳи тарбияи фарзанд чӣ ранҷҳову заҳматҳо кашидааст. Аксари лаззатҳо ва неъматҳои дунёро ба хотири фарзандон тарк кардааст.
         Дини мубини Ислом барои занон низ ҳуқуқи таҳсил, кор ва тиҷоратро додааст. Дар кишвари мо низ ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз ин хотир моро зарур аст, ки   ба қадри заҳмати бонувону модаронамон бирасем ва нисбат ба онҳо ғамхор бошем

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:27
Пешин12:40
Аср17:46
Шом19:52
Хуфтан21:22
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Муфассалтар