الصفحة الرئيسية الأخبار Баёнияи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баёнияи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баёнияи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2015-04-27
5310

Ғалат дар муҳокима асоси гумроҳиву бадбахтист...

Ҷавоби мухтасар ба паёми шабакаи телевизионии байналмиллалӣ

«Висоли ҳақ»

Касе, ки бонги изтироб мезанад, ки зиндагии мардуми Тоҷикистон бадтару нохуштар аз даврони қабл аз истиқлол аст, ё мағзе хуфтаву бемор дорад ва ё ноҳақиқатбин аст. Иддае, ки қасдан муқобили маҷрои мўътадили ҳаёт мераванд ва мехоҳанд афкори оммаро бо хостҳои хеш тағйир бидиҳанд, сахт ғалат мекунанд. Абдуррауфи Фитрат дар боби “Вазоифи навъия”-и китоби бузургаш бо унвони “Раҳбари наҷот” чунин менависад: “Одамиён аз ҳазорҳо сол то ба ин тараф гоҳо бо тақозои эҳтиросоти ҳайвония ва гоҳо ба шумии ғалати муҳокимот робитаи умумияро бурида, бинои ухуввати башарияро вайрон намудаанд, дарё-дарё хуни бародарони худро дар хок мерезанд, ҷаҳон-ҷаҳон хонаи ҳамҷинсони худро вайрон менамоянд. Ва ҳанўз ҳам чунончи бояд, пушаймон нагардидааанд, балки ҳар рўз аз барои тахриби хонумони якдигар асбоби тозае ихтироъ намуда, башариятро ба сўи як таҳлукаи сахте мекашонанд. Сабаби ин ду чиз аст: ҳирс ва ғалати муҳокимот...”

Худи далели шакк овардан ба пешравии дину диндорӣ ва озодии дин дар Тоҷикистон аз ноогоҳии муалифи ин барнома дарак медиҳад. Кас дар ҳайрат мемонад, ки бо кадомин асос бе таҳқиқу далел ҳамин тавр шаккокона сухан нисбат ба як давлати ободу пешрафт гуфтан мумкин бошад.

Тайи солҳои охир ба хотири ба эътидол даровардани авзоъи иҷтимоиву фарҳангӣ ва ахлоқӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар мавриди дин ва расму оинҳо, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои муҳим андешида шуда, қонуну санадҳои ҳаётан муҳим ба тасвиб расиданд. Албатта, ин ҳама нишонаи ҷомеаи озод аст ва онро мо комилан ба ҳайси як падидаи муқаррарӣ қабул дорем, вале боиси таассуф аст, ки баъзе шаҳрвандони мамлакат ношукри аз тинҷию ободию оромии Тоҷикистон карда, бо мақсадҳои ноором кардани ҷомеа ва ғаразҳои шуми худ хабарҳои бардурўғе ба шабакаҳои телевизионии байналмилалӣ мерасонанд. Ин хабарҳои дасисаангезу бардурўғро иддае аз уламои кишварҳои хориҷӣ низ носанҷида нисбати дину диндории Тоҷикистон изҳори норозигӣ карда, нуқсону норасоиҳоеро ба сиёсати давлатӣ ва вазъи динии кишвари мо таҳмил карданд, ки дар асл ба воқеият наздикӣ надоранд.

Боиси таассуф аст, ки чунин иттилооти шикастаро душманони миллати тоҷик то ба чунин шабакаҳои телевизионӣ расонидаанд. Онҳое, ки ба чунин шабакаҳои телевизионӣ чунин иттилооти бардурўғе пешниҳод кардаанд, ба эътиқод ва имондории мардуми Тоҷикистон ва сиёсати он дар соҳаи дин тўҳмат ҳам задаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки мардуми Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба нокомӣ дучор гардида, дар натиҷаи изҳори андешаҳои ихтилофангез самараи талхи онро дар ҳаёт чашида буданд. Пас, бояд андеша ва тафаккури солимро ба кор барем, то дигарбора ба он бадбахтиҳову нокомиҳо гирифтор нашавем. Аз ин рў, тавре Пайғамбари гиромии ислом (с) дар як ҳадиси муборакашон мефармоянд: «Мўъмин аз як сўрох ду бор газида намешавад». Дар ғайри ин сурат, насли оянда ин хатои моро ҳаргиз намебахшад. Чун оид ба масъалае сухан гуфтан хоҳем, бояд перомуни он бияндешем ва нафъу зарари онро дар мизони хирад баркашем, то ки ба ҷомеа зиёне нарасонем. Дар иртибот ба ин нукта Абдулқодири Бедил бамаврид фармудааст:

Сухан санҷида гўй, то дўстро душман нагардонӣ,

Зи ҳарфи бетааммул ошно бегона мегардад.

Ё ба қавли Саъдии бузургвор: «Андеша кардан, ки чӣ гўям, беҳ аз пушаймонӣ хўрдан, ки чаро гуфтам». Ҳадафи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи тозаистиқлоли мо ҳамраъйӣ, ҳамфикрӣ, осудагӣ ва оромиши мардуми кишвар аст. Воқеан имрўз мардуми Тоҷикистон роҳи дурусти зиндагиро интихоб кардааст. Пас, биёед дастаҷамъона дар ободию пешравии ҷомеа саҳми муносиб гузошта, сулҳу суботу фазои ороми онро халалдор насозем. Ҳамчунин аз бародароне, ки дар шабакаҳои телевизионии байналмилалӣ баромад мекунанд ба муҳокимаи ғалат роҳ надиҳанд. Воқеан, аслиҳаи наҷоти мо дар ҳама давру замон ҳамоно ақлу хиради солим ва рафтори солеҳамон буду хоҳад монд.

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварии комил гуфта метавонад, ки дар байни кишварҳои мусулмоннишин шояд давлатеро натавон ёфт, ки дар он ислом бо чунин пешрафт тараққӣ ва нумўъ карда истода бошад ва мусулмонон тамоми ибодат ва маросимҳои динии худро дар як фазои орому осуда анҷом дода истода бошанд.

Инҷониб аз Шумо, роҳбарони барномаи телевизионии «Висоли ҳақ» бо арзи эҳтиром даъват ба амал меорам, ки ба Тоҷикистон бо дидаи ғаразноки дигарон нанигариста, балки боре ба Тоҷикистон лутфан ташриф фармоед, то ин ки вазъи имрўзаи онро бо чашмони худ бубинед ва роҷеъ ба рушди ислом ва тоату ибодати мардуми ин сарзамин дониши айналяқин ҳосил намоед.

Раёсати Шўрои уламои

Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон                

25.04.2015

 

أخبار أخرى

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.11.2024

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر