Home Articles АНДОЗА НИГАҲ ДОР, КИ АНДОЗА НАКУСТ…

АНДОЗА НИГАҲ ДОР, КИ АНДОЗА НАКУСТ…

АНДОЗА НИГАҲ ДОР, КИ АНДОЗА НАКУСТ…
2019-10-15
2140

Мегӯянд, ки дар ҳама кори дунё андоза омили муҳим аст. Ҳама гуна амалҳои дунёӣ аз рӯи андозаҳои муайян қадру қимат пайдо мекунанд, ҳамин ки аз андоза гузаштанд, ниҳоят беқадр мешаванд.

Дар урфи тоҷикии мо низ ба ҳамин масъала, яъне андозагирӣ ҳатто дар корҳои ниҳоят зарур, масалан, сухан дар ҷойи ҷамъиятӣ гуфтан, ваъз кардан, нишастан дар меҳмонӣ, риояи адаби муносибат бо хешу табор ва ҳамкорон ва ғайра, ки шуморашон зиёд аст, диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳатто муаллим, ки аз андоза зиёд сухан гӯяд, шогирдон гӯш нахоҳанд кард, ё аз меҳрубониҳои аз ҳад зиёди ӯ талабагон дарсгурез мешаванд.

Вақтҳои охир ба ном мухолифони ҷамъияту давлати Тоҷикистон, аз ҷумла созмони ба ном Паймони миллии Тоҷикистон ва бархе гурӯҳҳои наздик ба афкори онҳо, аз қабили гурӯҳи ихтилофкору ҷудоиандози «Гурӯҳи 24» ҳатто андозаи танқиду буҳтонбофиро риоя намекардагӣ шудаанд. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи бисёр диққатҷалбкунандаи «Садои мардум» гуфторҳое пахш карда истодаанд, ки саросар туҳмату лофу газоф аст.

Дар ин сухангӯиҳо на адаби суҳбат муроот мешавад, на аз ҳақиқат чизе эҳсос мешавад. Саропо танқиди Сарвари давлати Тоҷикистон ва мардуми шарифи он, ки гӯё ватани азизи мо ба дӯзах табдил ёфта бошад: ҳама ҷо таъқибу фишор, ҳама ҷо саркӯб шудани андешамандон, ҳама ҷо кулфату фоҷиа ва пур аз масъалаҳои ҳалношудаи иҷтимоӣ…

Ин сару садоҳо касро беихтиёр ба андешае меорад, ки мухолифони давлати Тоҷикистон на дониши казоӣ аз сиёсат доранду на онро омӯхтан мехоҳанд. Охир, дар сиёсат натанҳо масъалагузориҳо, балки нишон додани роҳи ҳалли онҳо ҳам ҳаст. Инро муколамаи конструктивӣ мегӯянд, ки мухолифони давлати Тоҷикистон аз он бӯе набурдаанд.

Корашон ҳамин аст, ки ин ё он масъалаи ҷузъиро ёфта, дар зеҳни мардум мехоҳанд онро бузург нишон дода, онҳоро ба сӯйи хеш ҷалб намоянд. Аммо ба вуҷуд овардани афкори ҷамъиятӣ кори осон нест: он донишу ҷаҳонбинӣ ва аз ҳама муҳим – донистани вазъияти дохилии  Тоҷикистонро тақозо мекунад, ки аз ин чизҳо ихтилофандозон огоҳии комил надоранд.

Бо ин гуна гуфтугузори примитивӣ то кай ба мақсаде мерасида бошанд? Ба андешаи мо, ҳеҷ вақт. Зеро бо сафсаттаву пургӯиҳо фикри ҷомеаро тағйир дода намешавад, баръакс, ҳисси нафрати мардумро ба худашон бедор мекунанд…

Маҳмуд Сангалиев,

мутахассиси Маркази исломии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More