Эҳтироми волидайн
Ду гавҳараки дилу дида ва дурри гаронмоя, ки сабаби ба ҳаёт омадани мо ва нашъунамои мо мегарданд, падару модар мебошанд. Онҳо аз неъматҳои зоҳириву ботинӣ, моддию маънавӣ моро бархӯрдор ва комгор гардондаанд. Дар роҳи тарбияи фарзанд ранҷҳову заҳматҳо кашидаанд. Аксари лаззат ва неъматҳои дунёро ба хотири фарзандон тарк кардаанд.
Ногуфта намонад, ки эҳтироми падару модар амри зарурӣ буда ва бояд шукронагузорӣ дар муқобили ин ду неъмати Худованд ва хизматҳои онҳо бояд кард. Агар шахсе, ки эҳтироми падару модари хешро надонад дар зиндагӣ ҳаргиз комёб нахоҳад гашт, ҳатто дар назди падару модар “уфф” гуфтан бадтарин гуноҳ аст, зеро Худованди мутаол дар Сураи «Исро», ояти 23 фармудааст: “Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигаре) - ро ибодат макунед; ва ба падару модар некӯкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳарду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо “уфф” магӯ ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некў бигў!”
Яке аз шоистатарин амале, ки ҳар як инсон бояд ба он диќќати ҷиддӣ диҳад, ҳаќќи падару модарро донистан аст. Дини мубини Ислом маќому манзалати падару модарро чунон баланд бардоштааст, ки инсоният то ба имрўз назири онро надидааст. Ин мартабаи азим баъд аз имон ба Худо ва тоату ибодати Зоти ягонааш меояд. Дар Ќуръони Карим оёти бешуморе вуҷуд дорад, ки хушнудии падару модарро дуруст баъд аз ризоят ва хушнудии Худованди Субҳон ќарор медиҳад ва ба ин тартиб бар фазилати некӣ ва эҳсон ба волидайн меафзояд. Чуноне ки Муҳаммад Иќболи Лоҳурӣ гуфтааст:
Аќл дар оѓози айёми шабоб,
Менаяндешад савобу носавоб.
Аз мизоҷи ман падар озурда гашт,
Лолазори чеҳрааш афсурда гашт.
Падару модар дар ранҷурии фарзанд ранҷуранд ва аз хурсандии фарзанди хеш меболанд. То ба камолот расидани фарзанд чи ранҷу машаќќатҳо мекашанд, ожангҳо дар чеҳраи зебои онҳо пайдо мешавад, ќомати сарвину алифсони онҳо камонсифат мегардад. Бахту саодати хешро нисори фарзандон месозанд, з-ин рў бар фарзандон воҷиб аст, ки волидайнро эҳтиром ва икром намоянд. Дар ҳадиси шариф омадааст:
Ривоят аст аз Абуҳурайра разия-л-лоҳу анҳу, ки гуфт: омад марде назди Расуллулоҳ алайҳи салом. Пас гуфт: кист, ки ҳуќуќи бештар дорад ба ҳусни сўҳбати ман? Паёмбар (с) фармуданд: Модарат. Боз он мард пурсид, баъд кӣ? Паёмбар фармуданд: Модарат. Боз он мард пурсид, баъд кӣ? Паёмбар фармуданд: Модарат. Боз он мард пурсид, баъд кӣ? Паёмбар (с) алайҳи-с-салом фармуданд: «Падарат». (саҳиҳ Бухорӣ 5626)
Аз ин гуфтаҳои Паёмбар (с) мебинем, ки модар бояд ҳамеша аз ҷониби фарзандон дар иҳотаи раҳму шафќат, ҳусни муошират, меҳру муҳаббат, иззату икром ќарор дошта бошад. Падар ҳам чунин аст, аммо модарро таъкид кардани Паёмбар (с) беҳикмат нест, зеро зан нисбат ба мард бисёр заиф аст. Ба дунё овардани тифл аз ҳамлу таваллуд шир додан, ҳама бар дўши ўст ва аз ин рў фарзанд бояд шафќатро ба нисбати ў бештар кунад.
Инчунин дар ҳадис омадааст, ки марде гуфт: Ё расулаллоҳ, барои кадом кас некўӣ кунам? Расулуллоҳ (с) фармуд: Барои Модарат. Он мард айнан суолро се бор такрор намуд ва Паёмбар (с) дар ҳар бор мегуфт: Барои Модарат ва дар мартабаи чаҳорум фармуд: накўӣ кун барои Падарат ва баъд аз падар барои хешовандони наздиктар. Чуноне ки Муҳаммад Иќболи Лоҳурӣ гуфтааст:
Бар падар ин ҷаври нозебо макун,
Пеши Мавло бандаро расво макун.
Ѓунчае аз шохсори Мустафо,
Гул шав аз боди баҳори Мустафо.
Эҳсон ба волидайн ва саъй кардан дар ҳоҷати эшон мебошад. ҳоҷати эшон аз кадом ҷиҳате набошад, онро бароварда бояд сохт. Одами боаќлу бофаҳм ҳеҷ ваќт аз эҳтирому хизмати падару модар дур намешавад, ҳама ваќт аз насиҳатҳои онҳо сарфароз мегардад. Аз ин рў шукронаи Худованди меҳрубонро бисёр бояд кард. Вагарна ин неъмат ҳам рўзе аз даст меравад. Чуноне, ки ҷалолиддини Балхӣ гуфтааст:
Шукр гўйӣ, неъматат афзун шавад,
В-ар нагўйӣ, аз кафат берун шавад.