Home Articles САВОБИ ДАСТГИРИИ ЭҲТИЁҶМАНДОН ВА ЯТИМОН ДАР ИСЛОМ

САВОБИ ДАСТГИРИИ ЭҲТИЁҶМАНДОН ВА ЯТИМОН ДАР ИСЛОМ

САВОБИ ДАСТГИРИИ ЭҲТИЁҶМАНДОН  ВА ЯТИМОН ДАР ИСЛОМ
2020-02-28
3105

Ҳама рўз рўза будан, ҳама шаб намоз хондан,

Шаби ҷумъаҳо нахуфтан, ба Худой роз гуфтан,

Зи Мадина то ба Каъба сару по бараҳна рафтан,

Ду лаб аз барои лаббайк ба вазифа боз кардан,

Ба Худо, ки ҳеҷ якеро самар он қадар набошад,

Ки ба рўи ноумеде дари баста боз кардан.

 Ҳаким Саноӣ

Ҳамду сано Худовандеро, ки Паёмбари худро барои ҳидояти мардум мабъус гардонид. Дуруду салом ва баракоти бепоён ба Пайгамбар (с) ва хонадону ёронаш.

 Кори некў кунед, то растагор шавед. (Ҳаҷ: 77)

Асоси тавсияҳо ва бештарин аҳком ва ибодатро дини мубини Ислом ба сохтани фарди солим, иззату эҳтиром, накўкорӣ, тақвияти равобити байни инсонҳо ва тарбияи дурусти ҳар як аъзои ҷомеа равона менамояд. Пас барои бунёди ҷомеаи солим ва пиёда намудани меҳру муҳаббат байни аъзоёни он, тарбияи афроди солим зарурат дорад.

Инсон дорои қувваи эҷодӣ буда, моҳиятан тарафдори хайр ва зидди бадӣ мебошад ва ба сохти иҷтимоӣ, инкишофи ҷамъият ба тарзи фаъол таъсир мерасонад ва хушбахтии худро ҳамон вақт эҳсос мекунад, ки бо одамони дигар муттаҳид буда, робитаҳои иқтисодию маънавӣ дошта бошад.

Худованд мўъминонро дар бисёр оятҳои қуръонӣ барои кори нек ва хайру саховат намудан ба ятимону бечорагон амр менамояд. Дар сураи «Бақара» ояи 215 мефармояд:

 «Мепурсанд туро (эй Муҳаммад (с)) аз кадом навъ мол эҳсону харҷ кунанд. Бигў он молеро харҷ кардед, пас (даставвал) ба модару падар, хешовандон, ятимону дарвешон ва мусофиронро ва он чиро хайру эҳсон кунед, Худо ба он доност».

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳама давру замон ва макон чунин табақаҳои камбизоат - ятимону барҷомондагон, фақирону заъифон ва мўҳтоҷон вуҷуд доранд. Дини Ислом ҳамеша инсонро барои накўкорӣ ва дастгирӣ намудани чунин ашхос амр менамояд, то ин ки дар ҳарду дунё хушбахт гардад. Худованд мефармояд:

«Дар некўкорӣ ва тақво бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунед» (Сураи «Моида», ояи 2).

Чи тавре ки аз мафҳуми ин оятҳо бармеояд, Худованд инсонро барои кўмак, хайру саховат ва эҳсон кардан ба шахсони эҳтиёҷманд амр менамояд. Ҳар шахси мусалмон бояд тибқи фармудаи Худованд ва Расулаш амал намуда, барои дастгирӣ намудан аз бенавоёну бечорагон кўшиш намояд. Ҳама гуна хайру саховате, ки аз ҷониби инсон иҷро мегардад, агар дар ҳамон ҷое, ки шариат фармудааст анҷом наёбад, онро Худованд қабул нахоҳад кард. Мусалмонон ба ҳамдигар ёру бародаранд. Бояд дар ҳама ҳолат аз аҳволи ҳамдигар бохабар бошанд ва кўмаки худро барои якдигар дареғ надоранд. Корҳои нек ва ба мўҳтоҷон эҳсон кардан дар оятҳои карима низ омадааст. Дар сураи «Ҳуд», ояти 114 фармудааст:

 «Ба дурустӣ корҳои накў корҳои бадро аз байн мебаранд».

Агар мо назар ба таърих ва ҳаёти Паёмбари Худо андозем, мебинем, ки ў ҳамеша ятимон ва бечорагонро дўст медоштанд ва сарҳои онҳоро сила намуда меҳрубонӣ менамуданд. Чунончи дар ҳадисе мефармоянд: «Кафил ва ё шахсе, ки ятимонро дастгирӣ менамояд, фардо рўзи қиёмат бо ман якҷоя мебошад», дар ҳоле ки бо ду ангушти худ ишора мекарданд.

Ҳамчунин аз Абўдардо (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: «Оё дўст медорӣ, ки дилат нарм шуда, ҳоҷататро раво гардонӣ? Пас, раҳму шафқат бар ятимон куну сари онҳоро сила кун ва бо таъомат онҳоро сер намо. Дилат нарму ҳоҷатат раво мегардад».

Худованд дар баробари неъматҳое, ки ба мо ато намудааст масъулиятҳоеро ҳам бар дўши мо ниҳодааст ва мусулмони ҳақиқӣ касе аст, ки масъулиятҳои муайяннамудаи Парвардигорро иҷро намояд. Маълум аст, ки ҳар неъмате ба таври худаш масъулият дорад ва неъмати сарватмандию дороӣ низ масъулияти хоси худро дорад. Масъулияти як шахси сарватманд пардохт намудани он уҳдадориҳои пулию молие аст, ки дар шариат муқаррар гардидааст ва ҳамчунин таваҷҷуҳ доштан ба аҳволи атрофиёни худ аст, ки нисбатан фақиру эҳтиёҷманд ҳастанд.

Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (с) фармуд: «Касе, ки мушкиле аз мушкилоти дунявии муъминеро бикушояд, Худованд мушкиле аз мушкилоти рўзи қиёмати ўро мекушояд. Ва касе, ки бо тангдасте саҳлгирӣ кунад, Худованд дар дунё ва қиёмат бо ў саҳлгирӣ мекунад ва касе, ки айби мусулмонеро бипўшад, Худованд дар дунё ва охират айби ўро мепўшад ва Худованд дар садади кўмаки банда аст, то лаҳзае, ки банда дар садади кўмак бо бародараш бошад».

Умедворем, ки мардуми шарифи тоҷик баҳри оромӣ, амният ва пешравии Ватани азизамон саҳмгузор буда, барои дастгирӣ намудани ятимону эҳтиёҷмандон камари ҳиммат мебанданд.

Pray time in Dushanbe

26.11.2024

More
Fajr05:41
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More