“ДИЛСӮЗӢ” Ё НАЙРАНГҲОИ НАВБАТИИ НАҲЗАТӢ
Муҳиддин Кабирӣ, саркардаи ташкилоти террористии наҳзати исломӣ, ки барои ӯ Ватан-модар, садоқат ба Ватан, хизмат ба мардум ва миллат ягон арзише надорад, имрӯз тариқи як навори видеоӣ ба мардуми тоҷик ва ҳукумату давлат муроҷиат намуда, барои пешгирӣ аз коронавирус панду насиҳат намуд ва худнамоӣ дорад. Ин “олим”-и бегонапараст, ки чандин ниқоб дорад, имрӯз ниқоби ғамхору мушфиқро ба рӯй кашидааст. Шаҳрвандони закии мо бояд дарк намуда бошанд, ки саркардаи террористон кадом вақту соат ба майдон мебарояд. Яъне то ягон ҳоидсаи хуб ё баде дар Тоҷикистон нашавад. Маротибаи дигар ӯ пас аз интихоботи 1-уми март ва қабл аз ин бошад пеш аз баргузории ин чорабинии сиёсӣ дар саҳифаҳои фазои маҷозӣ пайдо шуда буд. Ду баромади пешини ӯ дар бораи интихобот буданд. Дар яке мардумро даъват ба амал овард, ки ба ҳизби сотсиал-демокаратҳо овоз диҳанд ва дигар он буд, ки ӯ натиҷаи интихоботро напазируфт, ҳукуматро бадном кард ва нисбат ба роҳбарияти давлат бадгӯӣ намуд. Имрӯз бошад ӯ дар ниқоби ғамхори миллату давлат баромад намуда, мардумфиребӣ дорад. Ӯ гумон дорад, ки танҳо ӯ доност ва танҳо ӯ роҳҳои ҳалли мушкилиро медонаду халос.
Аз тарафи дигар, агар Кабирӣ оқилу доно ва таҳлилгари хуб бошад ва маслиҳатҳои ӯ муфид бошанд, пас барои чӣ то имрӯз коре накард, ки ҳадди аққал ҳизбашро ҳифз намояд. Аъзоёнаш зиндонӣ нашавад ва ё тарки Ватан накунанд. Онҳо дигар илоҷе наёфта даст ба ошуби бемаънӣ заданд. Тамоми аъзоёни ӯ, ки дар ин ошуб иштирок доштанд, боздошт шуданд ё тарки Ватан намуданд. Худи Кабирӣ бошад, қабл аз ин ошуб Тоҷикистонро тарк гуфт. Магар чунин инсон метавонад боз каси дигарро насиҳатгӯ бошад. Пешниҳодҳои хуб додааст ва маълум аст, ки ба ӯ кӯмак кардаанд. Аммо ин на ба хотири пешгирии коронавирус, балки барои ноором намудани вазъият, норозӣ намудани халқ ва дар кишвар ба миён овардани нобоварии халқ аз Ҳукумат мебошад. Пас аз ин баромад навбат ба навкарони наҳзатӣ мерасад, ки онҳо гуфтаҳои саркардаашонро тақвият дода аз ӯ қаҳрамон метарошанд. Акнун Кабирӣ мунтазири ҳодиса ва воқеаи навбатӣ дар Тоҷикистон мебошад. Мо дуо мекунем, ки ягон ҳодиса ва воқеаи нохӯше дар Ватани азизамон рух надиҳад ва ҳаминтариқ Кабирӣ бо навкарони худ ноумеду маъюс қарор бимонанд.
Абдусаттор Икромов,
ходими дин