МАВЛУДИ ПУРСАОДАТ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Инак боз моҳи мавлуд фаро мерасад, он моҳе, ки дар он Худои Маннон барои бандагони худ бо раҳмати фарогири худ Паёмбари гиромиқадрашро мабъус фармуд. Зиёда аз чаҳордаҳ қарн мешавад аз он мавлуди бобаракат, ки ба башарият роҳи саодат ва расидан ба ҳадафҳои волои инсониро талқин менамояд. Он Паёмбаре, ки ҷомеаи ҷоҳили замони худро аз гирдоби фасоду фуҷур берун оварда, барояш ва барои ояндагонашон роҳе намуд, ки бо иҷрои дастуроташ ба саодати дорайн даст ёфтанд ва хоҳанд ёфт. Он паёмовари раҳмат, он раҳмати оламиён ва он муаллими мактабнадидае, ки тамомии муаллимони мунсиф сарчашмаи илми худро ба таълимоти Ӯ рабт медиҳанд. Он ҳабиби қалбҳо, ки умри азизи худро сарфи роҳёбии уммати исломӣ намуда аз он заррае таассуф накарда ва заррае эҳсоси хастагӣ нанамудааст. Он Паёмбаре, ки барои фарзандон на симу заре, на молу маноле ба мерос нагузоштааст, магар илму адаб. Он Расуле, ки бар уммат аз падару модар мушфиқтар буда, то ҷое, ки ҳатто вақти марг андӯҳи умматро дар қалб дошт ва нигарони он буда, ки баъди Ӯ уммати Ӯ чи ҳоле хоҳанд дошт.
Дар китоби “Маслакул-муттақин” дар бораи шафқату дилсӯзии Расули акрам (с) нисбати умматаш ин ривоят омадааст:
Фахри олам шафеъи рӯзи ҳисоб,
Баҳри мову ту рафтаанд кабоб.
Бинти Бӯбакр, зубдаи азвоҷ,
Ҳамдами моҳи лайлатул-меъроҷ.
Гуфт: Пушти Ҳабиби Ҳаййи Вадуд,
Охирин вақт дар канорам буд.
Ҷисми поки вай аз таҳаррук монд,
Лек лабҳои лаъл меҷунбонд.
Бо вуҷуде ки сахт шуд дардам,
Гӯши худро ба лаъли ӯ кардам.
Он рисолатпаноҳи ҷаннат хуфт,
“Умматӣ ё Раб, умматӣ” мегуфт.
Ӯ бикард инчунин васийятҳо,
Умматонанд дар чӣ нийятҳо.
Зиёда аз чаҳордаҳ қарн аст, ки башарият дар рӯшноии таълимоти пурбаракаташ роҳёб ба хайру эҳсон гаштааст. Худованд вуҷуди пурхайрашро аз миёни қавме берун овард, ки шаробнӯшию қиморбозӣ ва ғорату куштор шуғли рӯзмараашон буда, зиндабагӯр намудани духтарони навзодашон боиси ифтихор буд. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам то замони биъсати худ миёни ин қавми ваҳшӣ аз эҳтироми хоссае бархӯрдор будаанд, агарчи ҳамкеши ишон набуданд, яъне ҳаргиз бутеро напарастида буданд. Ончунон ахлоқи писандидае доштанд, ки ҳаргиз бо касе даргир нашуда ва ҳаргиз гиребони касеро нагирифта буданд. Бо баҳсҳои ноҷову дилгиркунанда ҳамроҳ намешуданд ва ҳаргиз дилеро намеранҷониданд. Ба амонати касе хиёнат намекарданд ва ҳаргиз касе аз забони муборакаш сухане ба ҷуз хайру ростӣ нашунида буд.
Ҳамин хисоли накӯ боиси ин гашт, ки он қавми дур аз шарофат барояш эҳтиром қоил гарданд ва Муҳаммадаминаш хонанд. Ҳамин хисоли накӯ боиси он гашт, ки бо аввалин даъват ёрони покбозе чун Абӯбакру Алӣ ва Усмону сипас далери қавм Умар ва гурӯҳе дигар ҷонфидоён ба динаш бигараванд ва даъваташро ба гӯши ҷон бишнаванду бо дилу ҷон лаббайк гӯянд, то он ҷое, ки дар ин роҳ аз фидои ҷону мол дареғ надоранд.
Замоне ки мабъус шуд ва даъвати яктопарастӣ намуд, аксари хешону ҳамнишинон аз даъваташ изҳори нафрат намуданд ва аз иҳонату озор кор гирифтанд вале аз даъваташ даст накашид ва иродаи худро аз даст надод. Кор то он ҷое расид, ки аз ҳудуди Макка бо ҷумлаи мусалмонони атрофаш табъид шуд ва ба сахтиҳо рӯ ба рӯ шуд, вале бо имони комил, бо нерӯи бештар бо забоне бурротар ба даъват пардохт. Ҳар боре сарони мушрикин бар зидди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам нақшае мекашиданд, он нақша дар баробари виқору таҳаммулпазирияш бар бод мерафт ва мушрикин маҷбур мешуданд, то бори дигар ҷамъ оянду нақшае дигар тарҳрезӣ намоянд. Ҳатто аз озору таҳқир хаста шуданд, вале Ҳабиби Худо аз даъват хаста нашуданд.
Билохира руасои Қурайш то он ҷое оҷиз омаданд, ки назди амакашон Абӯтолиб омаданд ва пешниҳоди молу сарват ва зану раёсатро намуданд, то бародарзодааш ҳар чи аз инҳоро мехоҳад, барояш муҳайё намоянд, то ки аз даъвати худ боз ояд, вале бо шунидани ҷавоби қотеъ ноумед гаштанд Кор то ҷое расид, ки нақшаи қатлашро тарҳрезӣ намуданд ва Худованд иҷозаи ҳиҷратро барои Паёмбараш ирсол намуд.
Замоне ки вориди Мадинаи мунаввара шуд, Худованд бо фазлу карами бепоёни худ родмардонеро дар атрофи ин шамъи ҳидоят парвона сохт ва ҷоннисориҳои эшонро сабаби ҷаҳонгир шудани дини мубинаш намуд. Дар ин ватани дувумӣ даъват ошкоро сурат гирифт ва оҳиста-оҳиста дини мубини Ислом вусъат ёфт. То ҷое, ки мушрикин аз вусъаташ нигарон шуданд ва борҳо ба муқобала бархостанд, вале ҳар дафъа ноком шуданду талафотҳои ҷониву молӣ диданд. Пас аз ин ҳама машаққатҳо Худованд барои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва мусалмонон фатҳеро, ки барояшон ваъда намуда буд, арзонӣ дошт.
Ҳилми он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам то он андозае буд, ки вақти фатҳи Макка замоне, ки ҳамчун фотеҳ вориди ватани азизаш мешуд, сари муборакаш то он андозае хам буд, ки наздик буд ба қоши зин бирасад. Ҳангоми фатҳи Макка он мушрикине, ки барояш анвои озору азиятҳои гуногунро раво доштанд, ҳамагӣ дар асораташ даромаданд, вале на ин ки озоре барояшон раво надошт, балки ҳамаро озод эълон намуд ва аз касе бо вуҷуди қудрат ва тасаллути комил қасосе наситонид. Ҳатто қотили амак ва бародари ширхорааш Ҳамза, яъне найзаандози ҳабашӣ Ваҳширо, ки дар ҷанги Уҳуд амакашро ба таври гӯшношунид кушта буд, афв намуд ва исломашро пазируфт. Инчунин фармоишгар ва тарроҳи ин қатли бераҳмона Ҳинд ҳамсари Абӯсуфёнро низ афв намуд ва исломашро пазируфт. Чун таърихнигорони мунсиф ин нуктаро ёдовар мешаванд, арза медоранд, ки ҷаҳон ин гуна шафқату афву гузаштро ёд надорад.
Ҳангоме ки дар Мадинаи мунаввара сукунат ихтиёр намуданд, бо муқоталаҳое рӯ ба рӯ омаданд, ки аз ҷониби душманон тарҳрезӣ мешуданд. Басо авқот ғолиб меомаданд ва ғаниматҳое зиёд ва амволе ҳангуфт дар ихтиёрашон дармеомад, ки кулли онро ба бенавоён тақсим менамуданд, вале барои худ ва зиндагии худ чизе аз онҳоро сарф наменамуданд. Дар замони ҳаёти он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам минтақаҳои зиёде дар ихтиёри мусалмонон даромад ва хазинаҳо пур аз молу дороии он замон буд, вале барои худ қасру тафреҳгоҳе бунёд накарданд ва зиндагӣ дар канори масҷидро ихтиёр намуданд. Ҳамсароне дар ихтиёр доштанд, ки боре ҳам аз яке аз эшон ривояте ба даст наёмада, ки бо хушунате рӯ ба рӯ шуда бошанд, ҳол он ки аксари мардон бо як ҳамсар наметавонанд забон ёбанд ва зиндагии шоистае ба сар баранд. Ёрони содиқе атрофашонро печида буданд ва хизматашонро шараф медонистанд, вале боре ҳам онҳоро коре намефармуданд. Чунончи аз Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки фармуд: “Даҳ сол хидмати Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва салламро намудам, дар ин муддат ҳаргиз бароям “уф” нагуфт, барои коре, ки анҷом додам, ба ман нагуфт, ки “чаро ин корро анҷом додӣ?” ва барои коре, ки анҷом надода будам, боре ҳам ба ман нагуфт, ки “чаро чунин накардӣ?”. (Муттафақун алайҳ)
Дар бораи хулқи писандидаи он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳар андоза сухан гӯем, қалам оҷиз хоҳад омад, вале авсофи писандидаашон бениҳоят зиёд ва холӣ аз муболиға аст. Худованд дар Қуръони карими худ Паёмбараш (с)-ро инчунин васф намудааст:
“Ва ҳамоно (эй Муҳаммад) ту соҳиби хулқи азимӣ”. (Сураи “Қалам”, ояти 4)
Аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки фармуд: “Ҳеҷ вақт надидам, ки Расули Худо (с) дар хандидан муболаға карда бошанд, тавре ки гӯштпораи (чочаки) даҳонашон дида шавад, балки он Ҳазрат (с) табассум мекарданд”. (Муттафақун алайҳ)
Ҳамин хушхулқии Расулуллоҳ буд, ки касоне, ки дар суҳбаташон менишастанд, ба баракати ҳамсуҳбатии эшон ва ахлоқи накӯяшон майл ба дини Ислом менамуданд, яъне касоне, ки соҳибдил ва соҳибфаросат буданд, ба хубӣ дарк мекарданд, ки аз ин забони хушгуфтор ҳеҷ гоҳ иддиои бардурӯғ бурун нахоҳад омад.
Ҷаҳон ёд надорад, ки равияе ё дине ба ин ҳад умри дароз бинад, ки дини Ислому китоби Қуръон ва номи абадзиндаи Паёмовари он дидааст ва иншоаллоҳ хоҳад дид. Ривоят аст, ки Баҳманёр, ки яке аз шогирдони Абӯалӣ ибни Сино буд, ба вай пешниҳод мекард, ки агар ӯ бо он ҳама илму шуҳрат иддиои паёмбарӣ кунад, ҳама ба ӯ хоҳанд гаравид. Ибни Сино ба ҳангоми азони субҳ ӯро садо кард ва аз ӯ тақозо намуд, ки барояш қадре об биёварад, вале ӯ бо баҳонаи шиддати сармо ва ғалабаи хоб ҳозир нашуд, то барои устоди худ об биёварад. Абӯалӣ аз Баҳманёр хоҳиш намуд, ки ба садои азони субҳ гӯш фаро диҳад. Ҳамин ки садои муаззин нидои “Ашҳаду анна Муҳаммадар Расулуллоҳ” баланд шуд, рӯ ба шогирдаш кард ва фармуд: Бубин нуфузи каломи Муҳаммадро саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки ҳатто қарнҳо пас аз реҳлаташ дар ин сармои сахт муаззин дар болои гулдаста рафта ва ба рисолати вай шаҳодат медиҳад, вале ман шахсан аз ту тақозои ҷуръае об кардам ва ту дар ҳузури ман сабаб пеш овардӣ ва нахостӣ, то як лаҳза ҳам ки бошад, барои ман аз хоби худ бигзарӣ.
Хулоса ҳар соҳиби басират агар ба зиндагӣ ва кору рафтори он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва саллам ошно гардад, дархоҳад ёфт, ки муқтадое беҳтар аз Ӯ нахоҳад ёфт.
Мапиндор Саъдӣ, ки роҳи сафо,
Тавон рафт, ҷуз дар пайи Мустафо.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Сардори Раёсати фатвои МИҶТ