НИҲОЛШИНОНӢ ВА ФАЗИЛАТИ ОН
Дарахт яке аз зеботарин ва шигифтангезтарин мазоҳири хилқат аст. Ҷилваи гӯё аз таҷаллии Офаридгор. Зебоии дарахт на танҳо дар нигоҳи одамӣ, балки дар манзари Офаридгори ҷаҳон низ ба некӣ омадааст. Дарахт на танҳо аломати ободӣ ва мазҳари ҳаёту зиндагист, балки сабаби зебоии рўҳиву боигарии муҳит, фазо ва ҳавост.
Дарахтон сабаби тавлиди оксиген дар замин ҳастанд. Ҳама медонем, ки дарахтон аз як сӯ бо ҷазби газҳои заҳролуд аз ҷумла диоксиди карбон ва аз сӯи дигар тавлиди оксиген яке аз асоситарин ниёзҳои ҳаёти инсону ҳайвон ва ҳатто баъзе аз гиёҳон ҳастанд ва аз ин тариқ боиси давоми ҳаёти инсон ва саломатии ў мешаванд.
Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) нақл кардааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудааст:
«Ҳар мусалмоне дарахте нишонад ва инсон, ҳайвон ё паррандае аз мевааш бихўрад, ё аз он дуздӣ шавад, барои соҳибаш садақае хоҳад буд».
Ин ҳадис баёнгари аҳаммият ва фазилати ниҳолкорӣ ва кишоварзист ва нишон медиҳад, ки манофеи динӣ ва дунявии фаровоне дар ин кори арзишманд вуҷуд дорад.
Барои арзиши дунявии он ҳамин бас аст, ки кори тавлидӣ ба шумор меояд ва арзиши он аз муомилот ва доду ситадҳои молӣ бештар аст, зеро зироату боғбонӣ, ҳам барои кишоварз муфид аст ва ҳам барои ҷомеа. Яъне ҳамаи инсонҳо аз он фоида мебаранд ва ин чархаи тавлидро фаъол мекунад ва боиси рушди ҷомеа ва хайру баракат мегардад. Бар хилофи дирҳаму диноре, ки дар сандуқҳо захира мешавад ва камтар касе аз он суду фоида мебарад.
Аммо манофеи динии кишоварзӣ, агар гунҷишк, кабўтар, мурғ ё ҳар паррандаи дигаре як дона аз маҳсулоти кишоварзӣ бихўрад, ин барои кишоварз як садақа маҳсуб мешавад. Фарқе намекунад, ки кишоварз инро бихоҳад ё нахоҳад, дар ҳар сурат савоби як садақа ба ӯ мерасад. Аҷибтар ин ки ҳар чи аз маҳсулоташ дуздӣ шавад, ин ҳам барои ӯ садақа ба шумор меояд, зеро кишоварз розӣ нест, ки чизе аз маҳсулоташро бидузданд ва агар дуздро бишиносад, мумкин аст ба додгоҳ шикоят кунад. Бо ин ҳол ба иловаи сирқате, ки аз маҳсулоти кишоварзиаш мешавад, подоши садақа ба ӯ мерасад ва Худованди бузург подоши онро то рӯзи қиёмат барояш сабт мекунад.
Ҳамчунин зироате, ки инсон ба самар мерасонад ва ҷонварон, кирмҳо ва ҳашарот аз он мехӯранд, барои соҳибаш садақа маҳсуб мешавад. Аз ин рў, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ин ҳадис ба кишоварзӣ ташвиқ намудааст, зеро зироат ва боғбонӣ, манофеи динї ва дунявии фаровон дорад.
Ашўрзода Абдуқуддус,
сархатиби масҷиди ҷомеи
марказии н. Шамсиддин Шоҳин