Home Articles ОФАТИ ЗАБОН

ОФАТИ ЗАБОН

ОФАТИ ЗАБОН
2021-04-22
2163

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

      Ҳамду сано Худовандро, салавоту салому баракоти Худованд бод бар Расулу тамоми хонадон ва ёронаш.

       Дар ин навишта мехоҳем дар бораи ду хислати бад ва ду одати носазое сухан гўем, ки бисёре аз мардум ба он мубталоянд ва ҳатто онро ночиз мешуморанд, вале дар назди Худованд он ду басо гуноҳи бузург аст. Кор то ҷое расидааст, ки мардум бо ин ду хислат кори худро оғоз мекунанд ва маҳфилу нишастҳои худро бо он гарм мекунанд. Ин дарди вазнин ва ин бало ба мардум монанди гург ба гўсфандон ҳуҷум мекунад, балки метавон гуфт, аз гург ҳам бадтар ва он ду хислати зишт ғайбат ва суханчинист. Қуръони карим аз ин ду барҳазар дошта ва ба муртакиби ин ду сазои сахтеро ваъда додааст. Дари дилро боз кун, чашмонатро бикушо ва оятҳои қуръонию аҳодиси Паёмбар (с)-ро бодиққат бишунав.

         Худованд мефармояд: «Ва шумо ҳамдигарро ғайбат накунед. Оё ягон нафари шумо ҳаст, ки бихоҳад гўшти бародари худро дар ҳоли мурда буданаш бихўрад ва шумо ин корро бад мебинед» (сураи «Ҳуҷурот», ояти 12). Боз Худованд мефармояд: «Вой ба ҳоли ҳар масхаракуни айбҷў». (сураи «Ҳумаза», ояти 1). Ҷои дигар Худованд дар васфи яке аз кофирон мефармояд: «Масхаракунандаи суханчин» (сураи «Қалам», ояти 11).

         Паёмбари бузургамон Муҳаммади Мустафо (с), он насиҳатгари бузург ва роҳнамои содиқ уммати худро аз ин ду хислати нописандида ҳушдор дода ва барҳазар доштааст. Ҳамин қадараш барои ту кофист, ки Паёмбар (с) ғайбатро дар қатори таҷовуз ба хуну молу номуси инсон зикр кардааст. Он Ҳазрат (с) дар хутбаи машҳури худ дар Ҳаҷҷатулвадоъ чунин фармуданд: «Хунҳо, молҳо ва обрўи шумо ҳаром аст, ба монанди ҳурмати ҳамин рўз, дар ҳамин моҳ ва дар ҳамин шаҳри ҳаром. Оё ман ин хабарро расондам?» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим). Вақте хун ва моли мусалмон ҳурмат дошта бошад, бояд дониста бошем, ки обрўи ў низ ҳурмати зиёде дорад.

        Эй касе, ки шабу рўз ва шому саҳар аз Худованд талаб мекунӣ, то аз азоби қабр раҳоят кунад! Оё медонӣ, ки яке аз сабабҳои асосии азоби қабр ғайбат ва суханчинист? Дар Саҳеҳайн дар ҳадиси Ибни Аббос омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз назди ду қабре гузаштанд ва фармуданд: «Ин дуро азоб медиҳанд, вале азобашон дар гуноҳи кабира нест».  Дар ривояти Бухорӣ омадааст: «Бале, он гуноҳи бузург аст. Якеи он суханчинист, дигараш он аст, ки аз пешоб худро пок намекард». Маънои қавли Паёмбар (с), азобашон ба гуноҳи кабира нест, он аст, ки он ду нафар онро кабира намеҳисобиданд. Дар ҳадиси шариф суханчиниро сабаби азоби  қабр гуфтааст. Дар аҳодиси зиёде ишора ба он шудааст, ки ин ду сабабгори асосии азоби гўр аст. Худованд мову шумо ва дигар мусалмононро аз он нигоҳ дорад.

        Он касоне, ки даст ба обрўи дигарон мезананд ва пайи ошкор намудани айби онҳо мегарданд, дониста бошанд, ки Худованд бар сари онҳо азобро дар ҳамин дунё меорад ва расвоиро дар хонадони худ мебинанд. Баро ибни Озиб (р) мегўяд: Боре Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба мо хутбае хонданд, ки занон дар хона ҳам мешуниданд ва ў мегуфт: «Эй касоне, ки ба забон имон оварда, ҳанўз дилҳоятон имонро қабул надорад! Мусалмононро ғайбат накунед ва айбҳои ононро пайгирӣ нанамоед. Зеро ҳар ки дар пайи айбҳои бародараш шавад, Худованд дар паи айбҳои ў хоҳад шуд ва ҳар кӣ Худованд дар пайи айбҳояш шавад, дар даруни хонааш расво мекунад». (Ривояти Тирмизӣ).

         Вақте аз дидани чизи ифлос худдорӣ мекунӣ ва аз бўи бад нафрат дорӣ, бояд даст аз зарар расонидани мусалмонон бардорӣ ва гўшти худмурдаи онҳоро нахўрӣ, зеро резондани обрўи онҳо ва хўрдани гўшти онҳо як аст. Пас худ қазоват кун, ки чӣ кор карда истодаӣ ва албатта ин ояти Худовандро ба ёд ор, ки мефармояд:

        «Оё ягон нафари шумо ҳаст, ки хоҳад гўшти бародари худро дар ҳоли мурда буданаш бихўрад ва шумо ин корро бад мебинед» (сураи «Ҳуҷурот», ояти 12).

        Ин кор вазнин асту гирифторӣ ниҳоят бузург ва обрўи мусалмононро резонидан балост. Шояд ин кор аз он сар занад, ки мардум дар бораи ғайбат чизе надонанд. Шояд баъзе мардум чунин гумон кунанд, ки агар дар бораи бародари мўъмин ҳақиқатро гўем, ин ғайбат набошад. Шояд онҳо гумон кунанд, ки ғайбат гуфта, чизеро берун аз ҳақиқат ривоят кардан бошад. Акнун биёед, бингарем, то Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам чӣ гуна ин ҳақиқатро равшан мекунад. Ў мефармоянд: «Оё шумо медонед, ғайбат чист?» Мардум гуфтанд: Худо ва Расулаш донотар аст. Фармуданд: «Дар бораи бародарат чизе гуфтан аст, ки ў бад бинад». Касе пурсид: Дар ин чӣ мегўӣ, агар ман дар бораи ў ҳақиқатро гўям. Фармуданд: «Агар он чӣ дар борааш мегўӣ, ҳақиқат бошад, ғайбат аст ва агар он чӣ мегўӣ, ҳақиқат набошад, онро тўҳмат мегўянд». (Ривояти Муслим). Аз ин ҳадис маълум мешавад, ки дар бораи бародари мўъмин гуфтани ҳар чизе, ки бад мебинад, ҳаром аст, агарчӣ он воқеият дошта бошад. Барои маълумоти бештар гирифтан, уламо чунин мегўянд: Ғайбат он аст, ки дар бораи инсоне чизеро бигўӣ, ки воқеият дорад, вале он инсон шунидани онро бад мебинад. Баробар аст, ки он айб дар бадан, дин, дунё, нафс, рафтор, кирдор, мол, фарзанд, падар, ҳамсар, ходим ва монанди инҳо бошад. Ҳамчунин баробар аст, ки ин бо забон, хат, рамз, ишора ва монанди инҳо гуфта шавад.

        Чӣ зебо аст ин дине, ки аз обрў ҳимоят мекунад, айбҳоро мепўшонад ва чӣ хуб аст барои мўъмин, агар бо хислатҳои имон худро музайян созад ва бо ахлоқи исломӣ рафтор намояд. Ҷамъият чӣ қадар зебо мегардад, агар ҳар фарди он ҳуқуқи ҳамдигарро риоя намоянд.

Ҳомидов Абдулвоҳид-мутахассиси Раёсати фатво

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More