ФАЗИЛАТИ ҲИМОЯИ ВАТАН ДАР ПЕШГОҲИ ХУДОВАНД
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҳифзу ҳимояи ватан дар Ислом ҷойгоҳи хоссе дорад ва Худованди таъоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Ҳар яки мо вазифадорем, бароямон фарзу суннат аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем.
Дар таълимоти шариат иборае мавҷуд аст, ки дўст доштани ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон», яъне дўст доштани ватан аз имон аст. «Ҳуббу-л-ватан» дўст доштани ватан аст, муҳофизати ватан аст, хизмати ватан аст, обод кардани он аст, садоқат ва ростӣ аст.
Адо намудани қарзи шаҳрвандӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, ин амалӣ намудани фармудаи шариат аст, зеро Худованд фазилати муҳофизони ватанро дар Қуръони карим зикр намуда, барояшон савоби беандоза муқаррар сохтааст. Ҳифзи ватан шараф аст ва онҳое, ки хизмати Ватан-модарро адо менамоянд, баҳри зиндагии осоиштаи мову шумо шабҳо бедорхобӣ мекашанд ё дар сарҳадот аз убури ашхоси ҷиноятпеша ҷилавгирӣ мекунанд, гўё фарзу суннатро иҷро кардаанд.
Рӯй тофтан аз хизмати ҳарбӣ оини ҷавонмардӣ нест ва чунин амалро хиёнат ба Ватан метавон арзёбӣ намуд. Хушбахтона аксари ҷавонони мо ҳисси баланди ватандўстӣ дошта, ҳамасола садҳо ҷавонони далеру шуҷоъ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, зеро имрўз давлати мо муқтадир гашта, барои адои хизмат ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дўст дорем, ватандўсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем ва барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем.
Дар ояти охирони сураи «Оли Имрон» Парвардигор мефармояд:
Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед!
Муфассирон мегўянд, ибораи «ва робиту» - омода бошед, дар ҳаққи марзбонон аст, ки Парвардигор мегўяд, шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омода бошед.
Аз ин ояти раббонӣ бармеояд, ки ҳар кас вазифадор аст, ватани худро ҳимоя кунад, чи дар сарҳад, чи дар хона, чи дар деҳа. Вазифаи аввалини ҳар яки мо – сафарбар кардани ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, тарбияи фарзандон дар рўҳияи баланди ватандўстист.
Уламо мегўянд, як шаб ҳимояи ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст.
Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст: Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд:
- Овози қалами нависандагон (агар хайр нависанд ва агар шарр нависанд, Худо аз онҳо безор аст).
- Овози чархресии занон дар хона (яъне, фазилати меҳнати ҳалол).
- Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо ватани худро аз душманон ҳифз мекунанд).
Марзбонон шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.
Худованд ватану кишвари моро дар ҳифзу ҳимояи худ нигоҳ дорад, ба ҳамаи марзбонон далериву ҷасурӣ, ҳисси баланди ватандўстӣ ато намояд, ба мардуми кишвар тавфиқу комёбӣ насибу рўзӣ гардонад.