ЭҲТИРОМИ ВОЛИДАЙН АЗ НИГОҲИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ
Ҳамду ситоиши бепоён Худованди меҳрубонро ва дуруду саломи фаровон бар Расули акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.
Эҳтироми падару модар яке аз фармудаҳои Худо ва Пайғамбар (с) мебошад. Агар ба оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ назар кунем, мебинем, ки эҳтироми падару модар як амри зарурӣ ва воҷиботи имондорӣ арзёбӣ шудааст. Чунонки Худованди бузург мефармояд:
«Ва Парвардигори ту ҳукм кард, ки ба ҷуз Худаш (дигаре)-ро ибодат макунед; ва ба падару модар накўкорӣ бикунед; агар яке аз онҳо, ё ҳар ду назди ту ба калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уф» магў ва бар онҳо бонг мазан ва ба онҳо сухани некў бигў! Ва аз (ҷиҳати) меҳрубонӣ бозуи фурўтаниро барояшон паст кун ва бигў: «Эй Парвардигори ман, бар онҳо бибахшой, чунончи маро дар хурдсолӣ парвариш карданд!». Сураи «Исро», оятҳои 23-24
Дар оғози ояти 23-юм Худованд бандагонашро баъди амр намудан ба яктопарастӣ таъкид менамояд, ки падару модарро эҳтиром кунанд. То он ҷое, ки агар дар ҳолати пирӣ онҳо назди шумо бошанд, хидмати онҳоро ба ҷо оваред ва ҳангоми хастагӣ дар хизмат ҳаргиз «уф»-ро ба забон наоред. Мақсад аз калимаи «уф» нагуфтан дар назди падару модар хастагию нороҳатии худро дар хидмати онҳо изҳор накардан аст. Дар ояти 24-ум Худованд бандагонашро амр мекунад, ки ба падару модар меҳрубон бошанд ва дар ҳаққи онҳо дуои нек карда бигўянд: Парвардигоро ба падару модари ман меҳрубонӣ намо, ҳамчунон ки онҳо дар вақти хурдсолиам ба ман меҳрубонӣ намуданд.
Ҳамчунин Худованд оид ба эҳтироми падару модар чунин фармудааст:
«Ва одамиро нисбат ба падару модари вай чунин ҳукм фармудем; Модараш вайро ҳоли сустӣ болои сустии дигар дар шикам бардоштааст ва аз шир ҷудо кардани ў дар ду сол аст; (ҳукм фармудем, ки) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун! Бозгашт ба сўи Ман аст». Сураи «Луқмон», ояти 14
Ҳадисҳои бешумори Пайғамбар (с) низ ташвиқгару далолаткунанда барои эҳтироми падару модар мебошанд.
Аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки рўзе марде ба назди Пайғамбар (с) омада мепурсад: «Кӣ аз ҳама бештар сазовортар аст, то ўро эҳтиром кунам?». Пайғамбар (с) дар ҷавоб мегўяд: «Модарат». Он шахс боз аз Пайғамбар (с) мепурсад: «Сипас кӣ?». Пайғамбар (с) дар ҷавоб боз мегўяд: «Модарат». Он шахс бори сеюм мепурсад: «Сипас кӣ?». Пайғамбар (с) бори сеюм мегўяд: «Модарат, сипас падарат». Ривояти Бухорӣ ва Муслим
Ин ҳадиси набавӣ гувоҳи он аст, ки инсон бояд падару модар, бахусус модарашро эҳтиром намояд.
Дар замони Пайғамбар (с) марде ба номи Алқама машҳур буд. Ў ҳамеша ба тоату ибодати Худованд машғулият дошт. Дар зоҳир марди солеҳ ва накўкор буд. Рўзе бемор шуду дар бистари марг хобид. Аммо ҳангоми беморӣ ба мушкилоти сахте рў ба рў шуд. Саҳобагон ба назди Пайғамбар (с) рафтанд ва ҳоли вазнини Алқамаро ба Ў (с) хабар доданд. Пайғамбар (с) аз онҳо пурсид, ки оё Алқама падар ё модар дорад? Саҳобагон гуфтанд: «Оре, ў як модари пир дорад». Пайғамбар (с) ба назди модари Алқама рафта, аз ў пурсиданд: «Оё ту аз Алқама розӣ ҳастӣ?». Модар дар ҷавоб гуфт: «Не, ман аз Алқама розӣ нестам. Зеро ў ҳамсари худро аз ман беҳтар медонист ва ўро нисбат ба ман бештар эҳтиром мекард». Пайғамбар (с) ба модари Алқама гуфт: «Аз Алқама розӣ бош ва аз гуноҳи ў даргузар, вагарна ў дар азоб мемонад». Чун модари пиру меҳрубон ҳоли вазнину ногувори ҷигарбандаш Алқамаро дид, аз ў розӣ шуд ва ба осониву роҳат Алқама ин дунёро падруд гуфт.
Ин қисса барои ҷавонону наврасони мо бояд дарси ибрат бошад ва онҳо кўшиш намоянд, ки эҳтироми падару модаронашонро аз таҳти дил ва бо камоли сидқу вафо ба ҷо оранд, зеро ризои Худованд дар ризоияти падару модар мебошад.
Ин байти маъруфи форсӣ – тоҷикӣ низ ифодагари дар арзишҳои миллии мардуми мо ҷой доштани эҳтироми волидайн, махсусан модарон мебошад:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Эҳтироми падару модар яке аз фармудаҳои Худо ва Пайғамбар (с) аст. Агар шахсе падару модарашро ранҷонад ва онҳо озор ёбанд, дар ин сурат фарзанд оқ мешавад. Оқ шудан аз нигоҳи дини Ислом аз ҷумлаи гуноҳони бузург аст. Дар ҳадиси Пайғамбар (с) ба ривояти Абдуллоҳ ибни Умар (р) омадааст:
«Се гурўҳ ҳастанд, ки Худованди Бузург дар рўзи қиёмат ба онҳо бо назари раҳмат наменигарад: «Оқи падару модар, зане, ки худро ба мардон монанд карда ва даюс». Ривояти Аҳмад ибни Ҳанбал, Насоӣ ва Ҳоким
Бо ин васф, некӣ кардан дар ҳаққи волидайн фарзе аст дар зиммаи ҳар фарди мусулмон, ки Худованд онро бар бандагони худ фарз кардааст. Аз ин рў, некӣ кардан дар ҳаққи волидайн ва фармонбардорӣ аз онон фарзи айн мебошад, дар баробари дигар фарзҳои айн, аз қабили намоз, рўзаи моҳи Рамазон, закот ва масоили дигаре, ки ба таври зарурӣ дар дин маълум мегарданд. Ин худ як хулқу сиришти оливу меҳрубононаи исломӣ дар мавриди эҳсону некӣ кардан нисбати волидайн ва муносибати волои инсонӣ нисбат ба онон ба гунаи машрўъу писандида аст, ки бояд ҳар як фарзанд онро ба ҷо оварад.