Home Articles ҲАМ АМРИ ВИҶДОНӢ, ҲАМ ҚАРЗИ ИМОНӢ

ҲАМ АМРИ ВИҶДОНӢ, ҲАМ ҚАРЗИ ИМОНӢ

ҲАМ АМРИ ВИҶДОНӢ, ҲАМ ҚАРЗИ ИМОНӢ
2022-10-27
840

Ба номи Худованди бахшояндаву мењрубон

Вақте мо дар мавриди сулҳу субот ва аҳамияти ҳифзи ҳамаҷонибаи он сухан мегӯеммебинемки ин масъала яке аз мавзуҳои меҳварии Қуръони карим низ ҳастЗеро мо дар Қуръони маҷид ва аҳодиси Паёмбари акрам (счандин ояту ҳадисҳоеро дармеёбемки мусулмононро ба сулҳу салоҳҳимояи марзу бумдӯстиву бародарӣ ва дигар корҳои шоиста даъват менамояндХудованд дар Қуръони карим сароҳатан баён медорадки ...ва-с-сулҳу хайр...яънесулҳ кори беҳтаре ҳастИнчунинба сифати “Раҳмате барои оламиён” баргузида шудани Паёмбари акрам (с) низ аз ҷойгоҳи бузурги раҳму шафқат дар дини мубини Ислом шаҳодат медиҳад.

Имрӯз воқеан ҷои шукру қадрдонист, ки Худованди таоло аз тариқи заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллатамон барои мо неъмати сулҳро арзонӣ доштааст. Ин заҳмату талошҳои пайваста мову Шуморо ба имрӯзи пурсаодат расонидааст.

Имрӯз, ки бо Фармони Сарвари давлат маъракаи сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз шудааст, ҳар як ҷавон бояд дар ин амри хайр бетарафу бетафовут набошад. Мо шоҳид мешавем, ки афроди алоҳида бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ талош мекунанд, ки бо нашру паҳн кардани ахбори бардурӯғу фитнаангез ҷавонони моро аз рафтан ба хизмати ҳарбӣ, ки бешак як мактаби бузурги мардонагӣ аст, дилсард намоянд. Аммо инсони муъмин набояд ба чунин иғвову дасисаҳо дода шавад. Зеро сарбоз бо рафтан ба хизмати Ватан дар баробари адои қарзи шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат, инчунин соҳиби аҷру подоши азиме аз ҷониби Парвардигори карим мегардад. Зеро Паёмбари акрам (с) дар ҳадиси худ мефармоянд: «Шахсе, ки дар роҳи ҳифзи марзу буми ватанаш бедорхобӣ мекашад, ҳаргиз чашмҳои ӯ дар оташи ҷаҳаннам намесӯзанд».

Пас, вақте мову шумо мебинем, ки нафаре муғризона аз ҳар роҳе талоши инкори зарурати хизмат ба ватанро мекунад, бояд аз мавқеи худ ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамчун як шахси мусулмон дифоъ намоем. Дар ҳоли бетафовутӣ ба масъалаи хизмати ҳарбӣ бояд бидонем, ки чӣ сарнавиште моро интизор хоҳад буд.

Мо ба хубӣ медонем, ки оғози бадбахтиҳои ахири кишвари ҳамсояи Афғонистон аз чунин бетафовутии сарбозону ҷавонмардон, ки бояд бетараф намебуданд, сарчашма мегирад. Онҳо бо ду дасти адаб тақдири давлату миллати худро дар мушти як гурӯҳи ифротӣ қарор доданд ва ҳамакнун худашон, ҳам падару модар, ҳам аҳли оила ва дар умум мардуми мусулмони Афғонистон аз дасти онҳо ранҷ мекашанд. Ин гурӯҳи ифротӣ ҳоло ҳатто ба ғуломдориву хариду фурӯши одамон сар кардаанд ва кӣ медонад ресмони зулми онҳо ба чӣ андоза тӯлонисту онҳо боз ба чӣ амалҳое даст мезананд. Дар сарзамини Афғонистон имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ бо ҳар баҳонае гурӯҳи мусулмононро “кофир” ҳукм карда, молу сарват, дороӣ ва ҳатто ҳамсарони онҳоро соҳиб мешаванд. Дар ҳоле ки шариати исломӣ пайравони худро далолат мекунад, ки аз чунин зулму истибдод дурӣ биҷӯянд.

Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки боре аз Расули Худо (с) хоста шуд, то мушриконро нафрин кунад. Аммо Пайғамбар (с) посух гуфт: “Ман на барои лаънат, балки барои раҳмат фиристода шудаам”. Гурӯҳҳои ифротӣ ин ҳама иршодоти неки шариатро аслан сарфи назар мекунанд. Дар ҳоле ки дини мубини Ислом ҳаргиз ҷонибдори ҷангу ҷидол ва рехтани хуни бегуноҳон нест. Қуръони карим на барои ранҷу уқубат, балки барои ҳидояту раҳмат нозил гардидааст. Чунонки дар ояти дуюми сураи “Тоҳо” мехонем: Қуръонро ба ту нафиристодаемто ранҷ кашӣ.

Яъне, Қуръон бояд сарчашмаи зиндагии босаодату хушбахтонаи як инсони мусулмон дар фазои озоду обод бошад, на сарчашмаи хушунату қатлу куштор. Гузашта аз ин, сарнавишту рӯзгори Паёмбари акрам (с) низ саропо аз ғояҳои раҳму шафқат, муҳаббат варзидан ба зодгоҳу сарзамин аст. Худованди тавоно дар Қуръони карим ба Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар мавриди Ватан чунин фармудааст:

“Ба дурустӣОнки [таблиғиҚуръонро бар ту фарз кардалбаттатуро ба сӯи ҷои бозгашт бозгардонанда аст... (сураи «Қасас», ояти 85).

Намунаи барҷастаи ватандӯстии Расули акрам (с)-ро метавон аз ҳадисе, ки Абдуллоҳ ибни Адӣ ривоят кардааст, дарёбем. Абдуллоҳ ибни Адӣ мегӯяд ҳангоми ҳиҷрати Ҳазрати Паёмбар (с) аз Макка ба Мадина шоҳид будам, ки он Ҳазрат (с) ба сӯи зодгоҳашон рӯй оварда, бо дили маҳзун мегуфтанд: “Бахудо қасам, ту беҳтарин ва дӯстдоштатарин сарзамин барои ман ҳастӣ. Агар маро ба иҷбор берун намекарданд, ҳаргиз ҳиҷрат намекардам”. Пас, вақте Паёмбари мо (с) бо чунин самимият зодгоҳу ватани худро дӯст медоштанд, чаро мо низ бо корҳои неку шоиста муҳаббати худ ба сарзамини аҷдодиро изҳор насозем? Яъне, бо овардани оёту аҳодиси боло ба ин хулоса мерасем, ки дӯст доштани Ватан ва ҳифзи он барои инсони муъмин як рисолати муқаддас ва як қарзи мардонагист. Ин рисолат дар навбати худ суннате аз суннатҳои мубораки Паёмбари гиромии Ислом (с) низ ҳаст. Пас, бояд дар шароити кунунӣ ҳар яки мо ҳамин ватани азизу маҳбубамонро бо заҳмату меҳнати ҳалолу содиқона дӯст дорем ва барои ҳифзу таҳкими суботу шукуфоии он ҷаҳду талош намоем.

Мустафо Амиров,

сархатиби ноҳияи Рашт

Pray time in Dushanbe

26.12.2024

More
Fajr06:05
Zuhr12:40
Asr15:16
Maghrib17:14
Isha18:44
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More