Home Articles ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА БАҚОИ МИЛЛАТ
2022-12-16
1253

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

 

Худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма мегирад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар давлати миллӣ заиф бошад, миллат пароканда мегардад. Бинобар ин, мо бояд барои мустаҳкам намудани мактаби худшиносии миллӣ, ки асосҳои он ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошанд, тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳем.

Донишмандони мо бар ин назаранд, ки худшиносии миллӣ ин дарк намудани зарурати ваҳдат, якпорчагии обу хок ва марзу буми миллӣ, иттиҳоди мардум, дарки зарурати иттифоқ ва ҳамбастагӣ аст.

Имом Ғаззолӣ дар «Кимиёи саодат» дар бораи худшиносӣ чунин менависад: «Унвони аввал шинохти хештан аст. Бидон, ки калиди маърифати Эзид маърифати нафси хеш аст. Пас аввал ту бояд хешро бишиносӣ. Туро ҳақиқати худ талаб бояд кард, то худ бифаҳмӣ чӣ чизӣ ва аз куҷо омадаӣ ва куҷо хоҳӣ рафт ва андар ин манзилгоҳ ба чӣ кор омадаӣ, туро ба чӣ кор офаридаанд ва саодати ту дар чист?». Яъне, инсон бояд ҳамеша дар пайи шинохти худ, аслу насаб, аҷдодон, таърих, тамаддун ва фарҳанги миллати хеш бошад.

Масъалаи худшиносии миллиро Пешвои муаззами миллат дар асари пурарзиши «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар чунин матлаб ифода кардаанд, ки рӯҳи иҷтимоии худшиносона дошта, андешаву равони хонандаро ба таърихи азалии он наздик мебарад: «Мо кием, аз куҷоем ва аз кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?».  Ин суолоти арзишманду мондагори Сарвари давлат ба ҳар як тоҷики ватандӯсту худшинос аст, ки бояд ҳар рӯз аз худ бипурсад ва ба посух додани ин пурсишҳо бикӯшад. Зеро маҳз худшиносӣ роҳи асосии расидан ба маърифати инсон ва ҷомеа мебошад. Шинохти аслу насаб аз шартҳои нахустин ва асосии худшиносӣ аст, ки барои амиқ дарк намудани моҳияти маънавии инсон ва мақоми ӯ дар ҷомеаи мутамаддин заминаи мусоид ва муассир фароҳам меоварад. Арҷ гузоштан ба маънавият ва фарҳанги дурахшони имрӯзаи миллат, эҳтироми хос ба таърихи пурғановати тоҷикон ва садоқати ҳамешагӣ ба ормонҳои ватангароӣ муҳимтарин унсурҳои хештаншиносӣ ба шумор мераванд.  

Марҳилаи начандон тӯлонии таърих собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳофару таҳаммулгаро мебошанд.

Ифтихор аз таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошем, онро мавриди омӯзиш, мояи ибрат ва шукӯҳмандӣ бидонем, зеро надонистани таърих, фарҳангу тамаддун, забон, адаб, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ нобахшиданист.

Шукрона бояд кард, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни пурғановаташ эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд. Аз ин рӯ, таърих моро водор месозад, ки аз арзишҳои миллӣ ифтихор дошта бошем.

Донишмандони мо дуруст қайд карданд, ки барои таҳкими боз ҳам бештари ин дастовардҳо зарур аст, ки мафҳумҳои истиқлолу озодӣ ба шиори созанда ва муттаҳидкунандаи мардуми шарифи Тоҷикистон табдил дода шаванд. Зеро ин мафҳумҳои муқаддас дар қалбу шуури одамон ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор месозанд. Ба онҳо эътимод мебахшанд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад корҳои бузурги ободкориву созандагиро ба анҷом расонад ва барои наслҳои оянда як кишвари ободу зеборо ба мерос гузорад.

Мо бояд ин гуфтори донишмандонамонро сармашқи зиндагии худ қарор дода, фарзандон, мутахассисон, олимонеро тарбия намоем, ки сазовори халқи хеш бошанд. Ҷаҳонбинии миллӣ, ватандўстона ва илмӣ дошта, бо мақсаду мароми давлат, ки асоси онро амният ва осоиш, осудагӣ ва беҳбуди ҷомеа ташкил мекунад, ҳамтову ҳамнаво гарданд.

Донишмандони имрӯзаи мо бар ин назаранд, ки бузургтарин нишонаи истиқлоли давлатӣ - истиқлоли зеҳнӣ, ақлонӣ, маънавӣ ва ҷаҳонбинӣ аст. Бидуни чунин сифатҳо истиқлоли миллӣ, ки натиҷаи ҷоннисориҳои ҳазорсолаи фарзандони равшанфикр, боғайрат ва бонангу номуси миллат аст, пойдор нахоҳад монд.

Таърихи илмии тоҷикон ҳамеша ҳамчун сарчашмаи ҳувиятсози миллат хизмат кардааст ва ҳар як фардро ба нангу номуси миллӣ доштан, ифтихор аз арзишҳои миллӣ намуданро меомӯзонад. Пас имрӯз дигар эътиқоду боварҳо бо ҷузъиёташон бояд ба муқаддасоти миллӣ хидматгузор бошанд. Онро таҳким бахшанд.

Аз ин андешаҳои донишмандон ҷавонони мо бояд баҳра баранд, онро сармашқи зиндагии худ қарор дода, дар ҳаёти худ баҳри пешрафти ҷомеа татбиқ намоянд. Зеро роҳнамоӣ намудани ҷавонон ба сӯи некиву накӯкорӣ, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи рост дорои савоби бузург аст. Пайғамбари Ислом (с) дар ин маврид фармудаанд:

«Уламо меросбари паёмбаронанд ва паёмбарон дирҳаму диноре ба мерос нагузоштанд, балки илмро ба ирс гузоштанд, пас касе, ки онро гирифт, баҳрае вофир (комил) гирифтааст».

Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ хатари зуҳуроти экстремизм ва терроризмро ба давлати соҳибтамаддун ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки «Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд».

Ҳақиқатан, заиф будани худшиносии миллӣ дар мафкураи ҷавонон андешаҳои бегонапарастӣ ва хурофотпарастиро эҷод намуда, арзиши мафҳумҳои «миллат», «давлат» ва «ватан»-ро заиф мегардонад. Дар натиҷа ҷавонон ба таблиғоти доираҳои ғаразнок дода шуда, ба ифротгароӣ майл пайдо мекунанд. Маҳз паст будани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ боиси ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо гашт. Иддаи одамон фирефта шуда, аз ҷониби ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ бар зидди давлат ва миллати худ барангехта шуданд. Бахусус ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ арзишҳои бегонаро ба мардум ҷилва дода, мехост моро аз фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ дур созад, одамонро ба гумроҳӣ андохта, ба ин васила сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳад. Ин воқеаҳои хунин барои миллати мо фаромӯшнашавандаанд. Мо ҳаргиз онро аз хотир намебарорем, балки дарси ибрат мегирем. Ин аст натиҷаи заъфи худшиносии миллӣ! Бинобар ин, ҳаргиз набояд фаромӯш сохт, ки таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ дар мафкураи намояндагони миллат аҳамияти бениҳоят бузург дорад.

Аз ин рӯ, моро шарт ва зарур аст, ки фарзандонро аз овони хурдӣ бо мафҳуми «худшиносӣ» ошно намуда, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, то ин ки мақсади аслии худшиносиро, ки камоли маънавию ахлоқист, бишиносанд.

Pray time in Dushanbe

25.12.2024

More
Fajr06:05
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:13
Isha18:43
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More