Home Articles ИМОМИ АЪЗАМ ВА АХЛОҚИ УМУМИИНСОНӢ

ИМОМИ АЪЗАМ ВА АХЛОҚИ УМУМИИНСОНӢ

ИМОМИ АЪЗАМ ВА АХЛОҚИ УМУМИИНСОНӢ
2023-01-18
1114

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

            Ҷомеаи инсонӣ ба ҷуз қонун ва сохторҳои марбутаи идоракунии худ боз дорои маҷмӯи меъёрҳо ва принсипҳои ахлоқие мебошад, ки рафтору муносибати аъзои онро ба низом медарорад. Агар қонунҳо ва меъёрҳои муайянкардаи онҳо ҳуқуқу озодиҳои одамонро дар ҷомеа ба танзим дароранд, меъёрҳои ахлоқӣ рафтори муносибати онҳоро нисбат ба ҳамдигар, оила, ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ муайян мекунанд ва ҳатто ба иҷрои қонуну шартномаҳои иҷтимоӣ мусоидат менамоянд. Иҷрои меъёрҳои ахлоқӣ ба виҷдони ҳар шахс, расму одат, суннатҳои ҳар халқу гурӯҳҳои иҷтимоӣ низ марбутанд. Вобаста ба дараҷаи рушди ахлоқи ҷамъиятӣ дар бораи сатҳи пешрафти ин ё он халқу кишвар ҳукм рондан имкон дорад. Ҳар қадар дараҷаи ахлоқи ҷомеа баланд бошад, ба ҳамон андоза талаботи қонун дар он хубтар ҷорист. Инчунин сатҳи болоравии ахлоқи ҷомеа ба устуворӣ ва мустаҳкамии давлат алоқаманд аст. Агар давлат пуриқтидору мустаҳкам ва дорои қонунҳои хубу ҷорӣ бошад, сатҳи ахлоқии ҷомеа низ метавонад баланд бошад ва баръакс сустӣ ва заъфи давлат ба коҳиши ахлоқ дар ҷомеа оварда мерасонад. Таҷрибаи солҳои нооромии Тоҷикистон гувоҳи онанд, ки бо сустшавии рукнҳои давлат дар ҷомеа сатҳи ҷинояткорӣ баланд ва рафторҳои ношояму зиддиахлоқии аъзои он зиёд мешуданд. Ҳамин гуна давраҳои бӯҳронӣ ва пастшавии сатҳи некӯаҳволии мардум ҳам ба ахлоқи ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Ахлоқ ифодагари сатҳи маънавии ҷомеа аст. Он ифодакунандаи дараҷаи маданият, нишондиҳандаи сулҳу суботи ҷомеа, тарзи зиндагӣ ва эътиқодоти мардуми ин ва ё он кишвар мебошад. Чи қадар ахлоқ дар ҷомеа зиёд мавқеъ дошта бошад, ба ҳамон андоза оромӣ ва пешрафт таъмин мешавад. Аз ин ҷост, ки ба масъалаҳои ахлоқӣ чи сиёсатмадорон ва чи олимону ҳакимон аз давраҳои қадим то ба имрӯз таваҷҷуҳ зоҳир кардаанду дар болоравии он саҳми чашмрас гирифтаанд. Имоми Аъзам аз зумраи ин шахсиятҳои барҷаста ба шумор меравад. 

         Таҳлили масъалаи ахлоқ дар таълимоти Имоми Аъзам нишон медиҳад, ки сарчашмаи таълимоти ахлоқии ин фақеҳи бузург Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ мебошанд. Дар Қуръони карим омадааст: «Ба дурустӣ, ки мо пайғомбарони худро бо нишонаҳои равшан фиристодем ва ҳамроҳи онҳо китоб ва тарозуро фуруд овардем, то мардум ба адлу инсоф амал кунанд» (Сураи «Ҳадид», ояти 25).

            Ҳамин тавр инсоф аз муҳимтарин меъёри ахлоқӣ аст, ки он муносибати байни одамон, афроди ҷомеаро дар корҳои диниву дунявӣ ба низоми муайян медарорад ва ҳаёти онҳоро бар пояи устувор қарор медиҳад, ҳақиқат ва дурустии муносибатро ҷорӣ мекунад, онро устувор равшан месозад. Қуръони карим хислатҳои нек ва рафторҳои шоистаи инсонро равшан баён намудааст: «Ва мо дар ин Қуръон ба ҳар навъ сухан гуфтем, то пандпазир шаванд, вале ононро ҷуз нафрат намеафзояд» (Сураи «Исро», ояти 41).

         Ахлоқу одоби ҳамида дар оёти зиёди Қуръони маҷид васф шудааст ва Худованд мӯъминонро даъват ба иҷрои воҷиботу мустаҳсаноти ахлоқӣ кардааст: «Сифати афв намудан ва сахтгирӣ нанамудан пеша кун ва дигаронро ҳам ба некӯкорӣ бифармой ва аз ҷоҳилон рӯй бигардон» (Сураи «Аъроф», ояти 199).

         Чунонки мушоҳида мешавад, оёти каломи Раббонӣ саршор аз панду ҳикмат ва тарғиби ахлоқи ҳамида аст. Хулласи калом, панду насиҳат ҷавҳар ва ҳикмати дини мубини Ислом аст. Ин дастури ахлоқии қуръонӣ дар ҳадисҳои Паёмбар (с) низ баёни равшани худро мекунад. Ҳадисҳо тамоми мавзӯъҳои ахлоқиро фаро гирифтаанд, ки аз ҳадиси машҳур «Дин насиҳат аст» сар мезанад. Паёмбар (с) дар тамоми гуфтаҳои худ ахлоқи ҳамида, адлу инсоф, шафқату меҳрубонӣ, баробарию бародарӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳаққи ҳамсояву калонсолон, падару модарро тавсиф кардааст, ки бахши аз онҳоро метавон ба таври зерин ҳамчун даъватҳои Расули акрам (с) хулоса кард: «Эй мардум! Худованд дар партави Ислом бартариҳои насабӣ, авлодию қавмӣ, нажодиро аз шумо бардошт. Ҳамагӣ аз Одам ба вуҷуд омадаед ва ӯ низ аз гил офарида шудааст. Беҳтарини мардум касест, ки ба Худованд нофармонӣ намекунад ва худро аз гуноҳҳо дур медорад. Ҳеҷ яке сурх бар сиёҳ бартарӣ надорад, магар ба тақво. Мусулмон бародари мусулмон аст. Хуни ҳар як бо дигарӣ баробар аст. Ман тамоми ифтихороти мавҳуми даврони гузаштаро беасос эълон менамоям».

Шахсияти Паёмбар (с) намунаи ибратомӯзи ахлоқи исломист. Паёмбари Ислом (с) бо хушахлоқӣ, ростгӯӣ, сидққавлӣ ва амонатдорӣ ягонаи давру замон аст. Ҷавҳари ахлоқи нек он аст, ки ҳам дар дину шариат ва ҳам дар рӯзгори ҳаррӯза, оила, ҳаёти иҷтимоӣ ва шахсӣ росткорӣ, ростқавлӣ, амонатдорӣ, муҳаббату эҳтиром, масъулиятшиносӣ, накӯкорӣ ва вафодорӣ риоя шавад. Ин сифатҳое мебошанд, ки дар дараҷаи аълояш Паёмбари Ислом (с) дар зиндагии худ намудор сохтааст. Қиссаю ривоятҳо хеле зиёд бар ин гувоҳанд. Ва на танҳо гуфтаҳои Расули Худо (с), балки рафтору кирдори эшон насиҳатномаи бузурги ахлоқи ҳамида мебошад, ки ҳар фарди мусулмон бояд дар пайравӣ аз он кӯшиш намояд. Маҳз ҳамин сарчашмаҳои муқаддас асоси таълимоти ахлоқӣ дар кору фаъолият ва зиндагии Имоми Аъзам гардидаанд.

          Барои нишон додани хизмати Имоми Аъзам дар рушди ахлоқ зарур аст, ки нуктаҳои асосии таълимоти ӯ баррасӣ шаванд. Бузургтарин мавзӯъ, ки дар таълимоти ахлоқии Имоми Аъзам мақоми барҷаста дорад, мавзӯи адлу инсоф аст. Бояд хотиррасон кард, ки адлу инсоф чун мафҳумҳои асосии илми ахлоқ ҳанӯз дар таълимоти мутафаккирони қадими ҳам Юнону ҳам Аҷам ҷойгоҳи хосси худро дошт. Алалхусус, дар оини мардуми Аҷам ва суннатҳои он. Вале ин мавзӯъ дар таълимоти Абӯҳанифа ба сабаби тадвини фиқҳи исломӣ сар задааст. Чун барои асоснок кардани масъалаҳои фиқҳӣ ва муайян намудани меъёрҳои шаръӣ бо дарназардошти адлу инсоф, ки аз таълимоти Қуръон ва аҳодиси набавӣ бармеоянд, нуктаҳои муҳими риояи онҳо дар фиқҳи Абӯҳанифа ҷойгузин шудаанд. Адлу инсоф ин талаботи ахлоқие мебошанд, ки ҳам ахлоқи иҷтимоӣ, ҳам сиёсати давлату ҳукуматдорон, ҳам хислатҳои умдаи инсониро муайян мекунанд. Адлу инсоф ҳам талаботи ахлоқӣ ва ҳам меъёри ҳар гуна муносибати ахлоқӣ мебошад. Албатта, вақте сухан дар бораи адлу инсоф дар давлат ва сиёсати давлатӣ меравад, ин мафҳумҳо татбиқи худро дар меъёри қонунҳо пайдо мекунанд ва ҳукми қонунро ба худ мегиранд. Вале дар ин маврид ҳам иҷрои онҳо ба афроди ҷомеа алоқаманданд ва аз адлу инсофи онҳо то ҳадде вобастагӣ доранд.     Бинобар ин адлу инсофи мансабдоронро Абӯҳанифа шарти муҳими адли иҷтимоӣ медонад ва зимни баёни ҳукми худ ба гуфтаҳои Қуръони карим такя мекунад.

           Дар Қуръони карим ду мафҳуми ифодагари адлу инсоф мавҷуд аст: адл ва қист. Ва бештар аз 20 маротиба «қист», яъне «адл», ба маънои адлу инсоф омадааст, ки он аз муҳимии масъалаи мазкур дарак медиҳад. Дар Қуръони карим маънии онҳо хеле васеъ ва ҳамзамон амри Худованд дар ин маврид хеле мушаххас аст. Масалан, ояти 90-и сураи «Наҳл» фармудааст: «Ҳамоно Худо ба инсофу накӯкорӣ ва ато кардан ба хешовандон амр мекунад ва аз беҳаёӣ ва кори нописандида ва бедодӣ манъ мекунад; шуморо панд медиҳад, то бувад, ки шумо пандпазир шавед». Аз тафсирҳо бармеояд, ки Имоми Аъзам ва шогирдони ӯ ин оятро аз ҷомеътарин оёт донистаанд. Адлу инсоф ба ҷуз маънои иҷтимоӣ инчунин ба рафтори ҳар фард рабт дорад. Аз ҷумла дар фурӯши коло. Азбаски адолат ба маънии баробарвазнии ду палаи тарозу ҳам ҳаст, дар сураи «Мутаффифин» ба онҳое, ки аз тарозу барои худашон кам карда мефурӯшанд, нигаронида шудааст ва хушдор медиҳад. Дар оятҳои аввали ин сура таъкид мешавад, ки «табоҳ аст ҳоли он мардуме, ки аз тарозуву паймона кам мекунад». Риояи адлу инсоф ин ҷо ҳарчанд дар нисбати фурӯшандагон таъкид шуда бошад ҳам, он ба ҳамаи ашхосе, ки ба ҳаннотӣ ва фиреб даст мезананд, тааллуқ дорад. Онҳое, ки имрӯз дар бозорҳо ба фиребу найранг машғуланд ва гаронфурӯшӣ мекунанд, бояд донанд, ки ислом онҳоро бим кардааст ва аз рафтори ношоистаи худ оқибат пушаймон хоҳанд шуд.

Имоми Аъзам бар зидди гаронфурӯшӣ на танҳо аз нигоҳи таълимотӣ зид будааст, дар фатвоҳояш онро маҳкум кардааст, балки бо рафтори шахсиаш нишон додааст, ки он ҳаргиз амали нек ва хоси шахси мусулмон нест. Абӯҳанифа, ки низ тоҷир буд, ҳар колоро мувофиқи арзишаш нархгузорӣ мекард. Боре маводи ба фурӯшгузоштаи ӯ айбе дошт ва ба ходим таъкид кард, ки ҳангоми фурӯш ин айбро ба харидор гӯяд. Аммо ходим ин таъкиди Абӯҳанифаро фаромӯш кард ва бидуни зикри ин айб онро гаронтар фурӯхт. Имоми Аъзам, вақте аз ин ҳодиса хабардор шуд, дастур дод, ки харидорро ёфта, бақияи пулашро ба ӯ баргардонанд. Аммо ин вақт харидор аз Кӯфа ба Мадина сафар карда буд, Абӯҳанифа аз Кӯфа ба Мадина рафта, маблағи зиёдатиашро баргардонид.

          Имоми Аъзам дар таълимоти ахлоқӣ ба ҷуз адлу инсоф ба се рукни дигари илми ахлоқ, ки минбаъд дар китобҳои илми ахлоқ тафсири худро пайдо карданд, эътибор додааст.

         Абӯҳанифа дар фиқҳи худ адл ва шаклҳои он: адли иҷтимоӣ, адли фардӣ ва адл чун меъёри дигар рафторҳоро ба таври пурра тавзеҳ додааст.
         Фиқҳи Абӯҳанифа меъёрҳои ахлоқиро бо меъёрҳои ҳуқуқӣ тавъам сохта, риояи онҳоро шарти камолоти инсонӣ мешуморад. Дар таълимоти Абӯҳанифа пайванди ҳуқуқ ва ахлоқ ба назар мерасад, ки тибқи он ҷомеаи инсонӣ наметавонад дар сатҳи даркорӣ танҳо аз арзишҳои ахлоқӣ ва ё ҳуқуқӣ баҳраманд гардад. Ҳукмҳои шаръӣ ҳатто дар баъзе мавридҳо доираи иҷрои меъёрҳои ахлоқиро васеътар сохтаанд. Адлу инсоф бо ҳақиқат ва ҳақиқатҷӯӣ низ пайваст аст. Ҳақиқат чун меъёри ахлоқӣ дорои низоми муайян аст, ки дурустӣ ё нодурустӣ, қубҳу ҳусни адлу инсоф, росткорию ростқавлӣ ва дигар талаботи ахлоқиро нишон медиҳад. Абӯҳанифа дар шариати исломӣ ба ростию ҳақиқат мавқеи бузург қоил аст. Ҳақиқатро ӯ меъёри амалҳои шаръӣ гардонида, худ низ ҳақиқатро дар рафтору кирдораш мустаҳкам ҷой дода буд.

           Ахлоқ дар зиндагии шахсии инсон, оила ва ҷомеаю давлат мавзӯъҳои таълимоти ахлоқии Абӯҳанифаро ташкил додааст, ки ба нафси инсон ва ихтиёрдории ӯ марбут буда, дараҷаи баланди хислатҳои инсон – нафси нотиқаро баён доштааст ва ба таъкидҳои Қуръон роҷеъ ба фазилати инсон, бартариҳои ӯ аз дигар мавҷудоти олам такя мекунад. Ахлоқи инсон ҳарчанд ба қазову қадари илоҳӣ вобаста бошад ҳам, Абӯҳанифа имкони тарбияи ахлоқӣ, камолоти ахлоқии инсонро таъкид сохтааст. Ҳусну қубҳи одоби инсонӣ ба кӯшишу фаъолияти ӯ пайвастагӣ дорад. Дар осори ахлоқӣ ва фиқҳи ҳанафӣ беҳтарин ҷанбаи одоби давлатдорӣ раъиятпарварӣ аст. Расидан ба саодат мақсади фаъолияти ахлоқӣ мебошад. Дарёфти саодат минбаъд дар осори бузургони илму адаби халқи тоҷик яке аз масъалаҳои муҳими ахлоқӣ гардид ва чандин китобҳо дар ин мавзӯъ навишта шудаанд, аз ҷумла, «Китоб-ут-танбеҳ ало сабили–с–саодат»-и Форобӣ ва «Танбеҳот ва ишорот»-и Ибни Синоро метавон ном бурд. Адабиёти классикии тоҷику форс аз асри 1Х шурӯъ карда то имрӯз ба баёни масоили ахлоқӣ пардохтааст. Ҳоҷат ба баён нест, ки чи асарҳои бузурги ахлоқӣ мисли қасидаҳои устод Рӯдакӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдӣ, «Хирадномаи Искандарӣ»-и Низомии Ганҷавӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ эҷод шудаанд ва оғози ин равандро Абӯҳанифа дар фиқҳи худ баён доштааст.

         Абӯҳанифа на танҳо зимни масоили фиқҳӣ афкори ахлоқиашро баён кардааст, балки насиҳатномаҳои махсуси панду ахлоқӣ низ аз худ ба мерос гузоштааст, аз ҷумлаи  насиҳатномаҳои эшон, ки дар радифи аввал қарор доранд, насиҳатномаҳое ҳастанд, ки ба риояи адлу инсоф, росткорӣ, илмомӯзӣ бахшида шудаанд. Насиҳатномаҳои ӯ на танҳо ба зиндагии шахсӣ ё фардии одамон дахл доранд, балки дигар паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ, ҷамъиятиро ба таври куллӣ фаро мегиранд. Онҳо ба ислоҳи ҳаёти ҷомеа равона шудаанд. Андешаҳои ахлоқии Абӯҳанифа дар ин насиҳатномаҳо чунон баён шудаанд, ки касро зери таъсири амиқи худ қарор медиҳанд ва аз ҳар ҷиҳат омӯзанда ва арзишманданд. Онҳо барои ҳамаи замону давраҳо дахл доранд ва метавонанд дастуруламали зиндагии фарду ҷомеа қарор гиранд. Муҳаққиқон насиҳатномаҳои зеринро аз Абӯҳанифа зикр кардаанд: Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба Абуюсуф Яъқуб ибни Иброҳим; Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба Юсуф ибни Холиди Самтӣ; Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба Абӯисмат Нӯҳ ибни Абӯмарям дар бораи қазо; Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба фарзандаш Ҳаммод; Насиҳатномаи Имоми Аъзам ба ҷамъе аз ёрон ва шогирдонаш.

       Дар насиҳатнома ба Абуюсуф Яъқуб ибни Иброҳим, ки муддатҳои зиёде қозии хилофат буд, доир ба муносибат бо подшоҳ, мардум, бо ҳамсар ва хонавода, баёни тақво, меъёрҳои ахлоқӣ ва ғайра фикрҳои ҷолибе баён шудаанд. Дар насиҳат ба Юсуф ибни Холиди Самтӣ бештар ба муносибат бо дӯстон, одоби муошират ва баҳс кардан таъкид кардааст. Яке аз нуктаҳои муҳим дар ин маврид муносибат бо пайравони динҳои дигар мебошад. Дар робита Абӯҳанифа таъкид сохтааст, ки бо пайравони динҳои дигар рафтори муносиб ва ҳусни муоширатро бояд ба роҳ монд ва дар паи ҳамзистӣ бо онҳо бояд буд.

Pray time in Dushanbe

26.12.2024

More
Fajr06:05
Zuhr12:40
Asr15:16
Maghrib17:14
Isha18:44
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More