АРТИШИ МИЛЛӢ ҲИМОЯТГАРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ситоиш Худованди ягонаро ва дуруду салом бар Расули акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.
Ҳифзу ҳимояи Ватан дар дини мубини Ислом ҷойгоҳи хосе дорад ва Худованди мутаъол мусалмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Барои ҳар яки мо ҳам фарзу ҳам қарз аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромии ватани худ бошем. Зеро дар ояти охирини сураи “Оли Имрон” Парвардигор мефармояд:
«Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад ки растагор шавед!»
Муфассирон мегӯянд, ибораи “ва робиту”, яъне “омода бошед” дар ҳаққи марзбонон гуфта шудааст. Яъне ин дастури қуръонӣ барои ҳар як мусулмон аст, ки шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омада бошед.
Имсол дар кишвари мо 30-юмин солгари таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Артиши миллии ҳар давлат нишони иқтидори ҳамон давлат аст. Мақсад аз таъсиси артиш дар ҳама давру замон ҳимояи давлат ва марзу буми Ватан мебошад. Миллати соҳибтамаддуни тоҷик аз қадимулайём соҳибдавлату соҳибартиш будааст ва тибқи шаҳодати таърих аҷдоди мо бори аввал ҳанӯз дар даврони давлатдории Ҳахоманишиён артиши касбӣ ташкил намуда буданд. Артишҳои давлатҳои Сосониён ва Сомониён дар замонашон яке аз пурқудраттарин артишҳо ба шумор мерафтанд.
Гузашта аз ин, мавзуи санъати ҳарбӣ бо мақсади муҳофизати марзу буми аҷдодӣ аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳои бегонагон дар эҷодиёти шоирону нависандагони гузаштаву муосири мо ҳеҷ гоҳ дуюмдараҷа набудааст. Ҳаким Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома» таърихи илми ҳарбиро аз қадим то асри даҳи мелодӣ ба тариқи назм тасвир намудааст. Тасвири ҷанг ва сулҳро Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мансури Муборакшоҳ ва дигарон ба авҷи аъло расонидаанд. Ҳамаи ин далел ба он аст, ки мавзуи ҷанг бо мақсади ҳифзи марзу буми Ватан ва таълими низомӣ қисми ҷудонашавандаи маърифати маънавии миллати бостонии мо будааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳиби истиќлол шудан яке аз аввалин кишварҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар ин гуна вазъият артише лозим буд, ки давлату миллатро муҳофизат карда тавонад. Бо ҳамин мақсад баъди ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳадафи олиашон наҷоти давлату миллат аз парокандагӣ буд, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳамаи мо медонем, ки дар санаи 16-уми ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданд ва аллакай 18 декабри соли 1992 Қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Яъне, Сарвари давлат бо таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳадафи ҳарчи зудтар аз байн бурдани беҳокимиятиву беқонуниро доштанд.
Дар он замон Артиши миллии Тоҷикистон тақрибан дар заминаи хушку холӣ таъсис дода шуд. Сарвари давлат чанд сол пеш дар яке аз суханрониҳои худ гуфта буданд: «Вақте ки қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ қабул гардид, мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассисону кадрҳои касбӣ».
Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 29 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки онро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад.
Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст. Вақте, ки кӯдак чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд, дар машомаш бӯи шири модару дар рӯйи хоки зодгоҳаш ба воя мерасад. Пайғамбари Худо (с) ватандӯстию ватандориро яке аз нишонаҳои имондорӣ номидааст: “Алоқа ва муҳаббат ба Ватан аз нишонаҳои имон аст”.
Муҳимтарин чизе, ки имрӯз аз ҳар яки мо тақозо мешавад, ин ҳушёриву зиракӣ аст. Воқеан, инсони мусулмон бояд зираку ҳушёр бошад. Махсусан мардуми Тоҷикистон, ки аллакай як бор таъми талхи нооромию бесуботиро чашидаанд. Тибқи ҳадиси саҳеҳи Паёмбар (с) “Инсони муъмин аз як сӯрох ду бор газида намешавад”. Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон ва тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аҷдодони мо ин ҳувияти миллиро ҳамеша дар худ тарғибу таблиғ менамуданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлати хеш ҷони худро дареғ надоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро аҷдодони мо аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд, ки он дар хуни мо ҷорист. Мо бояд дарк намоем, ки хизмати Ватан мактаби ҷавонмардист ва мо бояд дар ин мактаби шуҷоат дарси мардонагӣ омӯзем.