Home Articles МОҲИ ХУДСОЗӢ ВА ҒАНОВАТИ АХЛОҚ

МОҲИ ХУДСОЗӢ ВА ҒАНОВАТИ АХЛОҚ

МОҲИ ХУДСОЗӢ ВА ҒАНОВАТИ АХЛОҚ
2023-04-07
802

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду  сано  Худовандро  ва  дуруду  салом  бар  Расули  Ў  ва  ёрону пайравонаш бод!

Моҳи мубораки Рамазон айёмест, ки инсон матонату устувории худро меозмояд ва пирўзии худро аз болои нафс эҳсос мекунад. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: "Агар умматони ман шарафи моҳи Рамазонро медонистанд, таманно мекарданд, ки тамоми сол Рамазон бошад". Зеро тоати он мақбул, дуои он мустаљоб ва гуноҳи он бахшида мешавад.

Ҳар шахс рўзаи моҳи Рамазонро ба ихлоси том ва бар сабри зебо рўза дорад, иншоаллоҳ, гуноҳони яксолааш омурзида мешавад. Барои бе нуқсон рўза доштани моҳи муборак саҳархўрӣ кардан муҳим аст, зеро Расули Худо (с) саҳархўриро тавсиф намуда, фармуданд: «Дар саҳархўрӣ баракат аст». (Ривояти Ибни Ҳиббон). Ҳамчунон ки моҳи Рамазон нисбат ба дигар моҳҳо фазилат дорад, дар ин моҳ саҳархўрӣ низ ҳамон қадар фазилат ва баракат дорад.

Мусулмоне, ки саҳархўрӣ мекунад, савоби инсонҳоеро, ки тобеи суннат мешаванд, мегирад, зеро дуо дар ин вақт иљобат мешавад, пас аз ин вақт самаранок истифода бурдан вазифаи ҳар мўъмини комил аст. Агар инсон дар саҳархўрӣ Худовандро ҳамду сипос гўяд ва шукргузорӣ кунад, ба дуо ва истиғфор машғул шавад, ба сабаби баракати ҳамин вақти саҳар гуноҳонаш омурзида ва дараљааш баланд шуда, ибодаташ қабул мешавад.

Паёмбари Худо (с) барои саҳархўриро дер намудан тарғиб карданд, зеро саҳархўрӣ барои одами рўзадор қувват мебахшад, вазниниҳои рўзаро сабук мекунад. Анас ибни Молик (р) ривоят мекунад, ки: «Мо бо Расули Худо (с) саҳархўрӣ намудем, баъд аз он Расули Худо (с) барои намоз гузоридан бархостанд». Анас ибни Молик (р) мегўяд: «Ман аз Зайд пурсидам, ки байни азон ва саҳархўрӣ чӣ қадар вақт буд? Зайд гуфт: Миқдори хондани панљоҳ оят вақт буд». (Ривояти Бухорӣ  ва Муслим).

Саҳл ибни Саъд ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) чунин фармуданд: «Уммати ман доим дар хайр мебошанд, модоме ки ифторро барвақт кунанд ва саҳархўриро дер намоянд». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим). Расули Худо (с) пеш аз намоз бо меваи тар ифтор менамуданд, агар меваи тарро намеёфтанд, хурмо ё як-ду қатра об менўшиданд ва мегуфтанд: «Ташнагӣ рафт, рагу пайванд сероб шуд ва аљру подош собит гашт». (Ривояти Абўдовуд).

Инсони рўзадор дар ҳар ҳаракаташ аз доираи одоб набарояд, хусусан аз сухани фаҳш гуфтан худдорӣ намояд, яъне суханони беҳуда, масхара кардани дигарон, кашокаш ва љанљол намудан ва ғайра. Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки рӯза танҳо тарки хӯрдану нӯшидан ва худдорӣ аз алоқаи ҷинсӣ кардан асту бас. Дар асл рӯза ибодатест, ки инсон ба воситаи он мекӯшад, то худро аз сурати инсони оддӣ берун оварда, ба мақоми фариштагон наздик шавад. Барои наздик шудан ба ин мақом рӯзадорро лозим аст, ки аз ҳар гуна беҳудагӯӣ ва амалҳои ношоиста парҳез намуда, ҳангоми рӯзадорӣ ба ахлоқи накӯ ва ибодат худро ороста созад. Дар хотир бигирад, ки ӯ шабу рӯзи ин моҳ дар ибодат аст. Бинобар ин, пеш аз ҳар гуфтору кирдоре дар бораи он бияндешад, ки оё ин рафтораш ба рафтори фариштагон наздик аст, ё ба шайтон?

Рӯзадоре, ки аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ намуда, аз ин гуноҳон парҳез накунад, рӯзаи вай ҳеҷ гуна подоше надорад. Чунончи, ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва ссалам) фармудаанд: “Чӣ басо рӯзадороне ҳастанд, ки танҳо гуруснагию ташнагӣ мекашанд, бидуни ин ки савоб ё подоше бибаранд”.

Ҳар як рӯзадор бояд кӯшиш намояд, ки дар ин моҳи муборак ба ҳаром нигоҳ накунад, гӯшаш чизи нодурусту ботилро нашунавад, забонаш ҳарфи нодуруст нагӯяд, ба маҳфилҳои пургуноҳ наравад. Имрӯз агар ҳар як мусулмонро пурсем, ки маънии рӯза чист, ӯ мегӯяд, ки “рӯза - худдорӣ аз хӯрдану ошомидан ва алоқаи ҷинсӣ аст”. Ин се чиз барои инсон дар мавридаш ҳалол ва равоянд. Хӯрдан ҳалол, нӯшидан ҳалол ва алоқаи ҷинсии бо роҳи никоҳ ҳама равост. Рӯзадор дар моҳи Рамазон аз субҳи содиқ то намози шом аз ин чизҳои ҳалол ва раво худдорӣ мекунад. Хеле айб аст, ки инсон аз чизҳои ҳалол худдорӣ карда тавонаду аз ҳаром худдорӣ накарда, дурӯғ гӯяд, ғайбат намояд, ба ҳаром нигоҳ кунад... Ин чӣ хел рӯза аст, ки рӯзадор ба хотири гузаронидани вақт ба тамошои филмҳои шаҳватангезу даҳшатафкан машғул шавад? Ҳалолро тарк намудану ҳаромро тарк накардан чӣ маънӣ дорад?

Боре Расули акрам (с) шуниданд, ки ду зани рӯзадор нишаста мардумро ғайбат мекунанд. Он гоҳ Расули Худо (с) чунин фармуданд: “Ин ду зан нисбати он чизе, ки Худованд бар онҳо ҳалол кардааст, рӯза ҳастанд ва ба чизҳое, ки Худо бар онҳо ҳаром намудааст, ифтор кардаанд”. (Яъне хӯрдану нӯшиданро, ки ҳалол аст, бар худ манъ кардаанд, вале ғайбату суханчиниро, ки ҳаром аст, барои худ озоду мубоҳ кардаанд).

Рӯзадоре, ки умеди подош дошта, ба интизори раҳмати Худованд бошад, мебоист тӯли рӯз чун обиде рафтор кунад, ки машғули ибодат аст, зеро тамоми рӯз ӯ дар пешгоҳи Худованд мебошад. Бинобар ин, шоиста аст, ки аз ҳар азияту озоре дурӣ ҷӯяд, кори нек кунад, сухани хуш гӯяд, тиловати Қуръон шунавад. Ҳеҷ гоҳ дар дил васвасаю кина, рашкварзӣ ва бадгумониро роҳ надиҳад. Инсон бояд дар кораш ҳам ризои Худоро биҷӯяд ва итминон дошта бошад, ки Аллоҳ таъоло аз ҳар қадами ниҳодааш огоҳ аст.  Абўҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) чунин фармудан: «Рўза сипар аст, бояд аз суханони фаҳш худдорӣ намояд, агар мабодо ягон кас љанљол кунад ё дашном диҳад, ду бор бигўяд: «Ман рўзадор ҳастам», қасам ба зоте, ки љони ман дар ихтиёри ўст, бўйи даҳони рўзадор назди Худованд аз бўйи мушк ҳам беҳтар аст». (ривояти Бухорӣ).

Барои рӯзадор лозим аст, ки махсусан дар даҳаи охири Рамазон бештару беҳтар дар ибодат ва анҷоми корҳои накӯ ҷидду ҷаҳд намояд ва бо садақаву бахшишу ниёиш ба даргоҳи Худованд шаби Қадрро ҷустуҷӯ кунад.

Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки рӯза танҳо аз гуруснагиву ташнагӣ кашидан иборат нест, балки дар рӯза ният, фикр, гуфтор ва кирдори кас пок бошад. Агар бандаи мусулмон шартҳои рӯзаро дуруст риоя кунад, он рӯзаи гирифтааш шафоатхоҳи ӯ гашта, сипаре аз оташи дӯзах мегардад. Чунончи дар як ҳадиси Расули акрам (с) таъкид шудааст: ӯза ва Қуръон рӯзи қиёмат ба шафоати соҳиби худ бармехезанд. Рӯза мегӯяд: "Парвардигоро! Ман рӯзҳо аз хӯрдану нӯшидани ӯ монеъ мешудам". Қуръон мегӯяд: "Ман шабҳо монеъи хоби ӯ мегаштам" (ҳарду мегӯянд). Пас шафоати моро дар бораи ӯ бипазир".

Худованд ба баракати моҳи мубораки Рамазон ибодатҳои моро ба даргоҳаш пазируфта, ахлоқи некӯ ва ҳамидаро насиби мо гардонад.

Худоё, чунон кун поёни кор,

Ки ту хушнуд гардӣ, мо растагор.

Pray time in Dushanbe

23.11.2024

More
Fajr05:38
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:10
Isha18:40
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More