Home Articles ҲИКМАТИ ВАТАНДОРӢ

ҲИКМАТИ ВАТАНДОРӢ

ҲИКМАТИ ВАТАНДОРӢ
2023-11-29
748

Комилов Далер Рустамович – номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода,

Хомушов Ҷамолиддин – Сардори Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон

(нигоҳи таърихӣ, динӣ илмӣ)

Мафҳуми Ватан калимаи арабӣ буда,  зодгоҳ, ҷойи камолот, диёр, меҳан, кишвар, мамлакат ва сарзамине, ки кас дар он таваллуд шудааст, маконе, ки хуни нофаш рехтааст. Кишваре, ки бо сарватҳои табиӣ, аҳолӣ, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, хусусиятҳои забон, фарҳанг, ойин, урфу одат ба соҳибватанон таърихан тааллуқ дорад. Берун аз ватан рафтаро «мусофир», «муҳоҷир» ва «ғариб» мегӯянд.

Дар гузашта мазмун ва мундариҷаи мафҳуми ватан танг буда, масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғайраро дар бар намегирифт. Баъди Инқилоби Октябри соли 1917 маънои Ватан ва ватандорӣ барои тоҷикон ва дигар миллатҳо, ки дар қаламрави собиқ ИҶШС зиндагӣ мекарданд, мазмуни нав гирифт. Тамоми ҳудуди собиқ ИҶШС-ро фаро мегирифт, ғояҳои дӯстии тамоми миллатҳои ин иттиҳодро ифода менамуд. Баъди барҳам хӯрдани ИҶШС ва соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидани кишварҳои узви он мафҳуми ватан ба қисми ҷудонашавандаи шуури миллии ҳар як соҳибватанон табдил ёфт. Ҳисси ватандўстӣ тадриҷан рушд намуд. Дар давраи муосир Ватан барои тоҷикон ва ҳар соҳибватан дар радифи модар (Модар–Ватан) яке аз муқаддастарин арзиш фаҳмида мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми тоҷикони дунё ватани аҷдодӣ мебошад. Афкори ватандӯстӣ ва ватанияҳо қариб дар тамоми осори фозилон, шоирон ва адибони классику муосири тоҷик мавҷуд аст. Мавзӯъ ва мазмуни эҷодиёти иддае аз шоиронро васфи Ватан ташкил медиҳад.

Ватания арабӣ буда, дар адабиёт осори манзуму мансуре, ки дар васфи Ватан, ҳифзи диёр, дастовардҳои ватандорон, тарки зодгоҳу Ватан кардан ва ғайра эҷод мегарданд.

Ватанро азиз доштан, ба муқаддасоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонии ҳар як фарди бедордилу худогоҳу худшинос мебошад. Ватан! Мояи ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва обрӯю эътибори ҳар як ватандор аст. Ватан маконест, ки дар он ҷо инсон чашм ба дунё мекушояд. Аз ин рӯ, вазифаи инсоният ватанро чун модари азиз дуст доштан аст. Ватан сарнавишту қисмати ҳар инсон буда, агар модар моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозиш гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғуш кушодааст.

Муҳаббат ба Ватан аз давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарраи хоки муқаддаси Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту хушҳол бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кушиши ба нафъи вай хизмат кардан мебошад.

Аз соҳибистиқлолии кишвар 32 сол гузашт. Ҳарчанд дар ин муддат мушкилоту монеаҳо вуҷуд доштанд, Тоҷикистон роҳи пуршараферо тай намуд. Мардум бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободкорию созандагӣ камар бастанд.

Суханони пурмуҳтавои Президент мағз андар мағзи ҷон ҷой гирифтааст: Мо як давлат, як Ватан ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст.”

Вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, балки ваҳдати миллатро мустаҳкам намудан ва кишварро бо меҳнати софдилона обод кардан аст. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ масъалаи ватану ватандӯстиро таҳлил ва баррасӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуданд:

Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем».

Агар ба таърихи дини мубини Ислом назар кунем, Ҳазрати Мӯсо (а) ҳарчанд дар Мадян иқомат дошт, охир ба ватан баргашт. Юсуф (а) дар Миср мулки шоҳӣ дошт, охир ба ватан баргашт. Ҳазрати Иброҳим (а) дар ҳаққи ватан дуо кард, Худо дуояшро пазируфт:

Ва он гоҳ, ки Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин маконро шаҳри боамн бисоз ва аз сокинонаш касеро, ки ба Худо ва рӯзи бозпасин имон оварад, аз меваҳо рӯзӣ деҳ!»[1] Сураи Бақара, ояти 126.

Ҳикмати дигари ватанро дар суханони Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад с.а.в. метавонем мисол орем:

  1. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Расули акрам с) дар васфи Макка фармуданд: «Чӣ шаҳри покиза ва дӯстдошта барои ман ҳастӣ, агар қавмам маро аз ту хориҷ намекарданд, ҷуз ту дар шаҳри дигаре сукунат намекардам». (Ривояти Тирмизӣ).
  2. Аз Абдуллоҳ ибни Адӣ (р) ривоят аст, ки гуфт: «Расули Худо (с)-ро болои шутур дидам, ки мегуфт: «Савганд ба Худо, ки дар ҳақиқат ту беҳтарин сарзамини Худо ва маҳбубтарин сарзамин ба наздики Худо ҳастӣ ва агар маро аз ту хориҷ намекарданд, аз ту хориҷ намешудам». (Ривояти Тирмизӣ).
  3. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки гуфт: «Вақте ба Мадина омадем, он чо вабо буд, аз ин чиҳат Абӯбакр ва Билол (р) шикоят карданд. Чун Расули Худо (с) шикояти онҳоро дид, гуфтанд: «Бор Илоҳо! Мадинаро барои мо ҳарчи бештар маҳбуб гардон, чунонки Маккаро маҳбуб гардондаӣ, онро солим бигардон, барои мо дар паймонаҳои он баракат ато фармо ва таби онро ба Ҷуҳфа бибар».  (Ривояти Муслим).   
  4. Аз Абӯҳумайд (р) ривоят аст, ки гуфт: «Ҳамроҳи Расули акрам (с) аз ғазваи Табук баргаштем ва чун ба Мадина наздик шудем, Пайғамбар (с) фармуданд: «Ин Тоба аст ва ин Уҳуд аст, кӯҳе, ки моро дӯст медорад ва мо ҳам дӯсташ медорем». (Ривояти Бухорӣ).
  5. Ҳазрати Умар (р) мегӯяд: «Агар муҳаббати ватан намебуд, шаҳрҳои бад хароб мегардид, пас меҳру муҳаббати ватан аст, ки шаҳрҳоро обод месозад».

Худованди тавоно дар Қуръони карим ба Ҳазрати Мустафо (с) дар мавриди ватан чунин фармудааст:

Тарҷума: «Ба дурустӣ Он, ки Қуръонро бар ту фарз кард, албатта, туро ба сӯи ҷои бозгашт бозгардонанда аст». (Сураи «Қасас», ояти 85)

Тафсир: Ин оят дар сарзамини «Ҷуҳфа» аснои сафари Паёмбар (с) нозил гардидааст. Паёмбар (с) мехоҳад ба Ясриб биравад, аммо бо ин ҳол ишқу дилбастагии Ӯ ба Ватан сахт ӯро озор медиҳад ва дурӣ аз ин Ҳарами амни илоҳӣ барои ӯ бисёр ногувор аст. Ӯ пас аз тааммули зиёд соатҳо рӯй сӯи Ватан, ғамгин, хомӯш ва маҳзун мемонад.

Инҷост, ки нури ваҳй ба қалби покаш метобад ва башорати бозгашт ба сарзамини маҳбубро ба ӯ медиҳад ва Худованд мегӯяд:

«Ҳамон касе, ки Қуръонро бар ту фарз кард, туро ба ҷойгоҳ ва зодгоҳат бозмегардонад» (Тафсири Қуръони карим).

Ояти мазкур дар тафсири «Мароғӣ» чунин шарҳ дода шудааст: Чун Паёмбар (с) аз ғори Савр берун шуд ва озими Мадинаи мунаввара гардид, яъне ватани худро тарк (ҳиҷрат) мекард, дар минтақаи «Ҷуҳфа» байни Маккаву Мадина қарор гирифт, роҳи Маккаро шинохт, маҳзун шуд, дилаш ба ватан майлон гардид, зодгоҳ ва зодгоҳи аҷдодонашро ба ёд овард. Ин буд, ки Ҷабраил нозил шуд ва пурсид: Муштоқи ватан ва зодгоҳат шудӣ? Паёмбар (с) посух доданд: Бале! Пас ин оят нозил шуд:

 «Ҳамон касе, ки Қуръонро бар ту фарз кард, туро ба ҷойгоҳ ва зодгоҳат бозмегардонад» (Тафсири «Мароғӣ»).

Инчунин масъалаи дӯст доштани ватан зимни ояти 144 сураи «Бақара» баён гардидааст.

Пас аз ҳиҷрат ба Мадинаи мунаввара Паёмбар (с) ҳамавора бо иштиёқи хос ба сӯи ватани худ менигарист. То ин замон қиблаи мусулмонон Байту-л-муқаддас буд, валекин Паёмбар (с) орзу дошт, то қибла Маккаи мукаррама бошад. Ҳарчанд дар хусуси тағйири қибла ихтилофи назарҳо вуҷуд дорад, тибқи ривояти баъзе муфассирин, Худованди огоҳу доно ин орзуи Паёмбар (с)- ро амалӣ кард ва барои хушнудии Паёмбар (с) қибларо тағйир дод:

 «Ба дурустӣ ки Мо гаштани рӯи туро дар ҷониби осмон мебинем. Пас, албатта, туро ба он қиблае мегардонем, ки ба вай хушнуд шавӣ. Пас рӯи худро ба тарафи Масҷиду-л-ҳаром бигардон; ва ҳар ҷо, ки бошед, рӯйҳои худро ба тарафи вай бигардонед». (сураи «Бақара», ояти 144)

Ҳикмати ватандориро мутафаккирон ба андешаҳои ҷаззобу гуногун низ баён кардаанд:

  1. Ватандорӣ маънои танҳо ба Ватан меҳр монданро надорад. Он як ҳисси бузург аст. Ин маънои онро дорад, ки худро як ҷузъи Ватан донӣ, дар рӯзҳои неку бадаш бо он бошӣ. А. ТОЛСТОЙ;
  2. Инсон пеш аз ҳама фарзанди мамлакати худ аст, шаҳрвандест, ки манфиатҳои мамлакати худро дар дилаш ҷойгир кардааст.
    Саховати беандоза аз муҳаббат ба Ватан сарчашма мегирад. Ж. РУССО;
  3. Ғояи Ватан дар тӯли солу рӯзҳо бояд барои фарзандон азиз бошад, танҳо онҳое, ки ин ғояро чуқур ҳис кардаанд, ҳақ доранд, ки худро шаҳрванди он ҳисобанд. М.САЛТИКОВ-ШЕДРИН;
  4. Қарзи инсон дар назди Ватан муқаддас аст. В.СУХОМЛИНСКИЙ
    Барои Ватан кори нимкора кардан маънои ба он ҳеч коре накарданро дорад. М.РОБЕСПЕР;
  5. Ватанпарварии олӣ ҷоннисорӣ дар роҳи фаровонии Ватан мебошад. Н.ЧЕРНИШЕВСКИЙ;
  6. Ватанпарвар инсонест, ки барои Ватан хизмат мекунад, Ватан бошад, пеш аз ҳама халқ мебошад. Н.А.НЕКРАСОВ;
  7. Барои мо падару модар, фарзанд, хешону наздикон азизанд, вале ҳамаи тасаввуротамон дар боби меҳру муҳаббат дар як калима – Ватан муҷассам аст. Агар ба Ватан нафъаш мерасида бошад, барои он кадом инсони бовиҷдон ҷон фидо кардан намехоҳад. СИТСЕРОН;
  8. Ҷасорати ҳақиқии халқҳои бомаърифат дар ҷонфидоии онҳо ба Ватан намоён мегардад. Г.ГЕГЕЛ;
  9. Дар берун аз Ватан бахт вуҷуд надорад, бигузор, ҳар кас дар сарзамин худ реша давонад. И.ТУРГЕНЕВ;
  10. Кишвари бегона Ватан шуда наметавонад. И.ГЁТЕ;
  11. Худатро ба Ватан ҳар қадар наздик гирӣ, онро ҳамон қадар бештар дӯст медорӣ. А.БЛОК;
  12. Дар қалби ҳар инсон қиёфаи халқи худаш зиндагӣ мекунад. Г.ФРЕЙТАГ;
  13. Ҳар кас кишвари худро дӯст надорад, ҳеч чизро дӯст дошта наметавонад. Ҷ.БАЙРОН;
  14. Ҳар кас аз Ватани худ рӯ гардонад, аз виҷдони худ низ рӯ мегардонад. Я.ГАЛАН;

Ватани худро доғдор кардан маънои фурӯхтани онро дорад. В.ГЮГО;

Ҷинояте ҳаст, онро наметавон бахшид, он хиёнат ба Ватан аст. П. БАУСТ;

Ватан модар аст, сарчашмаи муҳаббату садоқат аст. Ватан гаҳвораи тифлии мост. Ватан он азизонанд, ки аз хурдӣ дар гавҳараки чашмат ҷо гирифтаанд. Ватан хона, деҳа, осмони соф, замин, хок, гулу гиёҳи аз кӯдакӣ дар назарамон падидор аст. Маънии тарбияи ватандӯстӣ ба обу хоки сарзамини аҷдодӣ меҳру муҳаббат доштан, дар тафаккури шаҳрвандон ва зеҳни ҷавонон ҳисси садоқат ба Ватану омода будан барои ҳимояи онро парваридан аст.

Ватандорӣ чист? Ин дар ғами Ватан сӯхтан, ба он меҳру ихлоси беандоза доштан ва худшиносии миллӣ буда, бо ватани худ ифтихор доштан, бо ғурур «Ватанам — Тоҷикистон» гуфтан аст. Забони тоҷикиро дӯст доштан, сарзаминро обод кардан, дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон додан аст. Вақте ки сухан дар бораи ҳисси ватандӯстӣ меравад, намунаи олии онро дар корномаву симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан ҳис мекунем. Хизмати шоистаи ин абармарду ҳикматшиносро, ки тамоми вуҷудашонро муҳаббат ба Ватан фаро гирифтааст, хотиррасон намудан барои дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон мисоли абзорест, ки ҳисси ватандорӣ чун шири модар софу беғубор, муқаддас ва азиз вуҷуди моро аз кӯдакӣ фаро гирифтааст. Одамизод аз азал ин ҳисси волоро дар қалби хеш покиза нигоҳ дошта, чун муҳаббати бепоён мепарварад. Дар тӯли таърих диловарону қаҳрамонони зиёде ба хотири як каф хоки Ватан ҷон додаанд. Аз ҷумла, ҳангоми вафот аз ҷайби Темурмалики қаҳрамон дар коғазпорае ин байтро ёфтаанд:

Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу,

Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок!

Ҳамин ҳисси муқаддаси ватандӯстист, ки дар дили инсон шуълаи умед барафрӯхта, ӯро ба ҷасур будан даъват менамояд. Ба қадри Ватан касе бештар мерасад, ки муддате дур аз Ватан зиста бошад. Шоири маҳбуби ватансаро Мирзо Турсунзода чунин гуфтаанд:

Агарчи борҳо афтодам аз ёру диёрам дур,

Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур,

Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр

Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Меҳри Ватанро эҳсос накардан, онро дар дил ҷо надодан мумкин нест. «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар», «То шоҳи кишвари бегона шудана гадои Ватани хеш бош», — гуфтани халқ олам-олам ҳикмат дорад.

Ватан маънои виҷдон, ору номус ва шаъну шарафро дорад. Ватанро дӯст доштан сухани хушку холӣ нест, балки он маънии дар роҳи равнақу рушди Ватан заҳмат кашидан баҳри оромию осудагии он ҷаҳду ҷадал карданро дорад.

Агар ҳар шахс дар хусуси ободии зодгоҳ, деҳа, ноҳия ва ниҳоят, кишвари худ бияндешаду бикӯшад, ба Ватан дар дил ҳисси ифтихораш афзун гашта, ғурури ватандорияш боло меравад.

Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ фармудааст:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Имрӯз дар масъалаи ватандӯстӣ ба он хотир сухан мекунем, ки мо бояд ба қадри ватан, ба қадри сулҳу субот, оромиву амнияти кишвар бирасем.

Дӯст доштани ватан, дифоъ ва ободонии он қарзи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб рафта, дуст доштани ватан, муҳофизати ватан, хизмати ватан, обод кардани он, садоқат ва ростӣ аст.

Ҳисси ватандӯстиро, ки яке аз рукнҳои ҳувияти миллии мардуми тоҷик аст,  на танҳо дар мисоли муборизаҳои аҷдодони гузаштаи мо  чун Шераки далеру Фрадаи Марғиёнӣ, Спитамену Муқаннаъ, Темурмалик, ки  алайҳи истилогарони аҷнабӣ намунаи далерию шуҷоат ва мардонагӣ нишон додаанд, тарбия кардан мумкин аст, балки дар мисоли ходимони давлатӣ ва илму фарҳанг низ ба иҷро расонидан мумкин аст.  Дар мисоли хислатҳои шахсии асосгузорони сулолаҳои Тоҳириён-Тоҳир ибни Ҳусайн, Саффориён - Яқуб ибни Лайси Саффорӣ, поягузори давлати Сомониён - Исмоили Сомонӣ хислатҳои ватандӯстӣ, инсонигарии баланд ва ҷавонмардонаи онҳоро нишон додан  шоистаи ибрат хоҳад буд. Масалан, вақте ки халифаи араб Тоҳир ибни Ҳусайнро волии Хуросон таъин мекунад, аз рӯи ҳисси ватандӯстӣ ва истиқлолиятхоҳии ӯ эълон менамояд, ки минбаъд номи халифаи арабро дар хутбаи намози ҷумъа нагиранд. Ин аз тарафи Тоҳир як навъ шуҷоату мардонагӣ ва намунаи озодихоҳӣ буд. Чунин мисолҳо дар таърихи гузаштаи халқи тоҷик хеле фаровонанд ва барои таҳкими ҳисси ватандустии ҷавонон хизмат карда метавонанд. Бояд ҳар як шахс чун аҷдодони ватандӯсти худ садоқати худро ба авлод, оила ва ватани худ исбот намуда, онро аз ҳадди одоби инсонӣ набаромада, бидуни ғаразҳои шахсӣ  ифода  кунад.

Ватан – ҷоне, ки дар ҷони ману туст,

Ватан – ноне, ки дар хони ману туст.

Ватан ойинаи оби зулол аст,

Ватан покии виҷдони ману туст.

Ватан як пораи нури илоҳист,

Шабафрӯзи шабистони ману туст.

Ватан ишқ аст, ишқи ёри ҷонист,

Ватан ҷонона ҷонони ману туст.

Ватан пайваста пайки родмардист,

Ба по истода паймони ману туст.

Ватан он моми пир, он тифли маъсум,

Ватан дар рӯи дастони ману туст.

Дили ӯ дар дили мо мезанад дил,

Ватан дар хуни шарёни ману туст.

Ватан гуфтан кам аст, эй ҷон, Ватан бош!

Ватан дар шонаву шони ману туст…

Тоҷикистон – Ватани азизу маҳбуби мост. Ватанро азиз доштан, ба муқаддасоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он фарзи имонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бедордилу фарҳехта ва худогоҳу худшинос мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ масъалаи ватану ватандӯстиро таҳлил ва баррасӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуданд:

Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем.

Он дарахте, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар буд, ки миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсанди ва ваҳдату сулҳ падидор аст.

Роҷеъ ба ин мавзуъ дар китоби Саид Мирзо Шариф бо лаҳни ҷаззобу дилчасп навиштааст:

Ӯ Ватан мегуфту мегуфт ӯ Ватан.

Чашми ибрат баркушо, ай ҷони ман,

Боғи ирфонро нигар дар хони ман.

Аҳли илму маърифат якҷо шуда,

Тозагулҳои наве пайдо шуда.

Шеъру шоир дар ватан обод бувад.

Гуфтани шеъру сухан озод бувад.

Шукри он шоҳи халоиқпарварам,

Ҳомии фарҳангу шоирпарварам.

Аҳли илме, ки буданд дур аз Ватан,

Ҷумларо хонда фаро ӯ бар Ватан.

Ҷашни ирфон, орифони тоҷикон:

Носири Хусрав, Алии Ҳамадон.

Рӯдакию Ҷомию Шайхи Камол,

Туғралу Мавлои Балхӣ баркамол.

Рӯҳи Имоми Аъзамро шод кард,

Мазҳаби ёдрафтаро обод кард.

Тоҷикистон ифтихору бахти мост,

Пешвоӣ неъмату лутфи Худост...

«Ҳар валиву ҳар набиро маслакест,

Лек то ҳақ меравад, ҷумла якест».

Тоҷикистон, ҷовидон бо Сарварат,

Пешвои миллату тоҷи сарат!

Нури Истиқлол дурахшон бар раҳат,

Халқи олам шуд дуогӯи дарат.

Парчами тоҷику тоҷи тоҷикон

Ҷилвагар бодо бар олам Ҷовидон!!!

Хулоса ватандорию ватансолориро ки ҷавонони мо бештар ба илму ҳунар, таваҷҷуҳ намоянд, то ки дар ин роҳ ба дастовардҳои нав ноил гарданд. Барои ин ҳамаи шароит муҳайё буда, таърихи чандин ҳазорсолаи худ нигариста, ҳар як ҷавони тоҷик барои комёб шудан ба қуллаҳои баланди илмӣ бояд аз худ боварии комил дошта бошад ва ба худ ҳамеша гӯяд, ки мо аз уҳда ва масъулияти он мебароем.

 


[1] Сураи Бақара, ояти 126.

Pray time in Dushanbe

23.11.2024

More
Fajr05:38
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:10
Isha18:40
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More