Home Articles Рамазон моҳи пок шудан аст

Рамазон моҳи пок шудан аст

Рамазон моҳи пок шудан аст
2016-06-02
5604

Ба номи худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳикмати Худованд тақозо мекунад, ки баъзе замону маконҳо нисбат ба баъзе дигар фазилату бартарӣ дошта бошанд, чунонки баъзе пайғамбарон ба баъзе дигар дорои фазлу мақоми хос ҳастанд. Худованд дар каломи худ мефармояд:

“Баъзе аз ин пайғамбаронро бар баъзе фазл додем: аз онҳо касе ҳаст, ки Худо бо ӯ сухан гуфт ва баъзеро дар мартабаҳо баланд кард”. (Сураи “Бақара”; ояти 252).

Албатта Худованд баъзе вақтҳо, рӯзҳо ва моҳҳоро ба атоҳои рӯҳонӣ хос кардааст. Шахсе, ки ба ин атоҳои рӯҳонӣ рӯй оварад ва онҳоро ба тоату ибодатҳо зинда дорад, некбахт мешавад ва наҷот меёбад. Аммо шахсе аз он алтофи илоҳӣ рӯй гардонад ва ба шаҳавоту аъмоли зишт машғул гардад, зиёнкор ва хор мешавад. Дар ҳадисе омадааст:“Албатта барои Худованд дар баъзе рӯзҳои замони шумо бахшиш ва атоҳост, бас ба онҳо рӯй оваред, зеро агар аз ҳамон атоҳо ва бахшишҳо ба яке аз шумо расад, ҳаргиз бадбахт намешавед”.

Аз ҷумлаи бузургтарини неъматҳои Худованд ба бандагонаш неъмати рӯза доштани моҳи Рамазон аст, моҳе, ки агар мардум хайру баракати онро бидонанд, ҳароина орзу кунанд, ки ҳамаи моҳҳои сол Рамазон бошад. Чунонки дар ҳадиси Паёмбари Худо (с) омадааст: “Моҳи Рамазон моҳест, ки  аҳли ҷоҳилият онро бузург мешумориданд. Вақте ки Ислом омад, мақому манзилати онро боз афзунтар намуд”.

Моҳи Рамазон моҳест, ки Худованд муслиминро бар болои душманҳояшон нусрат дод, амсоли ғазваи Бадр, ғазваи фатҳи Макка, ғазваи Табук ва ғайра. Рамазон моҳест, ки дар он дарҳои ҷаннат кушода мешавад, дарҳои дӯзах баста мешавад ва шайтонҳо дар занҷир кашида мешаванд. Моҳи Рамазон моҳест, ки аввалаш раҳмат, мобайнаш мағфират ва охираш озод шудани муъминон аз оташи дӯзах аст. Моҳи Рамазон моҳест, ки китобҳои осмонӣ дар он нозил шудааст, хусусан Қуръон, ки ҳидояткунандаи мардум ва сабаби наҷоти тамоми башарият аст. Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он шаби Қадр вуҷуд дорад, шабе, ки аз ҳазор моҳ  беҳтар аст. Моҳи  Рамазон моҳест, ки дар аввали шабаш саҳифаҳо барои Иброҳим (а), дар шаби шашум  Таврот ба Мӯсо (а), дар шаби сездаҳум Инҷил ба Исо (а) ва дар шаби Қадр Фурқон бар Муҳаммад (с) нозил шудааст.

Фазилатҳои моҳи Рамазон аксар аз ин аст, ки таҳти ҳисоб дарояд. Агар ин моҳи бузургро ба сифати муаллим сифат карда тавонем, пас мегӯем, ки ин моҳ моҳи таҳзиби ахлоқ ва пок шудан аз сифоти нописандида аст, зеро рӯза нафси инсонро бар покӣ ва истиқомат ва қалбро ба пок шудан аз васвасаҳои шайтонӣ кӯмак мекунад, шахсро барои зинат ёфтан ба фазилатҳои волои инсонӣ, муроқаба аз Офаридгори худ ва тарси Ӯ дар пинҳону ошкор одат медиҳад, зеро рӯза сирре байни мардум ва холиқи онҳост.

Дар ҳадиси Расули Худо (с) омадааст: “Рӯза нагаҳдоранда аз гуноҳон аст, модоме ки онро насӯзонанд”. Шахсе пурсид: “Ба чӣ онро месӯзонанд, эй Паёмбари Худо (с)?”. Гуфт: “Онро ба дурӯғу ғайбат месӯзонанд”

Рӯза доштани моҳи Рамазон илова бар он машаққате, ки дар он вуҷуд дорад, ба инсон одоби амал низ меомӯзад. Аз ҳазрати Юсуф (а) пурсиданд: “Барои чӣ бар гуруснагӣсабр мекунӣ, ҳол он ки хазинаҳои Миср ба ту дода шудааст?”. Юсуф  (а) гуфт: “Метарсам, ки сер шаваму гуруснагонро фаромӯш кунам”.

Вақте ки рӯзаи моҳи Рамазон фурсате барои таҳзиби ахлоқу касби одоб бошад, пас ба сабр ниёз дорад, зеро сабр ҳам дар ҳаёти мардум ва ҳам пас аз маргашон фоидаҳои бисёр дорад. Аз ҷумлаи манфиатҳои рӯза дар ҳаёти мардум ин аст, ки Паёмбари Худо (с) онҳоро башорат додааст, ки дуои онҳо рад намешавад. Дар ҳадис омадааст: “Дуои се гурӯҳ рад карда намешавад: “Дуои рӯзадор, ҳоҷӣ ва мазлум”.Ҷои дигар онҳоро боз чунин башорат додааст: “Бӯи даҳони рӯзадор дар назди Худованд хушбӯйтар аз бӯи мушк аст”.

Худованд ба рӯзадорон фахр мекунад ва ба фариштагон мегӯяд: “Ба бандагони муъмини ман назар кунед, ки бандаи ман таъому шароб ва шаҳваташро барои ман тарк кардааст, шумо шоҳид бошед, ки ман гуноҳони онҳоро омурзидам”.

Аз ҷумлаи манфиатҳои рӯза баъди марг ин аст, ки Худованд барои рӯзадорон дари махсусе офаридааст, ки аз ҳамон дар ба ҷаннат дохил мешаванд. Дар ҳадис омадааст:“Албатта дар ҷаннат дарест, ки “Райён” ном дорад, аз он дар фақат рӯзадорони моҳи Рамазон дохил мешаванд”.

Албатта Рамазон аз барои соҳибаш дар рӯзи қиёмат шафоат мекунад. Дар ҳадисе омадааст: “Рӯза ва Қуръон барои инсон дар рӯзи қиёмат шафоат мекунанд, рӯза мегӯяд: “Эй Аллоҳ, ӯро аз хӯрдану ошомидан ва адои шаҳват дар рӯз манъ кардам”. Қуръон мегӯяд: “Эй Аллоҳ, ӯро аз хоби шаб манъ кардам”. Пас Худованд шафоати ин дуро қабул мекунад”.

Оқил шахсест, ки ин моҳи Рамазонро ба сухани хуб ва амали солеҳ обод медорад. Худованд мегӯяд:

“Ва он чиро аз амали нек, ки барои хештан мефиристед, назди Худо беҳтар ва ба эътибори музд бузургтар хоҳед ёфт. Ва аз Худо талаби омурзиш кунед, ба дурустӣ ки Худо Омурзандаи Меҳрубон аст”. (Сураи “Муззаммил”, ояти 20).

Аз Худованд илтиҷо мекунем, ки ҳамаи моро барои анҷоми он амалҳое, ки дӯст медорад ва меписандад, муваффақ гардонад. 

Pray time in Dushanbe

22.05.2025

More
Fajr03:29
Zuhr12:40
Asr17:50
Maghrib19:47
Isha21:17
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More