Home Articles НАҚШИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР БАҲАМОИИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ДИНӢ

НАҚШИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР БАҲАМОИИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ДИНӢ

НАҚШИ ИМОМИ АЪЗАМ ДАР БАҲАМОИИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ДИНӢ
2024-05-29
613

     Дарвозаи баҳамоии арзишҳои миллӣ ва динӣ дар паҳнои давлати ҳуқуқӣ ва манфиати соҳибистиқлолии кишвар дар байни дин ва миллат кушода шуд.

         Ислом ва арзишҳои миллӣ аз ҷузъҳои таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мегарданд: «Қобили зикри махсус аст, ки тоҷикон дар давоми асрҳои зиёд пайваста дар таҳаввулу инкишофи тамаддун ва фарҳанги исломӣ саҳми бузург гузоштаанд. Шинохти комили таърихи ислом бе омӯзиш ва баҳои муносиб додан ба нақши махсуси тоҷикон аз имкон берун аст. Аз ин ҷиҳат, имрӯз исломро аз фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост». Мо аз таърих хуб медонем, ки сарзамини Тоҷикистони таърихӣ аз сарҳади имрӯзаи кишвари мо хеле фарохтар буда, фарогири мавқеи сукунати форсизабонони шарқист. Таҳлили амиқи илмӣ собити он дорад, ки мансубияти шахсиятҳои бузург ба халқу миллатҳо аҳамияти нисбӣ дорад, вале соҳибияти абармардони илму фан зиёдтар дар меросияти афкору аъмоли онҳо дар ҳаёт ва зиндагии мардум аст.

         Аҳамияти таърихии ин амр аст, ки соли 2009 соли бузургдошти поягузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит эълон гашт ва аз хидматҳои ӯ дар густариши тамаддуни исломӣ њамагӣ ошно шуданд. Албатта хидматҳои эшон барои мардуми шарифи тоҷик ва тамоми мусалмонҳо мояи ифтихор ва қаҳрамонист. Зеро ин марди бузург воқеан тавонист ҷузъҳои фарҳанги миллиро бо фарҳанги исломӣ омезиш диҳад. Яке аз чунин шоҳкориҳо бо забони тоҷикӣ раво будани нияти намоз аст, ки имрӯз на танҳо ҳар як тоҷик бо забони модарии худ ҳам намоз ва ҳам корҳои дигари хайру эҳсонро ният мекунанд, балки мардуми мусалмони ҳамсоякишварҳо аз қабили узбекҳо, қазоқҳо ва ҳатто покистониҳо нияти намозашонро дониставу надониста ба тоҷикӣ мехонанд. Бояд таъкид дошт, ки хизмати Имоми Аъзам дар пойдорӣ ва асолати забони тоҷикӣ бениҳоят бузург ва азиз аст. Агар ин фарзанди барӯманди халқ намешуд, ғазовоти араб ва арабикунонии забони аҷам дар ибтидои паҳншавии ислом доираи забони тоҷикиро аз будаш бештар маҳдуд намуда, тақдири қудратҳои форсигӯйи Саффориҳою Тоҳириҳо ва баъдан Сомониёнро барои мо ноаён месохт. Зеро забони ноби тоҷикие, ки дар идораи ин давлатҳои нахустини халқияти тоҷик хизмат мекард ва мавқеи худро устувор нигоҳ медошт аз бисёр ҷиҳат аз фаъолияти сад сол муқаддами ин шахсияти бузург ғизои маънавӣ ва сиёсӣ мегирифт. Зеро исломикунонии ҳудуди хилофат тавассути арабикунонии забон ва оини зиндагӣ якҷо ҳаракат мекард. Гузашта аз он, яке аз унсурҳои муҳими паҳншавии қудрат дар таърих васеъшавии забон аст.

        Донишмандии ин шахсияти бузург буд, ки чун сипар забони тоҷикиро ҳамчун забони ибодати динӣ нақш ва масъулияти махсус дода, дар байни диндорон ҳамчун забони дуюми аҳли биҳишт эътироф намуда, дар даҳсолаҳои минбаъда роҳи парвози озоди онро ба давлатдории нахустин сулолаҳои форсигӯй таъмин сохт. Гарчанде тоҷикон ва мардуми форсигӯй дар саргаҳи кишварҳои арабзабон сукунат дошта, зарбаи нахусти ғазовоти арабро чун мавҷ ва лапиши бузурги тамаддуни исломӣ ба оини зиндагии хеш қабул карда бошанд ҳам, махсусияти худро, забони худро аз даст надоданд. Маҳз тавассути дониш ва малакаи ин шахс забони тоҷикиро воситаи амалӣ намудани рукнҳои ислом ва тоати исломӣ вориди тамаддуни нав гардонданд. Ба гумон аст, ки дигар шахсияте ин хизматро дар масири таърих ба забони миллати хеш карда бошад. Туркҳо ва миллатҳои дигари туркӣ, ки пас аз Сомониён риштаи идораи давлатро зери сарпарастии Қарахониён, Ғазнавиён, Салчуқиён, салатанати Усмониҳо тайи садсолаҳо нигоҳ дошта, садҳо нобиғаҳои илму фанро дар ислом тарбия карда, мақом ва мартабаи Султонии Шарқу Ғарбро касб карда, нуфузи худро то сарҳади хилофат паҳн намуда, муддатҳо нигоҳ дошта бошанд ҳам, вале он кореро, ки Имоми Аъзам баҳри забони тоҷикӣ кард дар ҳаққи забони хеш карда натавонистанд. Онҳо иҷозаи нияти намозро бо забони туркӣ, ӯзбекӣ ва ё забони дигар даст наёфта, бо ҳама ин ҳашамоту оламгирӣ дар иҷрои тоату ибодат тобеи забони тоҷикию арабӣ боқӣ монданд.

        Бинобар он, бузургдошти ин шахсияти бузург дар шинохти воқеияти таърихӣ ва заҳмати беандозаи ӯ ба забони имрӯзи миллатамон қаҳрамонист. Ҷои тазаккур аст, ки мазҳаб ва мактаби ҳуқуқии ин донишманд дар ислом нақши муассире дорад, ки ҷуз ӯ каси дигар соҳиби он нест. Агар таълимоти ҳуқуқи ақлии ин абармарди ҳуқуқдон, ин донандаи рози фалсафаи ҳуқуқ намебуд, тақдири ҳуқуқи исломиро дар ибтидои хилофати Аббосиён бозгӯи кардан душвор буду фардои фиқҳи аҳли суннатро дар он рӯзгор тасаввур намудан номумкин. Ин шахсияти бузург буд, ки бӯҳрони вазнинтарини ҳуқуқи исломиро бо усулҳои ақлӣ дар ҳамбастагии асҳоби ҳадис дар пояҳои баланди маърифати ҳуқуқэҷодкунӣ бо риояи неруи табақабандии аслҳои исломӣ, бо дарназардошти манфиати халқиятҳои тасхиршуда, бо эҳтироми урфу одатҳои халқҳои дигар паси сар намуда, роҳи озоди инкишофи низоми ҳуқуқи исломиро то дергоҳ дар паҳнои ақл бо усулҳои қиёс ва истеҳсон нигоҳ дошт. Ҳуқуқи ақлии ин шахси камназир буд, ки дар арафаи аланга гирифтани моҷароҳои сиёсии Уммавиёну Аббосиён, вусъат ёфтани муноқишаи хориҷиёну шиаву тасаннун дар асосҳои ақлӣ, бо усули ҳимояи манфиатҳои умум, гузашт ва авфи гуноҳони кабира бо такя ба оятҳои қуръонӣ, пули ҳамдигарфаҳмӣ ва мусолиҳакорӣ миёни уммати исломӣ гузошта шуд.

          Ӯ пас аз Паёмбари ислом (с), нахустин касест, ки ақлро чун воситаи ҳалли муаммоҳои зиндагӣ истифода намуда, ба инкишофи тамаддуни исломӣ такони бузург дод. Пайравони ӯро дар ислом чун пайравони асҳоби раъй, ҷонибдорони неруи ақлӣ мешиносанд. Онҳо касонеанд, ки дар заминаи ақли инсонӣ инкишофи ҳуқуқи исломиро барои садсолаҳои оянда на танҳо таъмин карданд, инчунин дар асоси таълимоти мусолиҳакоронаю ҳамдигарфаҳмии вай, даҳҳо халқияту миллатҳо ва давлатҳои дур аз сарзамини арабу одати исломиро дар тобеияти дини мубини Ислом нигоҳ доштаанд. Мазҳаб ва мактаби ҳуқуқи ақлии Ў то он дараҷа қудрат ва тавоноӣ дошт, ки тасхиркунандагони тамаддуни исломиро (муғулҳо ва Ордаи тиллоӣ ба пайравии ин мазҳаб сар фароварданд), ки аз дину диндорӣ огоҳӣ надошта, мурдаи худро беному нишон гӯр карда, шӯстушӯй дар обро одати бад меҳисобиданд, тобеъ гардонида маданияти зиндагӣ, одобу муошират ва диндориро ба онҳо омӯхта, сарҳади тамаддуни исломиро васеъ намуд. Имрӯз тахминан нисфи мусулмонони рӯи замин пайравии ин мазҳабро доранд.

         Ӯ яке аз фақеҳони бузургест, ки низоми илми ҳуқуқшиносии исломиро бо риояи талаботи Қуръон, аҳодиси набавӣ ва талаботи замон тарҳрезӣ намудааст. Кулли поягузорони мактабҳои ҳуқуқӣ дар ислом худро тобеи фиқҳи ӯ медонанд. Аҷиб он аст, ки пас аз ҳазору ду сад соли ин шахсияти нодир илми ҳуқуқшиносии аврупоӣ рӯ ба қонуни ҳуқуқӣ, ва назарияи ҳуқуқи либералӣ намуда, бо усули ҳақшиносии ӯ низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосирро ғизо бахшиданд. Назарияи ҳуқуқи табиии И. Кант, фалсафаи ҳуқуқии Гегел ва позитивизми муосири Аврупо нусхаи каме такмилдодаи андешаҳои ин шахсияти бузург аст. Имрӯз усулҳои ҳуқуқэҷодкунии ин шахсияти бузург дар кори баҳамовардани тамаддунҳои ҳуқуқӣ ва мусолиҳаи низомҳои ҳуқуқӣ метавонад таҷриба ва намунаи хуб бошад.

        Тамоми ташаббусу шоҳкориҳои ин шахсияти таърихиро Ҳукумати мамлакат ба назар гирифта, маҳз ба хотири пос доштани ниёкон ва зиндаву ҷовид нигоҳ доштани шахсиятҳои бузурги таърихӣ на рӯз ва на ҳафта, балки соли махсусеро ба ифтихори ин абармарди бузург бахшида, ба ҷаҳониён қаҳрамонӣ ва нақшгузориҳои халқи тоҷикро муаррифӣ карданд.

Шосаидзода Ш.Ш. – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавииМаркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

22.11.2024

More
Fajr05:37
Zuhr12:40
Asr15:15
Maghrib17:10
Isha18:40
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More