Одоби рӯза

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Рӯзадор ба касе суханҳои беҳуда намегӯяд
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Чун яке аз шумо рӯза гирифта бошад, бар вай лозим аст, ки суханҳои беҳуда ва фаҳш нагӯяд ва ҷангу ҷидол накунад. Агар дигар касе бо ӯ ҷидол ва бадгӯӣ кард, пас бигӯяд, ки ман рӯзадорам». (Ривояти Байҳақӣ)
Рӯзадор кӯшиш мекунад, ки рӯзааш бо ихлос бошад
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Касе, ки дар моҳи Рамазон бо имон ва талаби савоб рӯза бидорад, тамоми гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешавад. Ҳамчунин касе, ки дар шабҳои Рамазон бо имон ва нияти савоб намоз (таровеҳ ва таҳаҷҷуд) бигузорад, тамоми гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешавад. Низ касе, ки дар шаби қадр бо имон ва қасди савоб намоз бигузорад, тамоми гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Рӯзадор дар шабҳои Рамазон Қуръон мехонад
Аз Абдуллоҳ ибни Амр (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Рӯза ва Қуръон ҳар ду барои одамӣ дархости шафоат мекунанд. Рӯза изҳор медорад: «Парвардигоро! Ман ин шахсро аз хӯурдану нӯшидан ва қазои шаҳват боздошта будам, имрӯз шафоати маро дар ҳаққи ӯ қабул бифармо!». Қуръон мегӯяд: «Ман ӯро аз хоб ва истироҳати шаб боз дошта будам, Парвардигоро! Имрӯз шафоати маро дар ҳаққи ӯ қабул бифармо!». Пас дархости рӯза ва Қуръон дар ҳақки он одамӣ қабул мешавад». (Ривояти Байҳақӣ)
Рӯзадор дурӯғ намегӯяд
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки ҳар шахси рӯзадоре, ки каломи беҳуда ва кори беҳударо тарк накунад, Худованд ниёзе ба гурусна ва ташна мондани ӯ надорад. (Ривояти Бухорӣ)
Рӯзадор дар даҳаи охири моҳи Рамазон бештар ибодат мекунад
Аз Оишаи Сиддиқа (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) дар даҳаи охири Рамазон дар ибодат чунон мекӯшиданд, ки дар дигар вақтҳо он қадар намекӯшиданд.
Рӯзадор шаби қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охир ҷустуҷӯ мекунад
Аз Оишаи Сиддиқа (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Шаби қадрро дар шабҳои тоқи даҳ шаби охири Рамазон биҷӯед».
Рӯзадор ҳангоми дарёфтани шаби қадр дуои махсус мехонад
Аз Оиша (р) ривоят аст,ки ман аз Расули Худо (с) пурсидам: «Эй Расули Худо (с)! Агар бароям маълум шавад, ки кадом шабе шаби қадр аст, ман дар он шаб ба пешгоҳи Раббулоламин чӣ бигӯям ва чӣ дуое кунам?». Он Ҳазрат (с) фармуданд: «Ин дуоро бихон: «Аллоҳумма иннака ъафуввун каримун туҳиббул-ъафва фаъфу ъаннӣ». Яъне: «Худовандо! Ба дурустӣ ки Ту бахшанда ва каримї, афву бахшишро дӯст медорї, пас маро бибахш». (Ривояти Тирмизӣ)
Рӯзадор саҳархӯрӣ мекунад
Аз Анас (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Саҳарӣ бихӯред, зеро дар саҳарӣ хӯрдан баракат аст». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Аз Амр ибни Ос ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Фарқ миёни рӯзаи мо ва рӯзаи аҳли китоб хӯрдани саҳарӣ аст». (Ривояти Муслим)
Рӯзадор дар ифтор шитоб мекунад
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Худованд фармудааст: «Аз бандагонам ба назди ман касе бештар маҳбуб аст, ки дар ифтори рӯза шитоб кунад». (Ривояти Тирмизӣ)
Рӯзадор ҳангоми ифтор дуо мекунад
Аз Муоз ибни Зуҳра ривоят аст, ки Расули Худо (с) дар вақти ифтор ин дуоро мехонданд: «Алломҳумма лака сумту ва ало ризқика афтарту». Яъне: «Эй Аллоҳ! Ба хотири ту рӯза гирифтам ва бо ризқи Ту ифтор кардам». (Ривояти Абӯдовуд)
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст, ки вақте ки Расули Худо (с) ифтор мекарданд, мегуфтанд: «Заҳабаз-замау вабталлатил-ъуруқу ва сабатал-аҷру иншоаллоҳу». Яъне: «Ташнагӣ рафъ гардид, рагҳо сероб шуданд ва аҷру савоб иншоаллоҳ собит шуд». (Ривояти Абӯдовуд)
Рӯзадор дар сафар ихтиёр дорад
Аз Оиша (р) ривоят аст, ки Ҳамза ибни Амри Асламӣ (р) бисёр рӯза мегирифт. Аз Расули Худо (с) пурсид, ки дар сафар рӯза гирад ё хайр? Он Ҳазрат (с) фармуданд: «Агар хостӣ, рӯза бигир ва агар нахостӣ, нагир». (Бухорӣ, Муслим)
Рӯзадор ба фаромушӣ чизе хӯрд, рӯзаро ба охир мерасонад
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар касе дар аснои рӯза ба фаромӯшӣ чизе хӯрд ва ё нӯшид, пас рӯзаи худро комил кунад, зеро Худованд ӯро таому об додааст». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)
Рӯзадор аз мисвок кардан парҳез накунад
Аз Омир ибни Рабеъа ривоят аст, ки гуфт: «Расули Худо (с)-ро борҳо дидам, ки дар ҳоли рӯза мисвок мекарданд». (Ривояти Тирмизӣ ва Абӯдовуд)
Рӯзадор аз сурма истифода мекунад
Аз Анас (р) ривоят аст, ки шахсе ба назди Расули Худо (с) ҳозир шуд ва пурсид: «Чашмам дард мекунад. Оё дар ҳоли рӯза метавонам аз сурма истифода кунам?». Он Ҳазрат (с) фармуданд: «Оре». (Ривояти Тирмизӣ).
Рӯзадор агар хурмо ёфт, бо хурмо ифтор кунад
Аз Салмон ибни Омир (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Чун яке аз шумо рӯза гирад, бо хурмо ифтор кунад, агар хурмо наёбад, бо об ифтор кунад, зеро об василаи покӣ аст». (Ривояти Аҳмад, Абӯдовуд ва Тирмизӣ)
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More