Home Articles МОҲИЯТИ АСЛИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ ВА ФАРҚИЯТИ ОН АЗ СЕ МАЗҲАБИ АҲЛИ СУННАТ ВА ҶАМОАТ

МОҲИЯТИ АСЛИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ ВА ФАРҚИЯТИ ОН АЗ СЕ МАЗҲАБИ АҲЛИ СУННАТ ВА ҶАМОАТ

МОҲИЯТИ АСЛИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ ВА ФАРҚИЯТИ ОН АЗ СЕ МАЗҲАБИ АҲЛИ СУННАТ ВА ҶАМОАТ
2024-12-31
67

Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон

“Ҷуз ин нест, ки аз бандагони Худо фақат олимон аз Ӯ метарсанд. Ба ростӣ ки Худо Ғолиби Омурзанда аст” (сураи “Фотир”, ояти 28).

Дар ин ояти карима Худованд олимонро ситоиш мекунад ва мегӯяд, ки онҳо ба сабаби илми худ қудрати Худоро ҳам бештар дарк мекунанду аз Худо метарсанд. Вақте сухан дар ҷанбаҳои фарқкунанда миёни мазҳаби ҳанафӣ ва дигар мазоҳиби аҳли суннат меравад, бояд ба хотир гирем, ки дар масъалаҳои усулӣ (аркон) тақрибан тафовуте ба назар намерасад, магар дар масъалаи шарҳи истилоҳи “имон”, ки Имоми Аъзам мегӯяд: “Имон иқрор ба забон ва тасдиқ бо қалб аст”. Мазҳабҳои дигари аҳли суннат ва ҷамоат дар баробари иқрор бо забону тасдиқ бо қалб амал кардан ба рукнҳои асосии динро ҳам шарти имон медонанд. Ғайр аз ин, тибқи таълимоти Имоми Аъзам имон каму зиёд намешавад ва бандаи муъмин ҳатто бо анҷом додани гуноҳони кабира ҳам аз имон хориҷ намешавад. Дар ҳоле ки мазҳабҳои дигари аҳли суннат дар ин масъала андак ихтилоф доранд. Танҳо дар ҳамин ду масъалаи усулӣ миёни мазҳаби ҳанафӣ ва се мазҳаби дигар – ҳанбалӣ, шофеӣ ва моликӣ тафовут ҳасту халос. 

Мазҳаби ҳанафӣ аввалин мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат мебошад, ки асосгузори он фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон мебошад. Ба назари мо 7 сабабе ҳаст, ки мазҳаби Имоми Аъзамро миёни мусулмонон шуҳрат дод ва боиси пайвастани шумораи хеле зиёди мусулмонон ба ин мазҳаби таҳаммулгаро гардид:

  1. Мазҳаби ҳанафӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоии мардумро фаро гирифтааст ва тақрибан ҳеҷ масъалае вуҷуд надорад, ки дар таълимоти он сарфи назар шуда бошад;
  2. Мазҳаби ҳанафӣ аз сиёсӣ кунонидани дини мубини ислом манъ намуда, Имоми Аъзам шахсан дар зиндагии худ дар ин самт ҳамчун намуна баромад кардааст.
  3. Мазҳаби ҳанафӣ хусусияти ақлгароӣ дошта, меъёрҳои он бо шароити муосири ҷомеаи мусулмонон мутобиқ мебошад;
  4. Дар мазҳаби ҳанафӣ аркони ислом ба таври сода ва осон тавзеҳ ва ташреҳ дода шудааст.
  5. Дар мазҳаби ҳанафӣ барои интихоби сарчашмаи фатво баъди Қуръони карим хеле сахтгирона муносибат шудааст. Яъне, сарчашмаи фатвоҳои мазҳаби ҳанафиро танҳо ҳадисҳои саҳеҳи Паёмбар (с) ташкил медиҳанд.
  6. Мазҳаби ҳанафӣ ҳамеша ва дар ҳама қарнҳо аз ҷониби давлатҳо ва ҳукуматҳо пуштибонӣ ёфтааст. Зеро дар таълимоти он урф ҳамчун сарчашмаи фиқҳ шинохта мешавад, ки ин омил барои ҳифзи арзиш ва манфиатҳои миллии миллату кишварҳои гуногун мусоидат мекунад.
  7. Мазҳаби ҳанафӣ дар миёни дигар мазҳабҳои аҳли суннат аз ҳама бештар китобу адабиёти фиқҳӣ ва фатвоҳо дорад.

Барои он ки моҳияти асосии мазҳаби аҷдодӣ бароямон равшан шавад, як сайри таърихӣ ба замони зиндагии Имом Абуҳанифа мекунем. Қабл аз ин бояд бидонем, ки баъди  паҳн шудани ислом дар Хуросону Мовароуннаҳр низ мардумони ин минтақа, аз ҷумла тоҷикон, тавонистанд  фарҳанги таҳаммулпазириро, ки дар маънавиёти онҳо решаи амиқи таърихӣ дошт, ҳифз кунанд. Донишмандони тоҷик дар мисоли Имоми Аъзам бо истифода аз таҷрибаи ғании фарҳангсозии ниёгони худ ин анъанаро на танҳо ҳифз карданд, ҳамзамон онро дар фарҳанги исломӣ ҷойгузин сохтанд.

Имом Абуҳанифа дар замони пурошўб ва ноороми хилофати Умавиҳо ва Аббосиҳо, ки низоъҳои динӣ-мазаҳабӣ дар бисёр минтақаҳои хилофат хусусияти сиёсӣ касб карда, пайравони фирқаҳо ба таҳқиру қатли ҳамдигар даст мезаданд, зиндагӣ кардааст. Дар ин давраи таърихӣ ҳодисаи ҳамдигарро ба куфр гунаҳгор ва ба қатл ҳукм кардани пайравони равияву фирқаҳои исломӣ ба ҳукми анъана даромада буд. Маҳз дар ҳамин давраи мушкили буҳрони сиёсиву маънавии хилофати Аббосиҳо Имоми Аъзам ба майдон омад ва хатари ногузири такфирро дарк намуда, бо такя ба Қуръону Суннат имонро ба Худои яккаву ягона, пайғамбар, фариштагон, рӯзи охират асос дониста, собит сохт, ки мусалмон бо содир кардани гуноҳ, чӣ кабира ва чӣ сағира кофир намешавад, то замоне ки аз дин хориҷ ва муртад нагардад. Чунон ки дар ҳадиси Пайғамбар (с) омадааст: “Имон он аст, ки ба Худо ва фариштагони Ӯ, ба китобҳои Ӯ, ба пайғамбарони Ӯ, ба тақдири некӣ ва бадӣ бовар намоӣ”.

 Ба ақидаи Абуҳанифа агар мусалмон гуноҳ карда бошад ҳам, вале касеро ба Худованд шарик надонистааст, доир ба авфи чунин мусалмон дуо бояд кард, зеро ӯ муъмин аст. Агар касе фароизро иҷро накарда бошад, мисли он аст, ки кӯдак падару модарашро дӯст медорад, вале нофармонӣ кардааст. Муъмин низ Худовандро дӯст медорад, вале баъзан ҳукми Ӯро риоя намекунад. Ҳамин тариқ, кас медонад, ки барои гунаҳкориаш ҷазо мебинад, вале бо ду сабаб гуноҳ содир мекунад: Аввалан умед дорад, ки гуноҳаш авф мешавад, сониян умед дорад, ки то марг аз гуноҳҳояш назди Парвардигор тавба мекунад. Ҳамзамон Абуҳанифа моҳияти куфрро равшан сохт. Ӯ муайян кард, ки вожаи куфр маънои инкори пурраро дорад, вале агар муъмин ба Худованд ва пайғамбаронаш, ба фариштагону рӯзи охират имон дошта бошаду аҳкомеро иҷро накунад, пас ӯ на кофир, балки гунаҳгор аст. Куфр бошад, аз инкори имон бармеояд.

Дар ҳамин даврони бӯҳрони сиёсӣ таълимоти каломию фиқҳие, ки Имоми Аъзам коркард намуда, дар мазмуни истилоҳҳои такфиру ҷиҳод хусусияти таҳаммулпазирӣ ҷойгузин кард, фарҳанги исломиро ғанӣ ва ҷомеаи мусулмониро наҷот бахшид.

Ба ҳамин минвол Абуҳанифа истилоҳи “ҷиҳод”–ро низ тафсир дода, баён дошт, ки мусулмон натанҳо ҳуқуқи бо мусулмони дигар ҷиҳод кардан надорад, ҳатто бесабаб наметавонад бар муқобили ғайримусулмон низ ҷиҳод намояд. Ӯ дар асоси сарчашмаҳои исломӣ, навъҳои мухталифи ҷиҳодро муайян карда, таъкид сохт, ки ҷиҳод бар алайҳи ғайримусулмон ҳамон вақт ҷоиз аст, ки агар ғайримусулмон ба мусулмону аҳли оилааш, моликият ва ватану дини ӯ таҷовуз намояд. Бо ҳамин усул Абуҳанифа ҷиҳодро ба маънои худмуҳофизаткунии мусулмонон аз таҷовузи душманон ва бартараф кардани хатари таҷовузи онҳо фаҳмид, ки на танҳо хусусияти таҳаммулпазирӣ, инчунин маънои ватандӯстиро низ ифода менамояд.

 Гузашта аз ин, Имоми Аъзам бо тақозои замон дар коркарди таълимоти каломию фиқҳии худ ба ҷуз Қуръону Суннат аз сарчашмаҳои дигар – иҷтиҳод, қиёс ва урф истифода карда, ақлгароӣ ва навовариро дар фарҳанги исломӣ ҷойгузин намуд. Дар ин росто истифодаи урф ҳамчун сарчашмаи фиқҳ барои хусусияти таҳаммулпазарӣ касб кардани ислом нақши бориз дошт. Зеро он ба мардумони ғайриараб, ки побанди урфу одатҳои худ буданд, имконият фароҳам овард, ки дар фарҳанги исломӣ арзишҳои миллии онҳо ҷойгоҳи хос ишғол намояд ва дар эҳё ва ҳифзи фарҳангҳои миллӣ мусоидат кунад. Имоми Аъзам ба забонҳои маҳаллӣ низ эҳтиром мегузошт. Ӯ ба забони тоҷикӣ (форсӣ) нияти намоз ва дуоҳоро ҷоиз дониста, дар ба вуҷуд омадани осори динӣ бо забони аҷдодиаш мусоидат кард. Ин ҷанбаи таълимоти каломию фиқҳии ҳанафӣ ба он халқҳое, ки ин таълимотро пазируфтанд, имкон дод, ки онҳо расму одатҳои миллии худро бе мамоният иҷро намоянд. Ба ҳамин хотир, тавре гуфтем, яке аз сабабҳои дар байни халқҳои мухталиф бештар паҳн шудани мазҳаби ҳанафӣ дар хусусияти ақлгароию таҳаммулпазирӣ ва инсонгароӣ доштани он мебошад.

Илова ба ин, Абуҳанифа дар баробари андешаи ақлгароию таҳаммулпазириро дар дини ислом ривоҷ додан, кӯшиши зиёд ба харҷ дод, ки ин рукнҳои таълимоти худро бо ахлоқи исломӣ низ пайванд созад. Ӯ ахлоқро ҷузъе аз фурӯъи дин дониста, иҷрои қоидаҳои ахлоқиро барои мусулмон аз воҷиботи динӣ ҳисобид. Ба ҳамин васила Имоми Аъзам ҷанбаи эътиқодӣ доштани ахлоқро такмил дод ва дар пояи ахлоқ устувор будани исломро асоснок намуд. Аз ин нигоҳ, мазҳаби Ҳанафӣ дар кори ба ҳайси як падидаи маънавӣ–ахлоқӣ ташаккул ёфтани ислом дар замони буҳрони сиёсии хилофатҳои умавӣ ва аббосиҳо ва авҷ гирифтани муборизаҳои сиёсӣ–динӣ нақши калон бозид. Агар ба масъала фарохтар нигарем, ислом дар гаҳвораи араб арзи вуҷуд карда бошад ҳам, аммо дар домани мардумони ғайриараб, махсусан тоҷикон ки аз қадим соҳибтамаддун буданд, тарбият ёфт ва бузург гашт. 

 Аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ исломро дар тарғиби андешаҳои экстремистию террористӣ истифода кардан амали зиддиисломӣ ба ҳисоб меравад ва тарғиби он дар кори пешгирӣ кардан аз экстремизму терроризм чӣ дар байни мусулмонон ва чӣ дар нисбати ғайримусулмонон аҳамияти хос дорад. Ҳамин тариқ, бо заҳмату кӯшиши Имоми Аъзам ва шогирдонаш мазҳаби ҳанафӣ ба мактабе табдил гардид, ки мусулмонон тавонистанд дар он таҳаммулпазириро ҳамчун андешаи калидии дини ислом дарёбанд. Имрӯз дар ҷаҳони ислом, ки ба иллати аз ҷониби бегонагон таъсис додани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии ифротӣ низоъҳои сиёсӣ-мазҳабӣ хеле авҷ гирифтааст ва онҳо асосан пиёдасозандагони манофеи қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ҷаҳони исломанд, таълимоти каломӣ-фиқҳии Абуҳанифа аҳаммияти хос дорад.

Ҳар яки мо ҳамчун фарзандон ва меросбарони Имоми Аъзам агар аз таълимоти ӯ ошно бошему бо он амал кунем, иншоаллоҳ ҳамаи зуҳуроти нангини ҷомеаи мо дар мисоли хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, тақлидкории ноҷо, исрофкорию зиёдаравӣ аз байн хоҳад рафт.

Pray time in Dushanbe

04.01.2025

More
Fajr06:07
Zuhr12:40
Asr15:22
Maghrib17:20
Isha18:50
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More