Home Articles ФАЗИЛАТИ САДАҚА

ФАЗИЛАТИ САДАҚА

ФАЗИЛАТИ САДАҚА
2025-03-18
61

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Худованди покро ва дуруду салом бар Ҳазрати Муҳаммад (с) ва хонадону ёронаш. 

        Бояд як нуктаеро ёдрас шавем, ки парҳезкорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, аз рӯи тавону имон кумак намудан ба бародарону хоҳарони мусулмони худ, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи наку ва тақвияти он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки барои фарди мусалмон ҳатмӣ шуморида мешавад. Ҳар як шахс барои ризои Худо амалҳои нек ва ё корҳои хайру савобро бояд амалӣ намояд.

        Садақа кардан сабаби кушоиши ризқ гашта, Худованд дар ин дунё ҳам ба садақакунанда баракат ато мекунад. Худованд мефармояд: «Бигў: Ҳамоно Парвардигори ман ризқро фаровон медиҳад, барои ҳар касе, ки аз бандагонаш бихоҳад ва танг мекунад. Ва ҳар он чизеро, ки нафақа мекунед, пас Худованд онро бармегардонад. Ва ў беҳтарин ризқдиҳандагон аст» (Сураи «Сабаъ», ояти 39). Яъне ивази онро беҳтар аз он дар ҳамин дунё медиҳад. Пас садақа кардан на танҳо молро кам намекунад, балки онро афзун месозад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳаргиз амвол аз садақа кардан кам намешаванд» (Ривояти Муслим). Боз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Се чиз аст, ки ман ба он қасам ёд мекунам ва ба шумо сухане мегўям, онро ҳифз намоед: Ҳаргиз моли банда аз садақа кардан кам намешавад. Зулм карда намешавад банда, пас сабр меварзад, дар он зулм, магар ин ки Худованд иззаташро афзун мегардонад. Ҳеҷ бандае дари талбандагиро накушодааст, магар ин ки Худованд барояш дари камбаѓалиро боз мекунад» (Ривояти Тирмизӣ).

       Бояд мо ҳаргиз чунин гумон накунем, ки моли садақакардаамон талаф шудааст, балки бояд яқин дошта бошем, ки он боқист ва афзоиш меёбад, вале он молеро, ки дар даст дорем, ин аст, ки зоеъ мегардад. Ҳазрати Оиша (р) ривоят мекунад, ки боре онҳо гўсфандеро куштанд, пас Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсид: «Чизе аз он боқӣ монд?» Оиша гуфт: Чизе намонд, ҷуз китфаш. Он ҳазрат фармуд: «Ҳамааш боқӣ монд, ҷуз китфаш» (Ривояти Тирмизӣ). Яъне вақте онҳо ҳамаи гўсфандро садақа карданд ва китфашро барои худ монданд, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт, ҳамаи он барои охирати мо боқӣ монд, аммо китфаш, ки барои худ монданд, гўё боқӣ намондааст. Ў барои умматони худ дарс медиҳад, ки танҳо ҳамон моле боқӣ мемонад, ки онро барои охират сарф мекунанд ва он чизеро, ки садақа намекунанд, ба зудӣ аз дасти онҳо меравад.

        Садақа накардан сабаби талаф шудани мол аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳар субҳе, ки бандагон бармехезанд, ду малоика садо мекунанд. Яке мегўяд: Худоё, ҳар кӣ садақа кунад, барояш онро баргардон. Дигаре мегўяд: Худоё, он касеро, ки садақа намекунад, молашро талаф кун» (Ривояти Муттафақ).

         Аз ин хотир бояд шумо аз моли беҳтаринатон садақа намоед, на аз моли пасту бесифататон. Худованд мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, нафақа кунед аз хушиҳои он чӣ касб мекунед ва аз он чӣ бароятон аз замин баровардаем. Ва шумо қасди додани чизи вайронро накунед, ки худ онро қабул надоред, магар ин ки чашмонатонро бипўшонед. Ва дониста бошед, ки Худованд ѓанӣ ва ҳамид аст» (Сураи «Бақара», ояти 267). Худованд амр мекунад, то аз молҳои хуб садақа намоем ва аз садақа кардани моли паст манъ мекунад. Ў мегўяд: Он гуна, ки худатон намехоҳед, бароятон чизи бад диҳанд, пас худ низ чунин чизро ба дигарон надиҳед. Чӣ гуна шумо барои мардум розӣ мешавед он чизеро, ки барои худ розӣ нестед? Баъди ин Худованд хабар медиҳад, ки Ў мўҳтоҷи садақаҳои шумо нест ва вақте шуморо амр ба садақа мекунад, барои фоидаи худи шумо амр мекунад. Пас барои худатон чизи беҳтареро бидиҳед. Худованд мефармояд: «Шумо ҳаргиз ба ҷаннат намерасед, то ин ки сарф накунед аз он чӣ дўст медоред» (Сураи «Оли Имрон», ояти 92). Яъне шумо ҳаргиз соҳиби эҳсон, тақво ва мартабаҳои олии ҷаннат намегардед, магар вақте, ки маҳбубтарин моли худро сарф намоед. Вақте ин оят нозил шуд, саҳобагон шитоб карданд ва беҳтарин молҳои худро садақа намуданд, то ба Худованд наздиктар шаванд. Абуталҳаи Ансорӣ (р) боѓи худро, ки хеле дўст медошт, садақа намуд ва ҳазарати Умар (р) канизаке дошт, ки мавриди писанди ў буд, озод намуд ва гуфт: Худованд мефармояд: «Шумо ҳаргиз ба ҷаннат намерасед, то ин ки сарф накунед аз он чӣ дўст медоред» (Сураи «Оли Имрон», ояти 92).

        Хотирасон кардан ба маврид аст, ки садақа аслан ба ятимон, ниёзмандон, барҷомондагон ва бепарасторон ҷоиз мебошад ва додани садақа ба дороён ва касоне, ки қудрати кор кардан доранд, раво нест.

        Пас мо бояд суннати Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва салламро зинда намоем ва ба бародарони худ накўӣ кунем ва ҳурмати ин ибодат илоҳиро ба ҷо оварем. Ҳамоно, ки Худованд накўкоронро дўст медорад ва садақакунандагонро мукофот медиҳад. Ҳар кӣ қадри ибодатҳои Худоро донад, ин далели амонатдорӣ ва тақвои дилҳост.

         Ин навиштаи худро бо  нигоштаи Шайх Аттори Нишопурӣ ба пойн мерасонам:   

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Pray time in Dushanbe

20.03.2025

More
Fajr04:55
Zuhr12:40
Asr16:47
Maghrib18:46
Isha20:16
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More