ИСЛОМ ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Таҳаввулоте, ки давоми се даҳсолаи охир дар ҷомеаи башарӣ ба вуҷуд омад, бо суръати тез андешаву мафкураи мардуми гуногунмазҳабу гуногунандешаро дигаргун сохт, пайравони дину мазоҳиб ва намояндагони миллатҳои мухталиф ва табақаҳои гуногуни ҷамъиятро водор сохт, ки ба ин рўйдодҳо ҷиддӣ муносибат карда, бетафовут набошанд ва аз онҳо хулосаи зарурӣ бардоранд.
Бояд қаблан зикр намуд, ки ҳамаи инсоният, новобаста аз он ки аз кадом рангу нажоданд, дар кадом сарзамин ба сар мебаранд, ба ҳар забоне, ки суҳбат кунанд ва намояндаи ҳар ќишру табаќае, ки бошанд, фарзанди Одаманд ва дар манзалати фарзандии Вай мартабаи баробар доранд. Паёмбари гиромии Ислом (с) дар ҳаҷҷатул-вадоъ дар хутбаи худ ба мардуми зиёде, ки ҷамъ омада буданд, чунин хитоб кард:
"يا أيها الناس ألا إن ربكم واحد وإن أباكم واحد ألا لا فضل لعربي على أعجمي ولا لعجمي على عربي ولا لأحمر على أسود ولا أسود على أحمر إلا بالتقوى".
«Эй мардум! Парвардигоратон яке аст ва падаратон низ якест. Ҳамаи шумо аз Одам ҳастед ва Одам аз хок офарида шудааст. Ҳеҷ арабе бар ѓайри араб ва ҳеҷ сафедпўсте бар сиёҳпўст ба ҷуз василаи покӣ ва парҳезгорӣ бартари надорад». («Муснад»-и Ахмади Ханбал, ҷ. 5, с. 412).
Худованди мутаъол дар Қуръони маҷид чунин фармудааст:
يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُم مِّن ذَكَرٍ وَأُنثَىٰ وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا ۚ إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِندَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ [٤٩:١٣]
«Эй мардум! Мо шуморо аз мард ва зане офаридем ва ба сурати миллатҳо ва ќабилае даровардем, ба ростӣ гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортаринатон аст». (Сураи «Ҳуҷурот», ояти 13).
Агар иршодоти ќуръонӣ ва роҳнамоиҳои Пайѓамбари гиромии Ислом (с) ба таври даќиќ, ҳамаҷониба, бетарафона ва мунсифона мавриди таҳлилу арзёбӣ ќарор гирад, ба вазоҳати комил хоҳем дарёфт, ки дини Ислом дини сулҳу раҳмат буда, дар ҳеҷ замоне тундравию ифротгароӣ ва терроризмро пуштибонӣ накардаву нахоҳад кард.
Ногузир аст ки «Ассалому алайкум» сиғаи маъруфест, ки ҳар рўз миллионҳо мусулмон аз самими ќалб онро ба забон ҷорӣ месозанд, ки дар ин истилоҳ олитарин мафҳуми сулҳ ва дўстӣ нуҳуфтааст.
Калимаи «салом», ки аз решаи «силм» гирифта шудаасту маънояш сломатию сулҳ хостан мебошад, таҳияи мусулмонон буда, бо шуниданаш дар қалбҳо меҳру муҳаббати бародарӣ ҷўш мезанад. Ҳамчунин замоне, ки номи Пайѓамбари Ислом (с) ва ё номи дигар пайѓамбарон ба забон оварда мешавад, иборати «алайҳиссалом» ҳатман дар радифи он изофа мешавад. Мусулмонон намозҳои панҷгонаи хешро бо олитарин шиори сулҳу дўстӣ, яъне бо сиғаи «ассалому алайкум» ба поён мерасонанд. Ин аст ки мусулмононро водор месозад, ки то нисбат ҳеҷ як фарде ё ҳатто мaхлуқе кина ва ё адовату бадбинӣ надошта бошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун давлати соҳибистиќлол аз ҷониби кишварҳои дунё эътироф шудааст ва истиқлолият неъмати бузурги илоҳист, ки мардуми тоҷикро насиб гардид, натиҷаи ин сулҳу дўстии муслмонони кишвар мебошад.
Рўҳониёни кишвар дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа низ барои устувории ваҳдати миллӣ ва ободонии кишвари азизамон саҳм гирифта, зимни вохўриҳои худ бо мусулмонони кишвар ҳамеша барои сулҳу дўстӣ ва бародарию ҳамдигарфаҳмӣ ва аз ирҳобу даҳшатафганӣ дур буданро даъват мекунанд.
Худованди таборак ва таъоло ҳабиби дилҳо - ҳазрати Муҳаммад (с) барои густариши сулҳу оромиш ва раҳмат мабъус гардонида ва дини мубини Исломро бар пояи раҳмат қарор дод.
Далели раҳмату сулҳ будани Расули акрам (с) Қуръони маҷид мебошад, ки дар сураи “Анбиё” Худованд ба Раҳмати оламиён чунин хитоб мекунад:
وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِّلْعَالَمِينَ [٢١:١٠٧]
«Ва мо туро танхо мояи рахмат барои чахониён фиристодем». («Анбиё»; 107).
Ин нуктаро худи Пайѓамбари Ислом (с) низ таъкид намудааст, ки:
«Ман Пайѓамбари раҳмат ҳастам». (Ривояти Тирмизӣ).
Аз оёту аҳодиси зикршуда бармеояд, ки дини мубини Ислом бар пояи сулҳу раҳмат ва мусолимат бунёд ёфта, мўъминонро ба адолату баробарӣ, сулҳу ваҳдат ва ухуввату бародарӣ даъват мекунад.
Ќуръони азимушшаън муждадиҳандаи сулҳи башарист ва пайравони хешро барои иҷтиноб аз ҷангу ҷидол даъват менамояд:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا ادْخُلُوا فِي السِّلْمِ كَافَّةً وَلَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ ۚ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُّبِينٌ [٢:٢٠٨]
«Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамаги дар сулҳ дароед ва аз пайравии роҳи шайтон бипарҳезед». (Сураи «Баќара», ояти 208).
Худованди Маннон тавассути Қуръони маҷид башорат медиҳад, ки ба сулҳ дароед ва аз роҳи шайтон, ки роҳи нифоқу фитна, роҳи зулмату гумроҳӣ ва роҳи ҷангу ҷадалу ирхобу терор аст, парҳез кунед.
Дини мубини Ислом дар ҳеҷ маврид ҷангу хунрезӣ, қатлу набард ва рехтани хуни ноҳақро тарғиб намекунад, балки ҳатто дар ҳоли муҳориба дар майдони ҷангу набард ҳам ба сулҳу оштӣ даъват мекунад ва намегузорад ки касеро кофир гуфта шавад
Қуръони азимушаън мефармояд:
وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ أَلْقَىٰ إِلَيْكُمُ السَّلَامَ لَسْتَ مُؤْمِنًا [٤:٩٤]
«Ба он ки бо шумо аз дари оштӣ ва таслим дарояд, магўед, ки беимон ҳастӣ». (Сураи «Нисо», ояти 94).
Муфассирон бар ин аќидаанд, ки агар касе, ки бо мусулмонон дар ҳоли набард аст, иќдоми сулҳҷўёна бикунад, бар мусулмонон воҷиб аст, ки то дар муќобил ҷавоби мусбат диҳанд ва аз ҷанг даст бардоранд. (Ќуртубӣ, ҷ. 5, 336).
Хулосаи калом ин аст, ки Ислом – дини тундгароию ифротгароӣ ва терроризм нест, балки дини меҳру ухуват, сулҳу ваҳдат, ҳақиқату адолат аст. Динест, ки ҳамеша мардумро ба ваҳдати комил, сулҳу оштӣ даъват менамояд ва мо ҳаққонияти ин суханҳоро дар оёти Қуръони маҷид ва аҳодиси Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ошкоро дармеёбем.
Мо ходимони дин низ, дар пайравӣ аз Қуръону Суннат ҳар шабонарўз танњо хоҳони сулҳу ваҳдат ҳастем ва аз ҷангу ҷидол, низоъу фитна, тундгароию ифротгароӣ дурӣ меҷўем ва дуъо мекунем, ки Худоё сулҳи моро сулҳи доимӣ бигардон ва дар қалбҳои мо мудом улфату бародарӣ ва меҳру муҳаббатро устувор бинамо!Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Speeches by the President
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More


