Home Articles ФАЗИЛАТҲОИ МОҲИ ШАЪБОН

ФАЗИЛАТҲОИ МОҲИ ШАЪБОН

ФАЗИЛАТҲОИ МОҲИ ШАЪБОН
2026-01-23
26

Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон

 Ҳамду сано Худованди бузургро, ки моро ба роҳи ҳақ ҳидоят намуд ва бар мо неъматҳои бешумор арзонӣ дошт. Дуруду салом бар Паёмбари гиромӣ Муҳаммад (с) ва аҳли байти поку асҳоби гиромии ӯ.

Шаъбон ҳаштумин моҳи солшумории ҳиҷрӣ қамарӣ ба ҳисоб меравад. Ин моҳ дорои баракоту фазоили зиёде мебошад. Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: «Шаъбон моҳи ман аст ва Рамазон моҳи Худои таъолост». (Дайламӣ) Дар ҳадисе омадааст, ки Расули акрам (с) бо дидани ин моҳ, ин дуоро мехонданд: «Аллоҳумма борик лано фӣ Раҷаба ва Шаъбона ва баллиғно Рамазон». Яъне: Парваридгоро, моҳи Раҷаб ва Шаъбонро барои мо муборак гардон ва ба саломатӣ моро ба Рамазон бирасон.

Уламо гуфтанд, ки моҳи Раҷаб баданро, моҳи Шаъбон қалбро ва моҳи Рамазон рӯҳро пок мегардонад. Агар дар моҳи Раҷаб бадан ва дар моҳи Шаъбон қалб пок нагардад, дар моҳи Рамазон рӯҳ чӣ гуна пок хоҳад шуд.

Шаъбон ба маънои шох дар шох шудан аст. Ҳазрати Анас (р) мегӯяд: Сабаби ин ки ин моҳ ба Шаъбон номгузорӣ шуд, ин аст, ки дар ин моҳ, некиҳои рӯзадор ҳамчун шохҳо афзоиш меёбад ва рушд мекунад. Модарамон ҳазрати Оишаи Сиддиқа (р) мефармоянд: «Ҳеҷ моҳе ҳамчун Шаъбон (ба ҷуз Рамазон) мушоҳида надидаам, ки Паёмбар (с) дар он ин қадар ба касрат рӯза бигирад. Он Ҳазрат (с) бисёр меписандиданд, ки айёми Шаъбон рӯза дошта ба Рамазон мулҳақ намоянд. (Муслим, «Салот»-176 Абӯдовуд, «Савм», 56)

Ҳазрати Усома (р) мегӯяд: Эй Расули Худо (с), Шуморо мушоҳида мекунам, ки дар моҳи Шаъбон бисёр рӯза мегиред, сабабаш чист? Расули акрам (с) гуфтанд: Ин моҳ, чунон моҳе аст, ки дар миёни Раҷаб ва Рамазон қарор дорад, мардум аз фазилат ва аҳамияташ ғофиланд. Дар ин моҳ аъмоли бандагон ба боргоҳи Парвардигор арза карда мешавад. Ман орзу дорам, ки ба ҳангоми арза шудани аъмолам аз шумори рӯзадорон бошам. (Сунани Насоӣ)

Рӯза гирифтан дар ин моҳ, ба манзалаи хондани намозҳои суннатӣ қабл аз намози фарз мебошад. Фоидаи суннатҳо ин аст, ки бо хондани он қалби инсон ба сӯи намози фарз комилан мутаваҷҷеҳ мешавад. Ба ин гуна бо рӯза гирифтан дар Шаъбон нисбати унс ва тааллуқи қалбӣ бо рӯзаи Рамазон ҳосил мегардад. Номи Шаъбон аз калимаи «ташаъъаба» гирифта шуда, маънои вусъатдиҳӣ, паҳншавиро дорад, яъне дар ин моҳ хайру некӣ паҳн мешавад.

Дар баробари фоидаҳои ҷисмонии рӯзадорӣ дар рӯзҳои моҳи Шаъбон, он ҳамчун омодагӣ ба моҳи мубораки Рамазон дониста мешавад. Ба таври дигар бигӯем, он муқаддимаи моҳи шарифи Рамазон аст.

Дар ин моҳи муаззам қориёни Қуръон ба такрори Каломи шариф мепардозанд ва аз ҳамин ҷост, ки моҳи Шаъбонро моҳи қориён низ мегӯянд. Амр ибни Қайс ал-Муллоӣ аз ҳофизони машҳури Қуръон ҳамин ки моҳи Шаъбон медаромад, дӯконашро баста, ба қироати Қуръон саргарм мешуд.

Дар моҳи Шаъбон шаби олиқадре бо номи “Бароат” (Барот) мавҷуд аст, ки миёни рӯзҳои 14-15-уми ин моҳ меояд. Барот маънои тамоман дур ё ҷудо шуданро дорад. Ин шаб вақти покшавӣ аз гуноҳҳо аст. Аллоҳ таъоло гуноҳи он муъминеро, ки дар ин шаб тавба ва ё дуо мекунанд, мебахшад.

Ба ин мақсад Пайғамбар (с) фармудаанд: «Дар шаби понздаҳуми моҳи Шаъбон намоз гузоред, рӯзона дар рӯзи дигар рӯза доред. Дар ин шаб то баромадани офтоб меҳрубонии Аллоҳ таъоло беандоза буда, Ӯ шахсони муҳтоҷро бенасиб намегардонад.

Аллоҳ таъоло мефармояд: Оё ҳастанд онҳое, ки мағфирати гуноҳ металабанд? Ман онҳоро мағфират мекунам. Оё ҳастанд онҳое, ки сарват мехоҳанд? Ман ба онҳо сарват медиҳам. Оё ҳастанд бемороне, ки шифо мехоҳанд? Ман шифояшон медиҳам. Агар талаб дошта бошед, талаб кунед. Ман онро иҷро мекунам. (Ибни Моҷа, «Ат-тоҷ», ҷилди 2, саҳ. 93)

Шаъбонро ҳамчунин моҳи дуову зикру ёду таваҷҷуҳ ва ибодату истиғфор гуфтаанд.

Дар китоби “Мухтор-ул-аҳодис” аз ҳазрати Алӣ (р) меорад: «Ҳар ки дар рӯзи аввали моҳи Шаъбон рӯза дорад, ҳафтод некӣ дар номаи ӯ навишта шавад, ки ҳар некӣ баробари ибодати як сол бошад, ҳар ки рӯзи дувум рӯза дорад, ҳафтод гуноҳи ӯ бартараф карда шавад, ки ҳар гуноҳ муҷиби дузах бошад, ҳар ки рӯзи севум рӯза дорад, аз ҳафтод гуна бало амон хоҳад ёфт”.

Уламо гуфтаанд, ки Шаъбон панҷ ҳарф аст: “Ҳарфи «шин» дорандаи рӯзаи Шаъбонро шарафе дар дунёву охират бошад, ҳарфи «ъайн»  ӯро дар дунёву охират иззат бошад, ҳарфи «бо» дар дунё баракат ва дар уқбо баҳо бувад, ҳарфи «алиф» дар дунё амон ва дар уқбо улфат бувад, ҳарфи «нун» дар дунё намо ва дар охират нур бувад”.

Ҳамчунин гуфтанд, ки масали моҳи Шаъбон ҳамчун абр ва масали моҳи Рамазон ҳамчун борон аст, то  абр набошад, борон набувад, то дар моҳи Шаъбон худро пок накунӣ, дар моҳи Рамазон пок нашавӣ.

Дар фазилати ин моҳ шоире чунин фармудааст:

Шаъбон, ки моҳи соҳиби шаръ аст, даррасид,

Бар қалби муъминон ҳаме нури дигар расид.

Аз фазлу мансаби ин моҳ халқро,

Кишти умеду нахли саъодат ба бар расид,

Он рӯзгори тира, ки дар маъсият гузашт,

Ин моҳ бокаромату фатҳу зафар расид.

Растиву ҷастӣ, хоҷа зи бемории гуноҳ,

Инак табиби рӯза, ки акнун ба бар расид.

Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: «Ҳар ки дар моҳи Шаъбон сад бор дар шаб ва сад бор дар рӯз ба ман саловот бигӯяд, ӯро ба дӯзах кор набошад ва ба муҷарради мурдан ба биҳишт расад. Ва агар дар як шабонарӯз сесад бор саловот бигӯяд, Худои таъоло тани ӯро аз оташи дӯзах озод гардонад. Ва агар ҳар кас дар ин моҳ се ҳазор бор бар ман салавот бигӯяд, шафоъати ман ӯро воҷиб шавад. Ва ҳар кас, ки баъд аз ҳар намозе бисту панҷ бор бар ман салавот фиристад, Худои таъоло дар номаи аъмоли ӯ савоби бисту панҷ ҳазор некиро бинависонад».

Ҷои дигар Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: «Ҳар ки дар моҳи Шаъбон ҳазор бор ин калимотро бигӯяд, Худои таъоло ҳазорсола ибодатро, ки рӯз ба рӯза ва шаб ба намоз бошад, дар номаи аъмолаш сабт фармояд ва ҳазорсола гунаҳашро авф намояд. Калимот ин аст:

«Ло илоҳа иллаллоҳу ва ло наъбуду илло ийёҳу мухлисина лаҳуддина ва лав кариҳал-мушрикун».

Ҳамчунин Пайғамбари Худо (с) гуфтанд: «Ҳар ки дар моҳи Шаъбон ҳазор бор салавот фиристад, Худои таъоло ҳашт ҳазор ҳоҷати ӯро раво гардонад, ки хурдтарин ҳоҷат ин бувад, ки ӯро раҳмат кунад ва бузургтарин он бувад, ки дидори Худашро каромат фармояд”.

Аз Худованди меҳрубон масъалат ва умед дорем, ки моро дар ин моҳи пурхайру бобаракат тавфиқи анҷоми корҳои хайр ато фармуда, гуноҳонамонро биёмурзад ва ба моҳи мубораки Рамазон бирасонад. Омин.

Pray time in Dushanbe

23.01.2026

More
Fajr05:56
Zuhr12:40
Asr15:43
Maghrib17:44
Isha19:14
Speeches by the President
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More