Худову паёмбари меҳрубон дорем. тундгароӣ хоси мо нест!

Истиқлолияти давлатӣ, фазои сулҳу оромӣву пешрафту тараққиёт ва ободониҳое, ки то рафт зиёд шуда истодааст, як неъмат ва атои бузургест барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Худованди таъоло ба лутфу карами худ ба воситаи хидматҳо ва саъю кӯшишҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ато кардааст. Он имконият ва имтиёзоте, ки барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои озодона амал кардан ба аркони бинои Ислом ва мусалмонӣ, ки ба воситаи ба тасвиб расидани қонунҳо дар бораи озодӣ виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ба ҳар яки мову шумо дода шудааст, ин низ яке аз самароти дастовардҳои мазкур аст. Панҷ рукни Ислом, ки он иборат аз калимаи шаҳодат гуфтан, панҷ вақт намоз гузоридан, рӯзаи моҳи шарифи Рамазон доштан, агар ғанӣ бошад, соле як бор закоти мол додан ва агар қудрату тавоної доша бошад, дар умр як бор њаҷ кардан аст, ки ҳамаи ин панҷ асоси Исломро озодона иҷро карда метавонем. Аммо мутаассифона баъзе гурӯҳ ва фирқаҳои ифротӣ, аз қабили Салафия, Ваҳҳобия, ҳизби Наҳзат, ҳизби ихвону ҳизби таҳрир ва ғайраҳо ин неъматҳои илоҳиро нодида мегиранд ва мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ин тинҷиро ба ҷангу ҷидол табдил диҳанд ва барои пешрафти корашон аз номи дину шариат сухан гуфта, худро ҳамчун муҷоҳидони роҳи Ислом муаррифӣ карда, ҷавононро ба роҳи худ медароранд ва боз барои расидан ба мақсадҳояшон аз ягон амалҳои террористӣ ва экстремистӣ рӯй намегардонанд. Бинобар ин, бо вуҷуди ин ки дини муқаддаси Ислом поку беолоиш аз ҳамаи хушунат ва зӯроварӣ ва ифротгарию ғоратгарист, душманону бадхоҳони ин дин ба баҳонаи ин ки чанд гурӯҳ ва фирқаҳое, ки аз авбошон ташкил ёфта, зоҳиран худро ба Ислом нисбат дода барои расидан ба мақсадҳои нопокашон амалҳои нангини террористӣ ва экстремистиро ба иҷро мерасонанд, ин динро ба ирҳоб ва пайравонашро ба терроризму экстремизм мавриди туҳмат ќарор медињанд. Ҳол он ки яке аз ғояҳои асосӣ ва муҳимтарини ба ҷаҳон омадани ин дини муқаддас аз байн бурдани зулму тааддӣ ва қатлу ғорат ва тахрибу вайронкорист ва инчунин ҷорӣ кардан ва таълим намудани ахлоқи ҳамида ва дӯстиву бародарӣ ва раҳму шафқат байни афроди ҷомеи башарист.
Барои ин ки мо чи гуна будани раҳмат дар ин динро хубтар дарк кунем, аз меҳрубониҳои Худованд ва шафқати Пайғамбар (с) ва дӯстиву рафоқат байни ёронаш андаке баён мекунем. Худованд мефармояд: “Ва раҳматӣ васиъат кулла шайъ”, яъне раҳмати ман ҳама чизро фаро гирифтааст.
Рӯзе зане кӯдаки ширхораи худро гум кард, бисёр бо гиряву нолаҳо кофтукоб кард, оқибат онро ёфт ва чунон бо меҳру муҳаббати беандоза ба оғӯш гирифта, ба ӯ шир доду навозиш кард, ки Пайғамбари Худо ба ёронашон гуфтанд: Оё Шумо тасаввур карда метавонед, ки ҳамин зан кӯдаки худро ба оташ андозад? Гуфтанд: Қасам ба Худо, ки ҳаргиз не, Расулуллоҳ фармуданд: Меҳре, ки ин зан ба кӯдакаш дорад, Худованд ба бандагонаш аз ин ҳам зиёдтар меҳрубон аст.
Ҳазрати Пайғамбари Худо (с), ки воситаи нузули ин динанд, худ саропо раҳмати маҳз барои ҷаҳониёнанд. Ва Худованд ба Пайғамбараш хитоб карда гуфтааст, ки: «Ва мо арсалнока илло раҳматал лил-оламин» - Мо туро нафиристодем, магар ҳамчун раҳмат барои оламиён. Дар дигар оят ба мардумон хитоб карда мегӯяд: «Лақад ҷаакум расулун мин анфусикум азизун алайҳима аниттум ҳарисун алайкум бил муъминина рауфур раҳим» - Албатта омад шуморо Пайғамбаре аз ҷинси худатон, сахт аст бар Пайғамбар машаққат кашидани шумо (яъне аз озор расидан ба Шумо бисёр ғамгин мегардад), њарис аст ба ҳидоят ёфтани шумо ва барои муъминон сахт дилсӯзу меҳрубон аст».
Ҳамин меҳрубониҳои Пайғамбари Худо буд, ки дар як муддати кӯтоҳ тамоми қабоили араб, ки ҳама бо ҳамдигарашон душманони ҷонӣ буданд ва ҳеҷ кас эмин аз хавфу хатар набуд ва ҳамеша ҷангу ҷидолу ғоратгариҳо байнашон ба вуқӯъ мепайваст, чунон муттаҳид ва сарҷамъ сохтанд, ки ҳатто барои ҳамдигарашон молу ҷони худро дареш намедоштагӣ шуданд ва қалам аз тасвир кардани муҳаббати саҳобагон байни ҳамдигарашон оҷиз аст ва ҳатто ин ки барои меҳрубонию шафқати зиёд доштани мӯъминони он замон Худованд оятҳо нозил карда мадҳу ситоиши онҳоро намуд, ин чизро Худованд миннат карда мегӯяд, ки “Фабимо раҳматим минналлоҳи линта лаҳум ва лав кунта фаззан, ғализал-қалби ланфаззу мин ҳавлик», яъне: Эй Пайғамбар! Ба сабаби он раҳмате, ки аз тарафи Худо ба ту ато карда шуд, то ин ки бо мардум нармию меҳрубонӣ кардӣ ва агар дурушту сангдил мешудӣ, албатта ки онҳо аз атрофи ту дур мегаштанд.
Аз ин гуфтаи Худованд маълум мешавад, ки ривоҷу равнақ ёфтан ва паҳн гаштани ин дин ба олам танҳо ба сабаби бо раҳму шафқат будани пайғамбараш ва пешвоёнаш аст, на бо зарби шамшер, чи хеле ки душманон мегӯянд.
Чунончи аз оёту аҳодис ва ривоёти зикршуда бармеояд, инсоне, ки ба чунин Худои меҳрубону бораҳм банда бошад ва ба чунин Пайғамбари мушфиқу ғамхор уммат бошад ва чунин саҳобагони меҳрубону имомону пешвоёни хайрхоҳи уммати Исломро пайравӣ дошта бошад, оё чунин кас террорист ва экстремист мешавад?
Ҷавоб қатъист, ҳаргиз не, оё аз чунин кас қатлу куштор ва вайронкориву харобкорӣ ва зарару зиён расондан ба ҳамдинону ҳамватанонро интизор шудан мумкин аст? Ҳаргиз не.
Пас маълум мешавад, ки ин ба ном муҷоҳидон на аз худову пайғамбар огоҳӣ доранду на аз дину шариат, бинобар ин, он даъвоҳое, ки доранд, гӯё ин ки мехоста бошанд, давлати исломӣ барпо карда қавонини исломро ҷорӣ кунанд, инҳо ҳама дурӯғҳои ошкоро аст. Ии ин гурӯҳҳо ҳама вобастагону гумоштагони душманони Ислом ва хитматгорони хоҷагони хориҷиашон мебошанд, ки мехоҳанд ба ин восита дини мубини Исломро бадном созанд, дар ҳоле ки Худованд гуфтааст: "Онҳо мехоҳанд нури Худоро бо пуф кардани даҳонашон хомӯш кунанд, агарчанде ки ба кофирон нафорад ҳам, Худованд ба итмом расонандаи нури худ аст.
Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳуда нагуфтаанд, ки террористон ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд, бинобар ин ба ҳар яки мо лозим ва зарур аст, ки аввалан худ огоҳ бошем ва пас фарзандону атрофиёнро аз хатари ин вабои бедаво огоҳ ва барҳазар карда ба роҳи рост ҳидоят намоем.
Қорӣ Абдушукурхон,
cархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Истаравшан
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More