Иҷтиноб аз бемориҳои сироятӣ

Ба ҳамагон маълум аст, ки бемории ВИЧ-СПИД (норасоии масунияти бадан) бемории ҳалокатбор буда, ҳар сол дар миқёси олам ҷони чанд миллион нафарро аз байн мебарад ва теъдоди гирифторони ин мусибат, ки онро «вабои аср» меноманд, сол ба сол зиёд мегардад. Ин беморӣ ҳамчун вабо, ки сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии худро дорост, имрӯзҳо роҳҳои муолиҷа, аз байн бурдан, кам кардани шиддати он ва нигоҳ доштани ҷамъият аз зарарҳои ногувори он мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дорад.
Вируси норасоии масунияти одам - вирусе, мебошад, ки низоми ҳимояи ҷисмро халалдор карда, онро аз мубориза бар зидди бемориҳои сирояткунанда боз медорад. Яъне, Худованд дар ҷисми инсон ҷиҳозе офаридааст, ки ҳар гуна бемориҳои зараровар ба ҷисмро дур месозад. Вақте ки ин вирус ба ҷисм ворид мешавад, низоми ҳимояи ҷисм бо он муборизаро оғоз менамояд ва баъди чанде ин низом дар мавриди ҳимоя аз намудҳои гуногуни вирусҳо хеле заиф мегардад.
СПИД чист?
СПИД шакли мухтасари ибораи «бемории пайдошудаи норасоии масуният» мебошад. СПИД марҳилаи охирини ВИЧ буда, одамон дар натиҷаи суст шудани масунияти бадан ба баъзе бемориҳои ҳамроҳикунанда гирифтор мешаванд. Ҳамзамон, одам метавонад дуру дароз бо сирояти ВИЧ дар ҷисм зиндагӣ намояд ва ба СПИД гирифтор нашавад.
Агар шахси бемори СПИД сари вақт барои табобат ба мутахассисон муроҷиат накунад, метавонад ба ҳалокат расад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табобати СПИД ройгон буда, дар марказҳои табобати ин беморӣ таъмин карда мешавад.
Чӣ тавр худро аз сироятшавӣ ба ВИЧ ҳимоя намоем?
Мо медонем, ки ВИЧ асосан бо роҳи алоқаи беҳимояи ҷинсӣ бо шахси сироятшуда, истифодаи сӯзандору ва аз модари ба ВИЧ сироятёфта ба кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ мегузарад.
Пеши ин бемориро танҳо бо роҳи иффат ва мубориза бо алоқаҳои ҷинсии номашрӯъ метавон гирифт. Пешгирии чунин беморӣ танҳо аз роҳи даст кашидан аз ин амали зишт ва руй овардан ба бунёди оилаи солим аз байн хоҳад рафт.
Чунончӣ, Паёмбари Худо (с) дар ҳадисе ба ривояти Абдуллоҳ ибни Аббос фармудаанд : «Дар ҳар қавме, ки зино фош гардад, марг миёни эшон зиёда мегардад...».
Дар ин ҷода бояд қайд намуд, ки волидайн масъули асосӣдар пешгоҳи Худову халқ ба шумор мераванд. Пас, бояд падару модарон дар тарбия ва нигоҳ доштани насли худ аз вартаи ҳалокат саҳмгузор бошанд, зеро фарзандон амонатанд ва масъулияти онҳо ба души волидайн гузошта шудааст. Масъулияти волидайн он нест, ки фарзандони худро танҳо аз чиҳати иқтисодӣ таъмин намуда, аз тарбияи маънавӣва ахлоқии эшон дар ғафлат бошанд.
Чунонки гуфтем, ин вирус дар асоси алоқаи ҷинсии номашрӯъ, ки онро зино меноманд, сар мезанад чунонки Пайғамбари акрам (с) дар ин маврид мефармоянд:
«Эй мардумон, аз зино бипарҳезед, зеро дар ин амал шаш хислат аст, се дар Дунё ва се дар Охират. Оне, ки дар дунёст: рафтани нур, фақр ва кӯтоҳии умр ва оне, ки дар охират аст: сабабгори ғазаби Худо, ҳисоби бад ва ҷовидонӣ дар оташи дӯзах».
Аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят аст, ки гуфтанд: Рӯзе Паёмбар (с) ба тарафи мо рӯй оварда гуфт: «Эй муҳоҷирон, панҷ хислат аст, ки вақте ба он гирифтор шавед, паноҳ меҷӯям ба Худо аз ин ки гирифтор шавед ба он хислатҳо: Фоҳишагӣ дар кадом қавме зоҳир гардад, ҳатто ошкор кунанд онро, ин амал сабаби интишори вабо ва бемориҳои дардноке мегардад, ки дар гузаштагони онҳо набуд, аз тарозу ва паймона кам кардан сабабгори қаҳтӣ, ранҷи сахт ва манъ кардани закот сабаби манъи борон аз осмон мегардад ва агар чорпоён намебуданд борон намеборид...» (Ривояти Ибни Моҷа ва Байҳақӣ).
Ҳаёти инсон дар Ислом баҳои хеле баланд дорад: он ҳадяи Аллоҳ ба шумор меравад. Имрӯзҳо яке аз назарияҳои илмӣ ин аст, ки пешгирӣ аз беморӣ беҳтар аз муолиҷаи он аст. Мувофиқи таълимоти Ислом, мусулмонон набояд фикр кунанд, ки ҳаёти онҳо дар ихтиёри худашон мебошад ва бо он ҳар чӣ хоҳанд карда метавонанд. Аллоҳ ба инсон ҳаётро бовар кардааст ва таълимоти исломӣ ҳам ин ҳақиқатро тасдиқ менамояд. Масалан, Ислом мусулмононро ба табобат намудани бемориҳои худ ташвиқу тарғиб менамояд.
Паёмбари Худо (с) мефармоянд:
«Ҳар дарде давое дорад, ҳар гоҳ даво ба дард расад, бемор ба хости Худованди азза ва ҷалла беҳбудӣ меёбад» (Ба ривояти Муслим).
Худованд ба инсон ҳаётро бовар карда супоридааст ва мусулмонон бояд дар бораи ҳаёт ғамхорӣ намоянд. Ҷисми солим – ҳадяи Аллоҳ буда, ҳар як фард саробони он мебошад. Аз ин рӯ, мо барои истифодаи нодуруст ё сӯистеъмоли ҷисм ягон хел ҳақ надорем.
Ҳазрати Паёмбар (с) муҳим будани саломатиро борҳо таъкид кардааст. Аз ҷумла, боре ӯ ба амаки худ Ҳазрати Аббос чунин фармуд:
«Аз Аллоҳ таъоло офиятро талаб кун» (Ривояти Тирмизӣ).
Аз ин рӯ, мусулмонон бояд аз ҳама гуна амале, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон зарар дорад, худдорӣ намоянд.
Дини Ислом инчунин истифодаи маводеро, ки метавонанд эҳсосотро заиф гардонанд, манъ мекунад. Бинобар ин, истеъмоли маводи нашъаовар ва нӯшокиҳои масткунанда қатъиян манъ мебошад.
Илоҷи воқеа қабл аз вуқӯъ:
1. «Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед ва накӯкорӣ кунед!» (Сураи Бақара, ояти 195).
2. «Дар Ислом ба худ ва ба дигарон зарар расондан раво нест» (Ҳадиси Паёмбар(с).
3. «Илоҷи воқеъа қабл аз вуқӯъ» (Имом Абӯҳанифа).
4. Пешгирӣ беҳ аз муолиҷа.
5. Бетарафӣ гуноҳ аст.
Пешгирии СПИД дар марҳилаи кунунӣ яке аз воситаҳои муҳим ва асосии мубориза бар муқобили он мебошад. Дар тамоми олам олимон дар бораи пайдо намудани ваксинаи зидди СПИД кор карда истодаанд, вале ҳоло мутаассифона оиди ихтирои чунин ваксина ҳарф гуфтан барвақт мебошад. Аз ин рӯ, пешгирӣ намудани паҳншавии СПИД кори умумиҷамъиятӣ ва шахсии ҳар як инсон мебошад.
Волидон, устодон, кормандони соҳаи иҷтимоӣ, ҳама шаҳрвандон ва бахусус пешвоёни динӣ, ки нисбати чунин вазъият бетаваҷҷӯҳ буда наметавонанд, бояд дар хотир дошта бошанд, ки маҳз онҳо бояд роҳи беқадршавии арзишҳои ҷамъиятиро бигиранд. Ахлоқи исломӣ ва маънавиётро аз нав эҳё намуда, ба муқобили ҳама гуна шаклҳои рафтори ғайриахлоқӣ мубориза баранд.
Қиёмиддин Насриддинов,
мутахассиси пешбари Кумита
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More