Хайру эҳсон боиси муҳаббати инсонҳо мегардад

Агар ба фазли кори хайри нафаре купруке, роҳе, мактабе ё воситаи нақлиёте сохта ва ё ихтироъ намояд, ин садақаи ҷория буда, ҳамеша аз баракати он то он замоне ки инсонҳо аз он истифода менамоянд, дар номаи аъмоли накӯӣ навишта мешавад. Ҳар касе, ки бо роҳи ҳалол ҷомеа ва ватанашро обод мекунад, албатта охирати хешро обод мекунад. Эҳсон ба маънои бахшиш ва атои неъмат ба дигарон аст. Ҳар амале, ки боиси тараққӣ ва боло рафтани мақому шаъни инсон бошаду нафси инсонро тазкия кунад ва ӯро ба Парвардигораш наздик намояд, эҳсон аст. Қуръони карим, ки китоби рӯҳӣ ва ахлоқӣ мебошад, хусусияти некӯкоронро шарҳ медиҳад ва гурӯҳоеро, ки ба эҳсон кардан таваҷҷуҳи бештар доранд, мушаххас менамояд ва онҳоро намунаи комили инсонӣ дар ҷомеа медонад. Қуръони карим эълом медорад, ки эҳсон ва некӯкорӣ бояд ба сурати як воҷиби фитрӣ ва табиии инсон дарояд. Чи тавре ки Худованд неъмати худро ба инсон арзонӣ мебахшад, ба инсони низ лозим аст аз неъмати худододӣ ба дигарон некӣ ва эҳсон намояд. Дар сураи «Қасас», ояти 77 омадааст:
«…ва некӯӣ кун- чунон ки Худо бар ту некӯӣ кардааст ва дар замин фасод маҷӯ: ба дурустӣ ки Худо фасодкунандагонро дӯст намедорад».
Дар сураи «Исро» ояти 7 низ омадааст:
«..агар некӯкорӣ кунед, барои ҷони хеш некӯкорӣ карда бошед ва агар бадкорӣ кунед, пас (он бадӣ) ба ҷони шумо аст».
Яъне суду фоидаи некӯкорӣ ба шахси некӯкор бармегардад. Дини мубини Ислом мақому манзалати эҳсонро боло шуморида, онро бо ихлоси Худованд ҳамроҳ кардааст ва фармуда, ки ихлосу эҳсон беҳтарин зеваре аст, ки бандаи муъмин худро бо он ороста менамояд. Худованд осору натоиҷи ҳосилгашта аз некӯкорӣ ва эҳсонро дар ояти 22 – и сураи «Луқмон» баён мекунад ва мефармояд:
«Ва ҳар ки рӯи худро ба суӣ Худо бигардонад ва вай некӯкор бошад, пас, ҳамоно ба дастовезе устувор даст задааст. Ва бозгашти корҳо ба сӯи Худо аст».
Худованди бузург мардумро ба эҳсону накӯкорӣ ташвиқу тарѓиб карда, дар ояти 160 сураи «Анъом» мефармояд:
«Ҳар ки некие оварад, ӯро даҳчанд подош аст».
Касе ки кори хубу некеро холисан анҷом диҳад, Парвардигор ба ивази ҳамон кори некаш ӯро даҳчанд, яъне даҳ баробар зиёдтар подош медиҳад, ки ин ҳама аз рӯи меҳрубонӣ ва ѓамхории Ӯ нисбати бандагони хайрхоҳу некаш мебошад.
Ва касоне, ки бештар аз ҳама сазовор ва мустаҳиқи эҳсон ҳастанд, Худованд онҳоро ба мо муаррифӣ намудааст. Аввалини онҳо волидайн, яъне падару модар мебошанд, зеро онҳо дорои ҳаққи зиёд ва бузург бар фарзандонашон мебошанд. Ҳатто Қуръони карим танҳо ба эҳсону некӯӣ ба падару модар иктифо накарда, балки тарз ва чигунагии рафтору муоширати фарзандон ба волидайнро бо беҳтарин ва волотарин шеваи ахлоқӣ мушаххас карда, дар оятҳои 23-24 сураи «Исро» мефармояд:
«Парвардигорат фармон додааст, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед, ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳардуи онҳо пир шуданд, камтарин иҳонате (аз нороҳатӣ оҳи сар кашидан) бар онҳо макун ва бар онҳо фарёд мазан ва меҳрубононаю санҷида ва бузургворона бо онҳо сухан гӯй (23). Аз сари лутфу меҳрубонӣ ба онҳо фурутанӣ кун ва бигӯй: Парвардигоро! ҳамон гуна, ки онҳо маро дар хурдӣ тарбият карданд, ту ҳам ба онҳо раҳм кун.(24) ”
Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки муҳаббат ва эҳсону накӯӣ кардан ба падару модар нафақат дар даврони пирии онҳо бошад, балки оятҳои ёдшуда бар муҳаббат ва эҳсону накӯӣ кардан дар ҳамаи замонҳо ба хусус дар даврони пиронсолагӣ таъкид ва супориш мекунад.
Ҳамчунин дар ояти 14 сураи “Луқмон” низ, Худованд шукри худро дар канори ташаккуру қадрдонӣ аз падару модар оварда, чунин мефармояд :
“Шукри маро ба ҷой овар ва аз падару модарат сипосгузорӣ кун”.
Яке аз дигар навъҳои эҳсон ва кори нек анҷом додан, ин дастгирӣ намудани ятимон, бенавоён, фақирон ва бечорагон мебошад, ки онро тамоми динҳои осмонӣ ва тамоми инсоният тарѓибу ташвиқ менамоянд ва анљомдињандаи онро дар ин дунё ва дар охират аз ҷумлаи растагорон меҳисобанд. Паёмбар (с) дар ин бора гуфтаанд:
«Ман ва он касе, ки ятимеро ба кафолат мегирад, фардо рӯзи қиёмат ҳамроҳии ман якҷоя мебошад, дар ҳоле ки бо ду ангушташ ишора менамуданд».
Мусаллам аст, ки ҳама намуд ибодатҳо барои дарёфтани розигии Худованд буда, бо умеди бандагӣ, аҷр ва савоб иҷро мешаванд. Дини Ислом ҳеҷ гоҳ барои инсон амреро фарз ва ё воҷиб намегардонад, ки ӯ аз ӯҳдаи иҷрои он набарояд.
Чи тавре ки Худованд дар сураи “Бақара”, дар ояти 286 мефармояд:
«Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш воҷиб намекунад; он чи амал кард, аз они ӯ аст ва он чи гуноҳ кард, бар вай аст».
Дасти кӯмак дароз кардан ба ятимону бечорагон, камбизоатону бенавоён ва дигар ниёзмандон боиси зиёд гардидани меҳру муҳаббат миёни инсонҳо гардида, шахси эҳсонкорро азизи ҳамагон месозад.
Мансур Назаров,
сармутахассиси Кумитаи оид юа корҳои дин
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More