ЯК ТОИФАИ ҚОТИЛ
Он чи дар суханронии Маҳдӣ Собиров дар мизи мудаввар, ки рӯзи 19-уми июли соли 2018 баргузор гардида буд ва албатта ончи ки дар он мизи мудаввар гуфта шуд, ин ҳақиқате буд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ҳамаи ин гуфтаҳоро мепазирад ва эътироф мекунад.
Аз рӯзи аввал агарчи ба худи мардум ҳам ошкор буд, лекин он ҳилаву найранге, ки ТЭТ ҲНИ дошт ва барои аз байн бурдани ин миллат барномарезӣ мекард, ҳамеша ба воситаи фарзандони фарзонаи ин миллат бартараф карда мешуд. Агарчи миллати тоҷик шаҳидони зиёде дар ин роҳ дода бошад ҳам, барои миллати худ гавҳари амнияту сулҳу суботро фароҳам кардаанд, ки ин барояшон беҳтарин садақаи ҷория маҳсуб мешавад. Миллати тоҷик ҳаргиз он фарзандони фарзонаашро фаромӯш намекунад.
Аз ин суханронии Маҳди Собиров ва дигар коргузорие, ки дар бораи ин ташкилоти террористӣ дода мешавад, инсон дар ҳайрат мемонад, ки инҳо аз кадом ислом, дин ва мазҳаб пайравӣ мекунанд. Оё аз ҳамин исломе, ки мову шумо ва дигар мусулмонони ҷаҳон пайравӣ мекунем?! Ҳаргиз на! Чунки дини мубини исломе, ки мову шумо ва ҷаҳони ислом пайравӣ мекунем, инсониятро ба сулҳу субот ва муҳаббати байни якдигар ва муҳаббати Ватан ва бар итоати султон роҳнамоӣ мекунад, ки ин мухолифон ва ватанфурӯшон ҳаргиз ин корҳоро бар худашон воҷиб намедонанд, балки бар акси ҳол фақат аз пайи нооромӣ ва фитнаандозӣ дар миёни мардум мегарданд.
Бинобар ин ки ин ташкилоти терорристӣ аз номи ислом истифода мебаранд ва тамоми хабосати худашонро дар пушти парчами сафеди ислом пинҳон мекунанд ва таълимоти дини мубини исломро эҳтиром намекунанд, Худои мутаъол онҳоро дар ҳамаи ҳилаву найрангашон расво месозад. Чунончи мо ҳамагон гувоҳ ҳастем, ки бо он ҳилаву найранге, ки онҳо кашидаанд, аз сабаби нияти нопоку бад доштанашон аз рӯзи ташкилшавиашон то имрӯз дар ҳеҷ амалиёташон комёб нашудаанд ва ҳаргиз комёб намешаванд. Чунки Худованд аз ин қотилон безор аст.
Агар инҳо ба таълимоти дини мубини ислом эътиқод медоштанд, ҳеҷ вақт бар ин корҳои палиду паст мисли қатлу ғорат даст намезаданд. Аммо ғарази инҳо фақат бар сари қудрат омадан ва миллату ватани худро ба хоҷагони хориҷии худ фурӯхтан аст.
Нисбати чунин ашхосе, ки даст ба қатлу ғорат мезананд, Худованд мефармояд:
«Ва ҳар кас мӯъминеро барқасд бикушад, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳадбуд ва Худо бар ӯ хашм гирад ва лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад!»(Сураи «Нисо» ояти 93).
Ва дар ҷои дигар Худованд чунин мефармояд: «… ҳар кас каси дигарро на ба қасоси қатликасе ё иртикоби фасоде бар рӯи замин бикушад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро куштабошад. Ва ҳар кас, ки ба ӯ ҳаёт бахшад, чун касест, ки ҳамаи мардумро ҳаёт бахшида бошад…» (сураи «Моида» ояти 32).
Агар инҳо ба мазмуну муҳтавои оятҳои Қурони карим, ки дастурамали зиндагии ҳар як бандаи муъмин мебошад, амал мекарданд, ҳеҷ гоҳ ба қатлу ғорати мардуми бегуноҳ даст намезаданд. Аммо ин хоинони миллату ватан чуноне, ки аз суханронии Маҳдӣ Собиров бармеояд, як сол баъд аз имзои Созишномаи сулҳ ба ҷои обод кардани ҷомеа баракс боз ба қатли як гурӯҳ намояндагони Созмони Миллаи Муттаҳид, ки барои барқароросозии сулҳ ба Тоҷикистон омада буданд, ваҳшиёна даст заданд. Ин тоифа бадкорони миллат чанде аз уламо ва донишмандони тоҷикро низ бо супориши хоҷагони хориҷиашон ба қатл расонида буданд, ки миллати тоҷик ҳеҷ вақт онҳоро намебахшад.
Чунонки аз суханронии Маҳдӣ Собиров бармеояд, ин хоинони миллату Ватан хиёнатҳои зиёде нисбат ба ин миллату Ватан анҷом додаанд ва то ҳол чунин макру ҳила ва нақшакашӣ бар зидди ватани худро давом дода истодаанд, ки Кабирӣ ва фарзандону пайравонаш бо дастгирии баъзе давлатҳои ба ҳама маълум мехоҳанд Тоҷикистонро ба вазъияте гирифтор созанд, ки Сурияву Ироқу Афғонистонро кардаанд. Мехоҳанд боз дубора дар миёни миллати тоҷик хусусан ҷавонон фитна эҷод намуда, ҷангу ҷидол кунанд ва бо ин восита ба мақсад расанд. Мақсади онҳо як аст – хиёнат ба Ватан, рехтани хуни тоҷикон ва ба нестӣ бурдани дину мазҳабу миллат!
Бинобар ин, осудахотир набояд шуд, аз макри душман лаҳзае набояд фориғ буд. Зеро душман дар макру ҳила ва дар андешаи бад аст. Худованд макри онҳоро ба худашон баргардонад: «Ва макару ва макараллоҳ. Валлоҳу хайру-л-мокирин» (Сураи «Оли Имрон», ояти 54). ( Онон нақша кашиданд ва Худо ҳам чораҷӯӣ кард ва Худо беҳтариничораҷӯён аст).
Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба иттиҳоду якдилӣ даъват намуда, аз ҳамаи шумо хоҳони онем, ки сулҳу салоҳро мисли гавҳараки чашм нигаҳбон бошед.
Худованд душману бадхоҳу хоинони миллатро хору залил гардонад, онҳоро ба нафсҳояшон овора созад, ҷавонмардон ва фидоиёни миллатро нигаҳ дорад. Онҳое ки баҳри оромии кишвар ҷони худро фидо намуданд, Худо раҳмат созад.
Парвардигоро! Ватани моро дар ҳифзи худ нигаҳ дор ва байни ҳамватанонамон сулҳу салоҳро танинандоз гардон.
Маҳмуд Сангалиев,
сармутахассиси Раёсати фатво