Хиёнат ҳеҷ вақт пӯшида нахоҳад монд
Филми мустанади «Бозгашт аз ҷаҳаннам»-ро аз тариқи телевизион тамошо кардам ва ягон суоле, ки дар зеҳнам рӯ зад, ин буд, ки чӣ гуна ин хоинон тавонистанд ба чунин корҳои разилона даст зананд. Зеро онҳо ҳамеша аз боби Худову Расул сухан мегуфтанд, аммо кору кирдори онҳо аслан дар ҳеҷ қолаби мусулмонӣ намегунҷад. Ин тоифаи бадкирдор аз аввали пайдоиши худ дурӯғро ба худ шиор гирифта, доиман ба мардум суханони дурӯғро мегуфтаанд. Зеро фарзандони воқеии миллат ҳаргиз арзишҳову манофеи миллии худро дар баробари хориҷиён ба фурӯш намегузоранд. Фарзандони воқеии миллат дарду мушкилоти миллатро ба ҷон мехаранд... Аммо барои Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони наҳзатии ӯ ҳеҷ арзише болотар аз манофеи тиҷориву гурӯҳиашон набуду нест.
Феълан роҳбари ташкилоти ифротию террористии ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо ҳузури худ ва теъдоде аз пайравонаш дар хориҷа бо корбурди тамоми маҳорати тӯли солҳо аз муршидони хориҷӣ омӯхтаву андӯхтаашон талош доранд, ки бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба Ҳукумати кишвар тира созанд. Аммо имрӯз яке аз муассисони ин ташкилоти террористӣ Аёмиддин Сатторов бори дигар истбот кард, ки наҳзат моли хориҷиён аст ва дар кишвари ба мо «дӯст» пойгоҳҳои террористтаёркунӣ доштааст.
Оё барои кишварҳое, ки Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро тарафдорӣ ва маблағгузорӣ мекунанд, боз кадом далел лозим аст, аз хиёнату кирдорҳои бади ин шахсон?
Он кишварҳое, ки ин қотилонро тарафдорӣ ва пуштибонӣ мекунанд, бояд донанд, ки Кабирӣ бо мақсади ба ангезиш овардани эҳсоси отифии ҳомиёни ҳуқуқи башар дар Аврупо худ ва ҳаммаслаконашро бечора ва ҷабрдидаву мазлум нишон медиҳад, ки ин як шеваи шайтонсифатии ӯ мебошад.
Анҷом додани чунин корҳо ба ӯ баҳри расидан ба ҳадаф хеле муҳим аст, вагарна аъмоли содиркардаи ҳаммаслакони ин “муршиди роҳи ҳақ” ва “ҳомии ҳуқуқҳои инсон” тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ далели рӯшани он аст, ки онҳо дар вуҷуди худ чизе аз одаму одамгарӣ надоштанду надоранд.
Ҳоло Кабириву пайравони гумроҳаш бояд андеша намоянд, ки ба ҷои эҳсоси роҳат дар оғӯши хоҷагони хориҷӣ, Ватани хешро сиёҳ кардан ва худро мусичаи бегуноҳ нишон додан беҳтару хубтар он аст, ки ба Ватан баргарданду аз кардаҳои худ мисли Аёмиддин Сатторов арзи пушаймонӣ кунанд, дар назди халқу миллати хеш таъзим намуда, бахшиш пурсанд...Лоақал боре шукронаи онро кунанд, ки Худованд ба миллати тоҷик сулҳу оромиро овард ва шахсеро ба мо роҳбар насиб гардонид, ки бо сиёсати оқилонаву хирдмандонаи худ халқи Тоҷикистонро муттаҳид гардонида, сулҳу суботро дар Ватан бо изни Худованд барқарор намуд.
Имрӯз мебояд ба қадри ин неъматҳо расид ва шукрона кард, ки Аллоҳ таъоло барои мо тоҷикон ва тоҷикистониён чунин як Пешвои оқилу доноро додааст. Чуноне ки шоир фармудааст:
Ба қавме, ки некӣ писандат Худой,
Диҳад Хусраве одилу некрой.
Абдузоир Исмоилов,
имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи «Усмон ибни Аффон»-и
маҳаллаи Хоҷамбиёи болои ноҳияи Исмоили Сомонӣ