Бандаи Худо бошем, на бандаи Рамазон

Бандаи Худо бошем, на бандаи Рамазон
Дилам чун кӯчабоғҳои хушкида монда буд, орӣ аз ҳар гуна хотироти сабзи зиндагӣ. Гӯӣ қалбам дар асорати зангорҳои маъосӣ занҷир шуда буд ва дар зеҳнам орзуҳо барои таҳаққуқ ёфтан ба умеди шабҳои сарду зудгузар нобоварона хамёза мекашиданд.
Замзамаи лабҳоям оҳанги фаромӯшӣ месуруд ва сиёҳӣ бар аъмоқи қалбам нишаста буд ва ман дар кашокаши набард бо неруе будам, ки маро ба ғарқ шудан дар гирдоби табоҳӣ мекашонд, ки ногаҳон ҳилоли моҳи Рамазон рух намоёнд, то мани маҳзуни маҳҷурро умеди дигаре бошад.
Дар ҳузури чашмони хираи моҳ бо дилам ба гуфтугӯ менишинам:
Оё имкон дорад ҷӯйбори умед дар боғи мурдаи дилам равон гардад ва решаи фарсудаи имонам бори дигар ҷон бигирад ва бо ғунчаҳои тақво ва шукуфаҳои ихлос ороста гардад?
Оё метавонам абрҳои сиёҳи натавонистанро аз осмони обии аҳдофам дур гардонида, ҳумои саодатро дар он ба парвоз дароварам?
Оё мумкин аст нидои Ҳақ мани дармондаи аз ҳама ҷо рондаро такон диҳад?
Медонам, ки:
Дили бе қайди ман бо нури имон кофарӣ карда,
Ҳарамро саҷда оварда, бутонро чокарӣ карда.
Матоъи тоъати худро тарозуе барафрозад,
Ба бозори қиёмат бо Худо савдогарӣ карда.
Замину осмонро бар муроди хеш мехоҳад,
Ғубори роҳу бо тақдири Яздон доварӣ карда.
Гаҳе бо Ҳақ даромезад, гаҳе бо Ҳақ даровезад,
Замоне ҳайдарӣ карда, замоне хайбарӣ карда.
Ба ин берангии ҷавҳар аз ӯ найранг мерезад,
Ҳакиме бин, ки ҳам пайғамбарӣ ҳам соҳирӣ карда.
Ба худ кай мерасад ин роҳпаймои таносоӣ,
Ҳазорон сол манзил дар мақоми озарӣ карда. (Иқбол)
Аз тиҳипаймонагии хеш менолам ва ин ки:
Чӣ гуна тавоф кунам дар олами қудс,
Ки дар сарочаи таркиб асири тахтабанди танам. (Иқбол)
Аммо ин нидои рӯҳонӣ таконам медиҳад, ки:
«Бигӯ: «Эй бандагони Ман, ки бар худ аз ҳад таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед машавед. Ҳар оина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад; ба ростӣ ки ӯ бисёр Омурзгори Меҳрубон аст»». («Зумар»; 53)
Ба қавли Иқбол:
Маргро сомон зи қатъи орзуст,
Зиндагонӣ муҳкам аз «ло тақнатӯ»-ст.
То умед аз орзуи пайҳам аст,
Ноумедӣ зиндагониро сам аст.
Ноумедӣ ҳамчу гӯр афшорадат,
Гарчи Алвандӣ, зи по медорадат.
Бо худ мегӯям: «Гавҳари яқинро аз маъдани Рамазон истихроҷ хоҳам намуд, пероҳани маъсиятро аз тан зудуда, дар оби зулоли тавба хоҳам шуст ва ба ресмони ҳиммат паҳн хоҳам кард, то бо хуршеди муҳаббат хушк гардад».
Рамазон гузашт!!!
Оре Рамазон гузашт ва ман аҳди хешро ба боди фаромӯшӣ супурдам.
Рамазон оҳанги рафтан намуд, бе он ки қатрае аз дарёи раҳмати илоҳиро нӯшида бошам. Медонам, ки раҳмати Парвардигор танҳо сабукболонро шомил мешавад ва ман натавонистам худро дар қофилаи сабукболон ҷой диҳам.
Лаҳзаҳои пурбаракати Рамазон бори сафар бастанд. Он лаҳзаҳое, ки осиён рахтҳои чиркину тираи маъсиятро аз тан зудуда ва аз тақво барои хеш либосе дурахшон бармегузинанд, аммо мани саргардони зиёнкорро аз пӯшидани либоси тақво ибо омад.
Рамазон гузашт. Он Рамазоне, ки дар он ҳар шаб гурӯҳе худро аз оташи дӯзах раҳониданд, ҳол он ки мани бечора асири панҷаҳои хоб будам.
Чӣ бисёр фурсатҳое буданд, то заврақи шикастаи худро ба соҳили амон бирасонам, аммо ғофил мондам.
Маро раҳоӣ аз ин хусрон чӣ гуна имконпазир аст?
Оё то Рамазони дигар зинда хоҳам буд?
«Ва ҳеҷ шахсе намедонад, ки фардо чӣ кор хоҳад кард ва ҳеҷ шахсе намедонад, ба кадом замин хоҳад мурд». («Луқмон»; 34)
Аммо ҷои ноумедӣ нест.
Гарчи моҳи Рамазон рафт, аммо Худои Рамазон боқӣ аст ва насими раҳмати ӯ ҳамвора дар ҳоли вазидан аст, қатраҳои ашкеро, ки аз дидагонам мечакад, ҳар лаҳза харидоре аст, ки онҳоро бо баҳои дурру ёқут ва аз он ҳам гаронтар меситонад. Нидои «Ҳал мин мустағфир» (Оё ҳеҷ омурзишхоҳандае ҳаст)-и Парвардигор дар сеяки охир шаб ҳамеша танинандози вуҷудамон хоҳад буд. Пас набояд сабабҳоро бандагӣ кард. Ба қавли Иқбол:
Гар ба Аллоҳус-Самад дил бастаӣ,
Аз ҳади асбоб берун ҷастаӣ.
Бандаи Ҳақ бандаи асбоб нест,
Зиндагонӣ гардиши дӯлоб нест.
Ҷои басе таассуф аст, ки бисёре аз инсонҳо Рамазонро бандагӣ мекунанд, на Парвардигори Рамазонро.
Чӣ басо чашмҳое, ки баъд аз Рамазон хушкида мешаванд ва аз чакондани қатраи ашке дареғ меварзанд.
Чӣ басо Қуръонҳое, ки баъд аз Рамазон танҳо мӯнисашон ғубори ҳиҷрон аст ва интизори Рамазони дигарро мекашанд.
Чӣ басо масҷидҳое, ки баъд аз Рамазон аз фироқи афроди мусулмон меноланд.
Ва чӣ басо қалбҳое, ки баъд аз Рамазон мубаддал ба санг гашта, бар саропардаи худ лавҳаи ғафлатро овезон мекунанд.
Бояд Абӯбакрвор буд, он гоҳ ки фарёд зад:
«Касе, ки Муҳаммадро мепарстид, бидонад, ки Муҳаммад аз дунё рафтааст ва касе, ки Худоро мепарастад, бидонад, ки Худованд зинда аст ва намемирад»,
мо низ аз аъмоқи вуҷудамон фарёд бароварем, ки:
«Касе, ки Рамазонро мепарастид, бидонад, ки Рамазон ба поён расид ва касе, ки Худоро мепарастад, пас Худованд зинда аст ва намемирад».
Магар чунин нест, ки ба қавли Саъдӣ: «Ҳар нафасе, ки фурӯ меравад, мумидди ҳаёт аст ва чун бармеояд, муфарреҳи зот, пас дар ҳар нафасе ду неъмат мавҷуд аст ва бар ҳар неъмате шукре воҷиб».
Оё шоиста аст, ки дар муқобили ҳар як нафасамон танҳо дар Рамазон қатрае аз иксири бандагӣ бинӯшем?
На. Ҳаргиз чунин раво нест. Балки зулму ситаме бас бузург аст, ки Худоро дар Рамазон бандагӣ кунем ва дар ғайри Рамазон пайрави шайтон бошем.
Набояд аз ин гуфтаи Парвардигор ғофил бошем, ки:
«Ба ростӣ, бар онон, ки: «Парвардигорамон Худо аст» гуфтанду сипас бар он биистоданд, фариштагон фуруд меоянд, ки: «матарседу андӯҳ махӯред ва ба биҳиште, ки ваъда дода мешудед, хушҳол шавед.
Мо дар зиндагонии дунё ва дар охират низ дӯстони шумо ҳастем. Ва дар он ҷо барои шумо он чи ҳаст, ки нафси шумо биталабад; ва барои шумо дар он ҷо ҳар чи дархост кунед, ҳаст –
ба унвони меҳмонӣ аз ҷониби (Худои) Омурзгори Меҳрубон». («Фуссилат»; 30-32).
Медонем, ки дар ин ҷаҳон танҳо рӯҳи мӯъмину парҳезгор монанди дарахтони тановар зинда ва ҷовидон аст ва агар ҷаҳоне монанди ҳезуми хушк бисӯзад, ин дарахт сарсабзу хуррам боқӣ хоҳад монд, зеро аз хокистари вай ниҳоли дигаре хоҳад руст ва замин аз неъмати вай ҳаргиз тиҳӣ нахоҳад гашт. Аммо шакке нест, ки ин дарахти тановар танҳо бо иксири истиқомат обёрӣ хоҳад шуд.
Пас хуш ба саодати он бандагоне, ки бар имони хеш истиқомат варзиданд ва бо истиқомат худро бар суфраи Парвардигори Ғафуру Раҳим меҳмон намуданд.
Бор Илоҳо! Борони раҳмату алтофи Ту ҳар лаҳза бар замини ҳаётамон меборад ва ба он ҷоне дигар мебахшад. Аммо мо бандагони осӣ танҳо дар Рамазон ридои сафеди бандагиро бар дӯш мениҳем ва чун Рамазон азми видоъ намуд, он ридои ҳастибахшеро, ки аз талаълуъи нури бепоёни Ту медурахшид, аз тан зудуда, рахти чиркини маъсиятро бар тан мениҳем.
Худоё! Агар дар Рамазон шайтонро дар ғуллу занҷир банд намудаӣ ва аз ҷавлони вай костаӣ, моро баъд аз Рамазон дар занҷири шайтон асир магардон.
Парвардигоро! Ба мо тавфиқ иноят кун, то Туро бандагӣ кунему бас.
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More