Home Articles ОРОМИВУ СУБОТИ МИЛЛӣ – МЕҲВАРИ ДАСТУРОТИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

ОРОМИВУ СУБОТИ МИЛЛӣ – МЕҲВАРИ ДАСТУРОТИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

ОРОМИВУ СУБОТИ МИЛЛӣ – МЕҲВАРИ ДАСТУРОТИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ
2018-12-30
2910

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Дар низоми арзишҳои миллӣ ва маънавии дилхоҳ миллату давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон волотару гаронарзиштар аз амнияту субот нест ва буда ҳам наметавонад. Агар барои сохтмони ягон бино унсури заруртарин таҳкурсии мустаҳками он бошад, барои вуҷуди як ҷомеа ва кишваре, ки ба ояндаи нек умед дорад ва кўшишҳое дар ин ҷода мекунад, омили асосии пешрафт ва рифоҳи зиндагии мардуми он, бешубҳа, сулҳу субот ва амнияту оромӣ ба шумор меравад.

Аслан мавҷудияти сулҳу осоиш барои ҳар давлате зарур аст, новобаста аз он ки раъияташон кадом дину ойини эътиқодиро парастиш мекунанд. Осудагиву субот ҳам барои ҷумлаи диндорон ва ҳам онҳое зарур аст, ки ҳеҷ гуна эътиқоди диние дар қалбҳояшон надоранд. Аммо дар ин миён дин ҳамчун як навъи ниҳоят гаронмояи шуури ҷомеа дар таъмини сулҳу осудагӣ ва амнияту суботи сиёсиву иҷтимоӣ нақши ниҳоят бориз дорад. ҳама динҳои олам асосан сулҳдўсту суботхоҳанд, лекин мақому манзалати дини мубини Ислом дар миёни дигар адён дар масъалаи таъмини як зиндагии бидуни муноқиша ва ихтилофоти иҷтимоӣ бағоят бузург ва омўзанда аст.

Дини Ислом тўли 1400 сол ба ҳайси дастури зиндагии ибратомўз барои кулли башарияти олам хидмат кардааст ва имрўз низ ҳамин рисолати азалии хешро иҷро мекунад. Дар қуръони карим – ояти 208-и сураи «Бақара» Худованди мутаъол ба бандагонаш амр кардааст, ки «Эй мардум, ҳамагӣ сулҳ бандед ва пайрави шайтон набошед». Дар шароити сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ кардани пайравони Ислом фармудаи Худост ва интихоби тариқи муқобили он, яъне дар ҳоли нифоқу ихтилоф арзи вуҷуд намудан пайравӣ ба аъмоли шайтон ҳисобида мешавад. Яъне сулҳ неъматест, ки самараи он бахту саодат ва иқболи баланд аст, баръакси он – парешониву адами меҳру муҳаббати инсонист. Агар амиқтар биандешем, хоҳем дид, ки давлатҳое, ки ба ҷангу зўроварӣ ва ихтилофоти иҷтимоӣ  майл доранд, аслан ба мақсадҳояшон намерасанд. Дини мубини Ислом таҷрибаи ғановатманде дорад, ки то кунун аҳаммияти бузурги худро нигаҳ доштааст ва ҳамчун дастури ҳаёт барои мардуми ҷаҳон хизмат мекунад.

Дар ояти 49-и сураи «ҳуҷурот»-и қуръони карим омадааст: «Ва агар ду гурўҳ аз муъминон бо якдигар ба ҷанг бархостанд, миёнашон оштӣ афканед». Оштӣ афкандани миёни гурўҳҳое, ки миёни ҳам пархош мекунанд, беҳтарин фазилати дини муҳаммадист. Ислом бар ин ақида аст, ки ҳама гуна ихтилофотро бо неруи сулҳу субот ва якдигарфаҳмию эҳтиромоти ҳамдигарӣ ҳал кардан мумкин аст ва дар ҳеҷ сурат зўроварию бо қудрати силоҳи хунрез баррасӣ кардани масъалаҳои зиндагӣ инсониятро ба мақсаду мароми ояндааш намерасонад. Дини мубини Ислом ба андозае дар ин масъала аҳаммият додааст, ки ҳатто дурўғи ба сулҳу субот мусоидат мекардагиро мубоҳ медонад. Дар «Саҳеҳи Бухорӣ» оварда шудааст, ки Пайғамбари Ислом гуфтаанд: «Суханоне, ки боиси ислоҳи муносибати байни одамон мешаванд ва миёни онҳо оштӣ меандозанд, дурўғ ҳисобида намешавад».

Мисоли дигареро аз рўзгори ибратомўзи Пайғамбари Ислом овардан ҷоиз аст. ҳангоми фатҳи Макка мушрикон қатли ом шуданро интизор буданд, вале Пайғамбар (с) рехтани хуни касеро нахоста, боварии душманони хуниашро ҳифз карда, онҳоро озод гузошт. Мусулмонон пайравони дигар динҳоро дар ҳар давру замон муҳофизат карда, пеши роҳи боварӣ ва эътиқодоти онҳоро нагирифта, онҳоро озод гузоштанд. Яъне Пайғамбари Ислом (с) имконият дошт, ки мушрикини бадхоҳу ситамгарро ҷазо диҳад, вале ба хотири суботи умумӣ ва бо умеди ислоҳи хатоҳо онҳоро бидуни ҷазо гузошт, то ки дарси ибрат ба ояндагон шавад.

ҳама ҳадафҳои исломи бузург барои хушбахтии инсоният ва пешрафти зиндагии модию маънавии онҳо равона шудааст. Аз ин рў, ба мо лозим аст, ки мардумро ба сулҳу амонӣ даъват кунем ва бифаҳмонем, ки Ислом аз террору зўроварӣ безор аст. ҳар гоҳ ки ин ақидаро мардуми олам дуруст дарк кунанд, силоҳҳо ба гулҳо табдил мешаванд ва дар байни ҳамагон дўстӣ ва муҳаббат пайдо мешавад, бо вуҷуди он ки дину ойинашон дигаргун бошад.

Дигар фазилати дини мубини Ислом иттиҳоду ҳамбастагии мардум аст. Танҳо дар ҳамин ҳолат пешрафту хушбахтӣ ва суботу амнияти умумӣ таъмин хоҳад шуд. Чизи муҳим ҳамин аст, ки Худованд бар мусалмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳоеро, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру ҳатмӣ шуморидааст. Дар ояти 31-и сураи «Рум» мехонем: «Аз зумраи касоне мабошед, ки дини Худоро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа шуданд ва ҳар фирқае ба ҳарчи дошт, дилхуш буд». Ин ояти карима ишора ба суннатӣ будани ҷомеаҳои мусалмонӣ ва дар доираи ҷамъият зистани мусалмонҳоро таъкид мекунад. Ба гурўҳҳои ихтилофнок ҷудо шудани мардум боиси эътирози гурўҳҳои дигар ва бад-ин васила рух додани низоъҳои иҷтимоӣ хоҳад шуд, ки барои кулли мардуми як давлат ё як минтақа хеле хавфнок аст. Мо мисоли чунин гурўҳбозиҳоро дар фаъолияти чанде аз ҳизбҳои ифротӣ, аз ҷумла ТЭТ ҳНИ дидаем ва оқибаташро низ ба мушоҳида гирифтаем. ТЭТ ҳНИ барои паҳн кардани ақидаҳои мазҳаби бегона дар миёни мардуми ҳанафимазҳаби кишвар бо супориши хоҷагони хориҷии худ фазои амну суботро дар кишвар ноором карданд ва ба ин васила хостанд, ки ба ҳадафҳои шуми худ ноил шаванд. Аммо хушбахтона ихлосу эҳтироми мардум ба арзишҳои суннатӣ ва мазҳабии кишвар ва кулли минтақа ин нияти шуми наҳзатиёнро нақши бар об кард.

Низоъ хезонидан бадтарин корест, ки дин онро маҳкум кардааст. Дар ояти 46-и сураи «Анфол» оқибати чунин амали разилона таъкид шудааст: «Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо биравад». Дар ояти 103-и сураи «Оли Имрон» низ таъкид мешавад, ки одамон бояд ба қадри неъматҳои Илоҳӣ бирасанд ва муҳаббати ҳамдигариро дастури зиндагӣ қарор диҳанд: «Ва ҳамагон даст ба ресмони Худо занед ва пароканда машавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед, он ҳангоме ки душмани якдигар будед ва ў дилҳоятонро бо ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ў бародар шудед ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз  он бираҳонид». 

Дар ояти 105-уми ҳамин сураи муборак хатари парокандагӣ ва парешонии мардумро Худованд ишора карда, оқибати чунин парешониро азоби бузург номидааст: «Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд». 

Умуман, тамоми дастуроти дини мубини Ислом такя бар арзишҳое дорад, ки онҳоро умумиинсонӣ ва умумибашарӣ меноманд. қуръони маҷид  мефармояд: «Агар неъматҳои Худоро шумор кунед, ҳисоб карда наметавонед».  Аз ҷумла сулҳ, тинҷиву амонӣ, осудагӣ, осмони софу беғубор неъматҳои бузурги Худованд ҳастанд. Чунон ки Худо мегўяд: «Сулҳ  хайр аст», яъне сулҳ беҳтарини неъматҳост дар рӯйи Замин. Мо бояд қадри ин ҳаёти осуда ва қадри сулҳу суботро донем ва ҳар рўзу ҳар соату ҳар нафас шукрашро ба ҷо орем. Баҳри боз ҳам ободу сабзу хуррам гаштани ватани азизамон - Тоҷикистон кўшиш кунему саҳм гузорем. Дар ҳадисе омадааст, ки «ҳуббул ватани минал имон», яъне дўст доштани ватан аз имон аст. Шахси муъмину мусулмон бояд, ки ватани худро дўст дорад ва барои ободию шукуфоии он ҷидду ҷаҳд намояд.

Сулҳу субот ва иттиҳоду ҳамбастагии мардум махсусан дар шароите ниҳоят зарур аст, ки давлату миллат дар шоҳроҳи тараққиёт қарор доранд. Тоҷикистон 27-умин соли истиқлолро пушти сар кард ва имрўз барои ҳалли масъалаҳои пешрафт аз ҳама бештар субот ва оромӣ зарур аст. Зиндагӣ дар партави сулҳу субот беҳтарин сабақи имондорист.

С. Абдуқодирзода

Pray time in Dushanbe

28.11.2024

More
Fajr05:43
Zuhr12:40
Asr15:12
Maghrib17:08
Isha18:38
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More