Ислом суиистифода мешавад!
Вақте ки саҳифаҳои тарихи оғози соҳибистиқлолии ватанро варақ мезанам, баъзан афсӯсу надомат домангирам мекунад. Афсӯс аз он мехӯрам, ки давлат ва ҷомеаи мадании вақт натавонист пеши роҳи гурӯҳҳои ба ном исломӣ, хурофоту таассуби мазҳабиро бигирад ва кишварро аз вартаи ҷанги бародаркўши наҷот диҳад.
Чаро дидаву дониста, саркардагони наҳзати мардумро ба коми марг кашиданд? Чаро мусибатро дар баробари хушбахтӣ интихоб намуданд? Чаро аз воқеият гурехтанд (ва имрўз ҳам мегурезанд)? Чаро мардумро гурўҳ - гурўҳ ба майдонҳо кашиданд (ва имрўзҳо низ дар давлатҳои Аврупо майдонҳо оростаниянд)? Ва ҳазор чарои дигар… Аз сўи дигар ин «чаро»-ҳо посух талаб мекунанд, на посухҳои оддӣ, сарсарӣ ва хом, балки посухҳои ҷиддӣ, санҷидашуда. Ҳақиқатан худхоҳию бепарвогариҳои наҳзатӣ ҷанги шаҳрвандиро тавлид ва кишвари тозаистиқлоламонро аз масири рушду тараққӣ боздошт. Махсусан, пешдовариҳои наҳзатӣ дар хусуси хоҳиши мардум барои сохтани давлати динӣ дар баробари давлати дунявӣ, ки иштибоҳӣ буданд, боиси мазҳабзадагӣ дар ҷомеа гардид.
Бадбахтӣ ин аст, ки роҳбарияти нави наҳзат, ки дар хориҷ аз кишвар фирорӣ аст, то имрўз ҷоҳталабӣ мекунад. Дар Аврупо ҳангомафурӯшӣ мекунад. Роҳбарият ва боқимандаҳои наҳзат дар хориҷ аз кишвар бо либоси нав ва бо назари куҳна ба танқиди ғараздор ба давлату Модар - Ватан туҳматҳои нав ба нав мезананд. Аммо ҳоло ҳама ба ин ҳақиқати таърих расидаанд, ки агар ТТЭ ҲНИ намебуд, на ҷанг буду на кашмакашӣ, на ғам буду на мусибат, на зулм буду залолат, на фиреб буду найранг, на ищво буду парво хулас, на ноамнӣ буду на бесуботӣ.
Мо хуб дар хотир дорем, ки солҳои навадум дар майдони «Шаҳидон» кадом шиорҳо буд ва кадом ояту ҳадис бо тафсиру таъвилҳои ҳайратовар ба мардум расонида мешуд. «Озодӣ», «истеъфо», «аз хоби гарон хез» - дар якҷоягӣ бо аҳкоми динӣ пешкаши одамон мешуд, ки дар натиҷа тоҷик 150 ҳазор фарзанди худро аз даст дод. Кадом гурӯҳ ё ҳизби исломӣ мувофиқи фармудаи шариат, сирф барои ризогии Худо беморхона, мактаб ё ақаллан масҷиде бино кардааст? Мутаассифона мо бештар аз онҳо иғвогарӣ ва тафриқаандозиро мушоҳида мекунем.
Ислом динест, ки мардумро ба сӯи иттифоқу ваҳдат даъват намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа, ифрот, тафрит ва иғвогарӣ бозмедорад. Бигзор мардум огоҳ бошанд, он корҳое, ки аз ҷониби ТЭТ ҲНИ, инчунин дар Ироқу Сурия, Либияву Яман ва дигар минтақаҳо аз номи ислом анҷом дода мешаванд, ба ислом заррае ҳам робита надоранд. Он суханҳое, ки аз ҷониби бадхоҳон нисбати вазъи дин дар Тоҷикистон садо медиҳанд, кӯшиши навине баҳри эҷоди тафриқа дар ватани азизамон аст. Душманони дину давлат ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷикро дида наметавонанд, бинобар ин бо ҳар роҳу восита мехоҳанд дар байни мо иғво ангезанд. Моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳила ва найрангбозии гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳарактҳои ба ном исломӣ, баъзе “эшону муллоҳо”-и дурӯя ва хоинони миллат огоҳ созем. Бигзор ҳамагон бидонанд, ки дини ислом василае байни Худову бандааш мебошад, на равише баҳри вайронии ҷомеа ва ба даст овардани дунёи фонӣ. Агар мо тавонем, ки ҳақиқатро ба ҳамагон расонем, ҷавонони тоҷик дигар ба Ироқу Сурия намераванд, занони ҷангиёни кушташуда мавриди истифодаи дигар террористон қарор намегиранд, фарзандони онҳо зери танку тӯп намемонанд. Дигар касе наметавонад мардуми моро бо шиорҳои динӣ фирефта, дар ҷомеаи навини тоҷикон тафриқа эҷод намояд. Сулҳи тоҷикон ба арзонӣ ба даст наомадааст, аз ин рӯ мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем то ин сулҳ ҷовидон пойдор бошад!
Б. Исмоилов,
сархатиби н. Спитамен