Мавзӯи суботи ҷомеа дар қуръон ва суннат
Шукру сипоси фаровон, ба адади ситораҳои осмону қатраҳои борон ва барги дарахтону реги биёбон ва зарраҳои замину осмон мар он Худойро, ки ягонагӣ сифати Ӯст ва ҷалолу кибриё ва азамату аъло ва маҷду баҳо хосияти Ӯст. Дину шариат фиристод, то ҳаёти мардумро дар низом дарорад ва баҳри расонидани дину шариат Паёмбарро бо Қуръони карим баёнгар фиристод. Ва дуруд бар Муҳаммади Мустафо (с), ки саййиди паёмбарон аст ва роҳнамою роҳбари муъминон аст. Ва амини асрори рубубият аст ва баргузидаю бардоштаи ҳазрати Илоҳият аст. Ва бар ҷумлаи ёрон ва аҳли байти вай, ки ҳар яке аз эшон қудваи уммат аст ва баёнкунандаи роҳи шариат аст.
Бо тааммул ва андеша дар авзои ҷаҳон ва фазои нооромӣ, имон ва виҷдони солим нагузошт моро, то сукут ихтиёр намуда чизе баҳри неъмате, ки Худо бар мо арзонӣ кардааст, лаб накушоем. Ростӣ дар фикри он будам, ки дар робита ба неъмати оромии кишвар ва сулҳу субот чизе рӯи варақ орам, ҳарчанд ки бо мардум дар ин маврид ҳамеша гуфтугӯ дорем, аммо боз ҳам қаноатманд набудам. Ба худ мегуфтам, ки ҳоло ҳам вазифаи мусалмонӣ ва шаҳрвандии худро дар баробари ин неъмат адо накардаам, имрӯзро ба фардо, фардоро пас аз фардо гузошта ба худ баҳонаҳо оварда танбалӣ мекардам. Инак, ба номи Худои меҳрубон, қалам ба даст гирифта ҳамватанони азизро мухотаб қарор дода, гуфтори хешро оғоз менамоям.
Худованд (ҷ) дар каломи поки худ мефармояд: "Ва аммо дар бораи неъмати Парвардигори худ хабар деҳ!" (сураи Зуҳо ояти 11).
Худованд супориш медиҳад, ки баҳри неъматҳояш забони шукру ситоиш дошта бошем ва ҳамеша бо ҳамдигар неъматҳояшро ёдовар бошем.
Дар ҷойи дигар мефармояд: "Ва панд деҳ, ҳароина панд додан муъминонро суд мебахшад! "(сураи Зориёт, ояти 55).
Моро зарур ва ҳатмӣ аст, ки ҳамеша бо ҳамдигар, хусусан бар ҷавонон неъмати оромӣ ва осудаҳолиро бифаҳмонем. Одатан инсон ҳангоме ки дар оғуши неъмат бошад, қадри онро намедонад, он гоҳ ки неъмат аз ӯ салб шавад, пас дарк мекунад, ки неъмати оромӣ чӣ будааст. Барои як ҷомеаи солим ва пешрафта зарур аст, ки дар масъалаи маориф, тандурустӣ, иқтисод ва оромӣ таваҷҷуҳи аз ҳама муҳим дода шавад.
Пешвои миллати мо дар масъалаи амну оромӣ ҳамеша таъкидҳо менамоянд ва аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористиро маҳкум карда, дини исломро дини сулҳ ва пок аз чунин паёмадҳои нопок эълон намуданд.
Дар Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (с) низ ин масоил возеҳ ва равшан баён шудааст. Худованд дар Қуръон аз забони ҳазрати Иброҳим (а) чунин мефармояд:
"Эй Парвардигори ман, ин маконро шаҳри боамн бисоз ва аз сокинонаш касеро, ки баХудо ва рӯзи боз-пасин имон оварад, аз меваҳо рӯзӣ деҳ!" (сураи Бақара, ояти 126).
Дар ин оят ҳам масъалаи амният ва ҳам масъалаи иқтисод мадди назар қарор гирифтааст.
Боз дар ояти дигар низ омадааст: "Пас бояд Парвардигори ин Хонаро ибодат кунанд. Он (Худое) ки оҳоро дар гуруснагӣ таом дод ва аз тарс эминӣ бахшид" (сураи Қурайш, ояҳои 3-4). Дар ин оят низ масъалаи иқтисод ва амният ифода ёфтааст.
Худованд мисол мезанад шаҳри Маккаро, ки мардумаш дар оромиву итминон қарор доштанд ва рӯзиашон бемашаққат барояшон дастрас мегардид. Чун куфрони ин ду неъмат карданд, Худованд барояшон хавфу гуруснагӣ овард. Дар ин маврид Худованд дар сураи Наҳл мефармояд: “Ва Худо масали деҳаро баён кард, ки эмину орамида буд, рӯзии он ба кушодагӣаз ҳар ҷое ба ӯ меомад; пас бар неъматҳои Худо носипосӣ кард. Пас Худо ба сабаби он чи мекарданд, гуруснагию тарси фарогирро ба онҳо чашонид” (сураи Наҳл, ояти 112).
Дар ҷойи дигар Худованд неъмати оромиро болои маккиён миннат мегузорад:
“Оё надидаанд, ки Мо Ҳарами боамн пайдо кардем ва (ҳол он ки) мардум гирдогирдашонрабуда мешаванд” (сураи Анкабут, ояти 67).
Акнун ба аҳодиси Паёмбар (с) назар меафканем, то дар ин маврид чи гуфтаҳо пайдо хоҳем кард.
Имоми Бухорӣ (р) ривоят мекунад, ки расули Худо (с) фармудаанд:
"Кадом нафаре аз шумо субҳ аз хоб хезад, ҳоло он ки дар ҳолати амну оромӣ қарор дорад ва ҳеҷ хавфу хатар ӯро таҳдид намекунад ва сиҳату саломат мебошад, беморие дар худ намебинад, дар назди ӯ рӯзии якрӯза мебошад, пас мисли ин аст, ки тамоми дунё бохушиҳояш ба суроғи ӯ омада бошад" (Сунани Тирмизӣ, Бухорӣ: дар китоби “Адабулмуфрад”).
Маълум аст, ки агар оромӣ ва тани сиҳат набошад, тамоми шириниҳои дунё ба коми инсон талх хоҳад буд ва инсон розӣ мешавад, ки ҳамаи дунёро диҳад ва ин ду неъматро ба даст орад.
Дар ҳадиси дигар омадааст: " Ду неъмати бузург аст, ки аксари мардум аз он ду неъмат ғофиланд, яке оромӣ дигаре тани сиҳат" (Бухорӣ).
Чаро нолад касе аз тангдастӣ,
Ки ганҷи беқиёс аст тандурустӣ.
Албатта оромӣ ин неъмате аст, ки ҳамчун нафас барои ҳар нафар зарур ва муҳим мебошад ва барои ҳифозати ӯ доим аз Худованд дар дуоҳо талаб намуда шавад. Дар ҳадиси Расули акрам (с) ривоят шудааст, ки ҳангоми мушоҳидаи моҳи нав ин дуоро мекарданд:
“Бор Илоҳо ин моҳро бар мо моҳи амну оромӣ ва моҳи имон ва саломат ва ислом гардон, ин моҳро моҳи хайру рушду ҳидоят намо, Парвадигори ману ту Аллоҳ аст” (Сунани Тирмизӣ).
Агар дар ин дуои зебои Паёмбар (с) назар афканем, дарк хоҳем кард, ки аввалин чизе, ки дархост карданд аз Худованд ин оромӣ буд, ҳатто қабл аз саломатӣ оромиро талаб намуданд. Ин неъмат то ҷое аҳамият дорад, ки Худованд ҳушдор медиҳад бандагонашро, ки агар қадрашро надонанд, аз онҳо ин неъматашро хоҳад гирифт.
Пас ҳамватанони азизу гиромӣ мову шумо дар ватани амнияту субот зиндагӣ дорем, дар ҳоле ки дар кишвари ҳамсояамон Афғонистон мардумро ғорат мекунанду мекушанд, имрӯз мардуми Афғонистон молу сарват, қасру ишрат намехоҳанд, танҳо орзуяшон як чи аст, оромӣ. Дигар аз қатлу ғорат, таркишу хунрезӣ дилгир шудаанд. Пас мо бояд аз ҳоли онҳо ибрат гирифта, баҳри амнияту сулҳу ваҳдати кишвари азизамон содиқона хидмат намуда, саҳми арзандаи хешро баҳри пешрафти ҷомеа гузорем.
Наравад мурғ сӯи дона фароз,
Чун дигар мурғ бинад андар банд.
Панд гир аз мусибати дигарон,
То нагиранд дигарон ба ту банд. (Саъдии Шерозӣ).
Дар охир аз Худованди меҳрубон бо тамоми умеду орзу баҳри Ватани азиз амну оромӣ, сулҳу ваҳдат, якдиливу якдигарфаҳмӣ, тамоми пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва технологиро таманно дорам, Худованд ин кишвари азизро аз тамоми душманони дохиливу хориҷӣ, аз макру найрангашон нигаҳбон бошад ва тамоми онҳое, ки баҳри ҳифзу тарақиёти ин ватан талошу заҳмат кашидаанду мекашанд, аз ҷумла дар раъси онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хайру баракат насибашон гардонад. Омин ё раббал оламин.