Home Articles

Articles

ФАЗИЛАТИ САДАҚА ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Моҳи шарифи Рамазон бо фазилатҳои ҳамидаи худ, аз қабили расидан ба қадри неъматҳои офаридаи Худованд, тақвияти имону ирода ва сабру таҳаммул, рафтор ва гуфтори наку, паҳрезкорӣ, риояи хулқу атвори ҳамида, ҳалолу пок зистанро ба мардум меомӯзад ва мардумро ба кори хайру сахо ҳидоят менамояд.

2023-04-07
1773
МОҲИ ХУДСОЗӢ ВА ҒАНОВАТИ АХЛОҚ

Ҳар шахс рўзаи моҳи Рамазонро ба ихлоси том ва бар сабри зебо рўза дорад, иншоаллоҳ, гуноҳони яксолааш омурзида мешавад. Барои бе нуқсон рўза доштани моҳи муборак саҳархўрӣ кардан муҳим аст, зеро Расули Худо (с) саҳархўриро тавсиф намуда, фармуданд: «Дар саҳархўрӣ баракат аст».

2023-04-07
1539
ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН-ДАСТУРИ РАМАЗОНИИ ҲАР МУСУЛМОН

Сахӣ кист? Он кас, ки саховат кунад. Саховат яке аз хислатҳои хуби инсон ба шумор меравад. Чунин сифатҳои ахлоқӣ ба ҳар як шахс тааллуқ дорад, чунки инсон худ табиатан нек аст ва ӯ кӯшиш мекунад, ки ба эҳтиёҷманде мадад расонад. Лекин саховат бояд ба мақсади нек нигаронида шуда бошад. Дар акси ҳол, саховат маънии худро гум мекунад.

2023-04-04
1640
ФАЗИЛАТИ РЎЗҲО ВА ШАБҲОИ МОҲИ РАМАЗОН

Даҳ рўзи аввали ин моҳи муборак раҳмат аст, даҳ рўзи мобайнаш мағфират ва даҳ рўзи охираш озодӣ аз оташи дўзах аст. Худованд ба фазлу карами худ ба муъминон раҳмати хешро арзонӣ медорад, чунки Ў Раҳиму Карим аст. Даҳ рўзи миёнаи ин моҳ мағфират ва бахшиши гуноҳон аст. Он касоне, ки гуноҳ ва хато содир кардаанд, ҳангоме ки тавба намуда, ба сўи Парвардигори худ рўй меоваранд, Худованд гуноҳонашонро мебахшад ва тавбаашонро мепазирад.

2023-04-03
1617
ҲУҚУҚИ ҲАМСАРОН ВА МУҲАББАТ ДАР ХОНАВОДА

Ростӣ, меҳру муҳаббат яке аз сутунҳои асосии оила мебошад. Вақте ҷавонписар ва ҷавондухтаре бо ҳам издивоҷ мекунанд ва бо ҳам як ханаводаи ҷадиду мустақиллеро ташкил медиҳанд, нахустин чизе, ки ҳар кадоми онҳоро дар канори дигарӣ гирд меоварад, ки ин ду ҳамеша ва то охири ҳаёт бо ҳам зиндагӣ кунанд, ҳамоно меҳру муҳаббат аст, он меҳру муҳаббате, ки Худованд онро яке аз оятҳову нишонаҳои Худ шуморидааст.

2023-04-03
1479
ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ ИМОНИИ МОСТ!

Ҳар чизе дар зиндагӣ шукрона мехоҳад, аммо неъмати бузургтарине, ки бақои зиндагии фарзандону наберагони мо ба он вобаста мебошад, неъмати тинҷию сулҳу субот аст. Бинобар ин, тамоми қишри ҷомеа бояд ин гавҳари тинҷию амниятро нигаҳбонӣ кунанд,

2023-03-29
1598
Pray time in Dushanbe

20.06.2026

More
Fajr03:24
Zuhr12:40
Asr17:57
Maghrib20:03
Isha21:33
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

More