Articles
Инсон дар зиндагии худ бо сабру мулоҳиза ва тамкину таҳаммул метавонад тамоми мушкилотро паси сар намояд. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд хашму ғазаби худро фурў бурда, дар ҳалли мушкилоти мављуда аз ақли солим истифода намояд. Барои муҳайё намудани фазои солими хонавода муносибати некбинона, ахлоқи ҳамида, рафтору гуфтори нек, якдигарфаҳмӣ ва меҳрубонии байни зану шавҳар хеле муҳим аст.
Дурўғ он аст, ки инсон каломи хилофи ҳақиқат ва воқеъиятро бар забон биронад. Дурўғ яке аз нишонаҳои нифоқ ва дурўягӣ аст. Паёмбар (с) фармудаанд: Нишонаи мунофиқ се чиз аст: Чун сухан бигўяд, дурўғ гўяд ва чун ваъда диҳад, хилоф кунад ва чун амонат дода шавад, хиёнат кунад».
Марде назди Расули акрам (с) омада гуфт: “-Ё Расуллаллоҳ, маро васияте кун ба коре, ки чун он кор кунам, аз оташи дӯзах халос ёбам?”. Расули акрам (с) гуфтанд, ки дар ғазаб машав. Он мард борҳо мегуфт: “– Ё Расулаллох (с), маро васият кун”. Расули акрам (с) ҳамин мегуфт, ки ғазаб макун. Маро коре биёмӯз, ки бад-он ба биҳишт равам.
Пас дили солим чист? Тавсифи мувофиқтарини қалби солим чунин аст: «Он диле, ки аз ҳавасҳои мухолиф ба дастуроти Худо ва шубҳаҳое, ки хилофи паёми Ӯ ҳастанд, холӣ аст. Аллоҳро дӯст медорад, ба ҳукми Паёмбар (с) розӣ аст. Дили солим он аст, ки мутеъи Аллоҳ аст ва дар ҳама ҳолат розигии ӯро авло медонад ва аз ҳар чизе, ки боиси хашми ӯ мешавад, дур аст».
Ҷомеъа дар ҳоле пеш меравад, ки ҳар як фард аз рисолату масъулияти ватандориву хештаншиносиаш хуб огаҳӣ дошта бошад. Маҳз ҳамон садоқату ватандорист, ки ҳар як миллату давлат дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ соҳибмақом мегардад. Раванди бархурди ҷаҳонишавии давлатҳо ва омехта гардидани фарҳангу тамаддунҳои мухталиф бозгӯи онаст, ки мо бояд ба тарбияи ватанпарстии насли наврасу ҷавон эътибори ҷидди дода дар ниҳодашон меҳру вафодории ватанро ҷой намоем.
Мафҳуми Ватан-Модар аз вожаҳои муқаддастарин ба ҳисоб рафта, ҳамеша бо эҳтироми бепоён ва меҳри хоса ба забон гирифта мешавад. Тоҷикон аз арзи ташаккул то ба имрўз соҳиби давлат, миллат, забон ва дорои урфу одатҳои баланди инсонӣ буданд ва аҷдодони мо тавонистанд асрҳои аср ҳамаи муқаддасот ва марзу буми ин Ватани азизро ҳифозат карда ба мо мерос гузоранд.
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More