Articles
Дини мубини Ислом муқобили ҳама гунна тундравӣ, густариши бесарусомони харобандеши ва амалҳоест, ки оромии ҷомеаро аз байн мебаранд ва мардумро ба даҳшату ҳаррос мегузоранд. Субботу оромӣ ва пешрафти ҷомеа дар пояи ваҳдати омма беҳтарин неъматест, ки асрҳои аср аҷдодони мо орзў мекарданд ва ин арзиш дар замони мо аҳамияти бештаре касб кардааст.
Исро ва Меъроҷ - сафари шабона ва боло рафтан аст. Ин сафари шабонаи Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) аз Масҷидулҳаром ба Масҷиди Ақсо ва баромадани ӯ ба осмон мебошад.
Бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имрўз қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба артиши муқтадир ва муҷаҳҳаз табдил ёфт, ки яке аз артишҳои пешрафта маҳсуб меёбад. Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрўз дорои тамоми таҷҳизоти техникӣ буда, барои афсарону аскарон тамоми шароитҳо муҳайё гаштааст.
Ҳифзу ҳимояи Ватан дар дини мубини Ислом ҷойгоҳи хосе дорад ва Худованди мутаъол мусалмононро ба ҳифзи марзу буми ватани худ амр кардааст. Барои ҳар яки мо ҳам фарзу ҳам қарз аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромии ватани худ бошем.
Ту некӯ бандае ҳастӣ, агар аз байтулмол намехӯрдӣ ва кор мекардӣ. Довуд (а) аз ин хитоб гиря карданд. Пас Худованд оҳанро дар дасти он ҳазрат нарм намуд, баъд аз он ҳар рӯз зиреҳе месохт ва онро мефурӯхт ва ҳамин гуна аз байтулмол бениёз шуд.
Абуҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «ҳар ки ба Худо ва рўзи охират имон дорад, пас бояд танҳо сухани нек бигўяд, ё хомўш истад. Ва ҳар кӣ ба Худо ва рўзи охират имон дорад, бояд меҳмоннавоз бошад» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More