Home News Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон
2020-08-24
16283

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Ассалому алайкум ҳамватанони азиз, дӯстони гиромӣ!

Дар оғоз ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди қурбон самимона табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Худованд бароятон саодату комёбиро орзу дорем.

ҳамватанони гиромӣ! Боиси сарфарозӣ ва хушнудист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Иди саиди Қурбонро дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ҷашн мегиранд. Дар ин рӯзҳои муборак миллионҳо мусулмон аз гӯшаву канори олам дар шаҳри Маккаи Мукаррама зери як либоси эҳром ҷамъ омада, ҳама ба таври баробар ибодати Офаридгори хешро ба ҷо меоранд. Ин маънои онро дорад, ки фарҳанги ғанию пурҳикмати  дини мубини Ислом пайравонашро ташвиқу тарғиб менамояд, ки бо ҳам муттаҳид зиндагӣ кунанд ва аз ихтилофу парокандаги худдорӣ намоянд. Агар ба ҳикмат ва маонии тамоми ибодатҳои дини мубини Ислом амиқан назар андозем, дар ниҳоди онҳо маънои ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ, дўстию муҳаббат ва муттаҳидии мусулмононро хоҳем дарёфт. Бинобар ин, маросими ҳаҷ дарси ибрати бузурге на танҳо барои зоирони Хонаи Худо, балки барои тамоми мусулмонони ҷаҳон аст.

Яке аз нуктаҳои муҳими аҳкоми ҳаҷ барои мусулмонон қурбонӣ намудани чорпое дар роҳи ризои Худованди Мутаъол аст. Чунонки замоне  Худованд ҳазрати Иброҳим (а)-ро имтиҳон намуд ва он ҳазрат дар ин имтиҳон комёб гардид. Ба ин хотир, ин рўзгори Иброҳим (а) дарси ибрат барои тамоми пайравони дини мубини Ислом мебошад, ки имону ихлос ба Худо, садоқату ростӣ, меҳру муҳаббат ба Ватану мардуми мусулмон дошта бошанд. Иброҳими Халил (а) ҳама фарзандони Одамро новобаста аз он ки аз кадом қавму миллатанд, дарси садоқату амонатдорӣ ва ихлосу фидокорӣ додааст ва ба ин васила худ ба авҷи қабули даргоҳи илоҳӣ ноил шудааст.

ҳамватанони гиромӣ! Иди қурбон дорои фазилатҳои зиёдест. Шод кардани дили ятимону мискинон ба воситаи хайру эҳсон, аёдати беморону зиёрати волидон дар рӯзҳои Иди Қурбон аз ҷумлаи ин фазилатҳо ва сабаби ризомандии Худованди меҳрубон аст. Чунонки бузурге аз ниёгони мо мефармояд:

ҳарки хандонад ятими хастаро,

Дар кушояд ҷаннати дарбастаро.

Ҳамватанони азиз! Бори дигар Шуморо ба муносибати фаорасии Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, ба хонадони Шумо хайру баракат ва амну офиятро аз даргоҳи Худои якто орзу дорем. Аз Худованди меҳрубон умеди онро дорем, ки дар кишвари мо сулҳу оромӣ ва тинҷию амонӣ доимо пойдор бошад, муҳаббату дӯстӣ ва ухуввату ҳамбастагӣ байни мардум боз ҳам устувор гардад.

Pray time in Dushanbe

24.04.2024

More
Fajr03:59
Zuhr12:40
Asr17:22
Maghrib19:21
Isha20:52
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More