Главная Статьи Чанд насиҳате барои зиндагии босаодати зану шавҳар.

Чанд насиҳате барои зиндагии босаодати зану шавҳар.

Чанд насиҳате барои зиндагии босаодати зану шавҳар.
2015-10-05
5550

Чанд насиҳате барои зиндагии босаодати зану шавҳар

Тақдим ба хоҳари мусулмоне, ки ба зиндагии нав қадам гузоштааст.

  1. Ту гулу шукуфаи хонаи худ ҳастӣ, пас кӯшиш кун, то эҳсоси хушбахтии ин гулро дар ҳамон лаҳзаи дохил шудани шавҳарат ба хона бидиҳӣ.
  2. Ҳолатҳои роҳат ва оромии шавҳаратро ҷустуҷӯ кун, хоҳ бо сухан гуфтан бошад ё ба анҷоми амале ва ба сӯйи шавҳарат ба сурати як дӯсти ҳамкор бишитоб.
  3. Ҳамеша бо шавҳари худ гуфтугӯ ва машварат дошта бош, аммо аз ҷангу ҷадал ва якравӣ дар раъйи худ ҷилавгирӣ кун.
  4. Маънои «қаввом», яъне сарвар будани мард бар занро, ки дар Қуръон зикр шудааст, ба мафҳуми шаръӣ ва асили он дарк намо, ҳаргиз гумон накун, ки ин калима гӯё зулм буда, мақоми занро поймол месозад.
  5. Овозатро ҳаргиз дар ҳузури шавҳарат баланд накун.
  6. Саъйу талош намо, то ҳардуи шумо гоҳ-гоҳе ба намози таҳаҷҷуд бархезед, зеро ин намоз ба шумо нуру саъодат, маҳаббату дӯстӣ ва оромиш мебахшад. Худованд мефармояд: «Огоҳ бошед, ки ба ёди Худо дилҳо оромиш пайдо мекунанд». («Раъд»; 28).
  7. Дар вақти ғазаби шавҳарат оромиши комилро ихтиёр кун ва ҳаргиз қабл аз он ки ризояти вайро ба даст наёвардаӣ, нахоб. Пайғамбар (с) мефармояд: «Шавҳарат ҷаннат ва дӯзахи туст». (Ривояти Аҳмад).
  8. Дар вақти пӯшидани либос ва баромадан ба сӯйи кор ё вазифааш дар баробари шавҳарат истода бош ва то дами дар ӯро гусел намо.
  9. Бо пӯшидани баъзе либосҳои муайян ба ӯ эҳсоси рағбат бидеҳ ва барои вай либос интихоб кун.
  10.  Дар дарки заруриёт ва эҳтиёҷоташ хеле дақиқ бош, то муоширати некӯ бароят осон гардад.
  11.  Ҳеч гоҳ мунтазири калимаи «таассуф» ва «маъзаратхоҳӣ» аз вай набош, балки вайро маҷбур ба чунин коре ҳам накун, магар он ки худаш маъзарат бихоҳад ва ё изҳори таассуф намояд.
  12.  Ба зоҳир ва либоси шавҳарат таваҷҷуҳи зиёд дошта бош, агарчи худи вай бо он таваҷҷуҳ надошта бошад, зеро вай дӯст медорад, то дӯстонаш симо ва либоси ӯро таъриф кунанд.
  13.  Кӯшиш накун, то вай ҳамеша ба сӯйи ту биёяд ва ба ту изҳори рағбат кунад,  балки гоҳ-гоҳе ту низ ба ӯ изҳори тамоюл намо.
  14.  Ҳар шаб барои вай арӯс бош ва пеш аз ӯ ҳеч гоҳе ба ҷуз вақти зарурат ба хоб нарав.
  15.  Агар бо вай муомилаи неке кардӣ, мунтазири ҷавоби он набош, зеро бисёре аз шавҳарон  машғули мушкилоти зиндагӣ шуда, ба ин сабаб эҳсосоти худро баён карда наметавонанд.
  16.  Дар сурате, ки шавҳарат дар мушкиле  мубтало бошад, худро ҳамдарду ҳамғами вай нишон бидеҳ, лекин аз такаллуф (сохтакорӣ) дурӣ кун.
  17.  Вақти ба хона ворид шудани шавҳарат ӯро бо лабханди бомуҳаббат ва эҳсосу рағбати самимӣ истиқбол намо.
  18.  Доим ба ёд дошта бош, ки шавҳар василаест, ки тавассути он ба Аллоҳ (ҷ) метавон наздик шуд.
  19.  Кӯшиш кун, то дар ҳар чиз, дар шаклу қиёфа, дар сухан гуфтан ва дар истиқболат аз вай навоварӣ нишон диҳӣ.
  20.  Вақте ки шавҳарат аз ту чизе мехоҳад, ҳаргиз дудилагӣ ва танбалӣ накун, балки он чизро бо хушнудӣ ва ризоят ба вай тақдим намо.
  21.  Дар тартибу сомони ҷиҳози хона таҷдиди назар намо, хусусан, пеш аз он ки вай ба хона бармегардад ва шавҳаратро бифаҳмон, ки ин ҳамаро фақат ба хотири хушҳолии ӯ анҷом медиҳӣ.
  22.  Ба мураттаб намудани корҳои хона, танзими вақт ва тартиби заруриёти он шавқу рағбат дошта бош.
  23.  Баъзе маҳоратҳои занонаро ба таври хеле хуб ёд бигир, зеро ту ба онҳо дар хонаи худ зарурат дорӣ ва чунин коре дар пешрафти зиндагии шумо кӯмак мерасонад.
  24.  Ҳар он чиро аз хӯрока ва пӯшока ва дигар лавозими хона, ки шавҳарат меорад, бо ташаккур ва қадрдонӣ истиқбол намо.
  25.  Дар покӣ, назофат ва тартиби хона бо чеҳраи кушода ва хандон саъйу талош кун,  агарчи шавҳарат аз ту чунин нахоҳад.
  26.  Обу ҳавои хонаро, хусусан пеш аз баргаштани шавҳарат ба хона мутобиқи ӯ омода бисоз ва ба шавҳарат фурсати онро, ки эҳсос накунад,  ки ту дар умури хона сустӣ ва танбалӣ менамоӣ ва ё дар кори  хона  шавқу рағбат надорӣ.
  27.  Ҳамеша қонеъ бош ва кӯшиш намо, ки исроф накунӣ, то масрафат бештар аз даромад набошад.
  28.  Шавҳаратро бо барпо кардани маҳфилҳои хуби оилавӣ мужда бидеҳ, албатта бо истифода аз вақти муносиб, зеро рафтуомадҳои оилавӣ сабаби меҳру муҳаббат дар байни хонаводаҳо мешавад.
  29.  Бояд шавҳарат эҳсос кунад, ки ту ҳамеша дар корҳои муҳимми марбут ба худ ва фарзандонат ба раъйу машварати вай зарурат дорӣ, худписанду худхоҳ мабош ва ҳаргиз ба ӯ анҷоми амалҳои номашруъ ва ночизро пешниҳод макун.
  30.  Ҳамеша зан будани худро ба ёд дошта бош ва муҳаббати худро барои шавхарат ба шакли муносиб ва вақти муносиб ва бидуни такаллуф изҳор кун.
  31.  Дар вақти бозгашти шавҳарат аз кор ё сафар ва ё ҳангоми бархостанаш аз хоб ва ё дар сари дастархон аз фарзандонат шикоят накун, зеро шикоят дар ин лаҳзаҳо таъсири хеле бад барои падар ва фарзандон дорад.
  32.  Ба фарзандонат вобаста ба синну солашон биёмӯз, ки дар вақти бозгашти падарашон аз кор ё сафар чигуна ӯро пешвоз ва истиқбол гиранд.
  33.  Ҳеч гоҳ шавҳаратро пас аз бозгашташ аз сафар бо дарду шикоятҳо агарчи хеле мушкил ҳам бошад, истиқбол нагир.
  34.  Вақте ки шавҳарат фарзандонро сарзаниш мекунад, дахолат макун.
  35.  Кӯшиш кун миёни падар ва фарзандон ҳамеша робита ва алоқаи  нек эҷод кунӣ.
  36.  Бо вуҷуди машғулиятҳои шавҳарат ӯро ба дуо ташвиқ намо, зеро ту тарбияи фарзандонатро ба баракати дуо ва машваратҳои ӯ метавонӣ ба равиши некӯ ба пеш бибарӣ.
  37.  Дар ҷараёни интихоби тариқаи хос дар тарбияи фарзандонат мунтазири натиҷаи фаврии он мабош, зеро то замони муносибе, ки ба синну соли тифл иртибот дорад, тай нагардад, натиҷаи муносиб ҳосил намегардад, пас ноумед ва дилсард мабош.
  38.  Тариқаи рафтору гуфторатро ба фарзандонат чунон ихтиёр кун,  ки онро ақлу виҷдони ҳарду қабул кунанд, танҳо ба ҳушдор додан ва ёдоварӣ кардан иктифо накун, то ки дар қалби фарзандонат муҳаббати бештар пайдо кунӣ.
  39.  Кӯшиш кун, то хоҳархондаи (дӯст ва дугонаи) духтарони худ бошӣ ва тағйиротеро, ки духтаронат дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ тай мекунанд, эҳсос намоӣ.
  40.  То ҳадди имкон дар миёни вазифаҳо (корҳои ба уҳдадошта)-и  худ дар баробари шавҳару фарзандон, хона ва кору машғулиятҳои зиндагӣ,  тавозун  ва эътидол эҷод намоӣ.
  41.  Волидайни шавҳаратро эҳтиром кун ва ҳеч гоҳ дар муомила бо волидайни худ ва волидайни шавҳарат тафовут эҷод макун, зеро онҳо қиматтарин ва гаронбаҳотарин ҳадяро, ки шавҳарат аст, бароят тақдим кардаанд.
  42.  Аҳли шавҳаратро дар мулоқоту маҳфилҳои гуногун бо такриму эҳтиром ва тақдими ҳадя истиқбол гир, агарчи шавҳарат ба зиёрати онҳо таваҷҷуҳ надошта бошад, ту ӯро ба он ташвиқу тарғиб намо.
  43.  Аз меҳмонони шавҳарат агарчи дар вақтҳои гуногун ва бо теъдоди  зиёд ба хонаат рафтуомад кунанд, эҳсоси нафрат накун, балки дар икрому меҳмоннавозии онҳо саъйу талош намо, зеро ин амал шарафу  иззати шавҳаратро меафзояд.
  44.  Ба авроқ, китобҳо, ашё ва лавозимоти шавҳарат эҳтимоми хос дошта бош ва онҳоро ҳамеша маҳфуз нигоҳ дор.
  45.  Хонаро тавре омода соз, ки дар ҳама ҳолат қобили истиқболи меҳмон бошад.
  46.  Дар сурати таъхир ва дурии шавҳарат аз хона ӯро итобу сарзаниш накун, балки ӯро ба тариқи беҳтар бифаҳмон, ки дар интизораш будӣ ва аз талошҳои вай изҳори фахр кун.
  47.  Кӯшиш намо сабаби дурӣ ва таъхири шавҳаратро аз хона дарёбӣ  ва барои илоҷи он ба тариқаи хуб ва дуруст саъй кун.
  48.  Шавҳаратро маҷбур насоз, ки дар сурати норозӣ будан онро ба забон изҳор кунад, балки ба ишорати вай иктифо намуда, дар роҳи  ҳалли мушкилот  қадамҳои  устувортар  бардор.
  49.  Аз шикояти бисёр дар корҳои хона ва манзил худдорӣ кун ва бидон, ки шавҳар ҳаққи онро дорад, то аз аъмоле, ки ту ба он машғул мебошӣ, огоҳ бошад, пас дар сурати пурсиш ба вай ҷавоби  комил  ва қаноатбахш бидеҳ.
  50.  Бояд шавҳарат ин гуна эҳсос кунад, ки ту ба вай шахсан хеле рағбат ва таваҷҷуҳ дорӣ, зеро зани моҳир он аст, ки ҳастии худро дар хона худ устувор созад ва ба шавҳари худ низ чунин эҳсос диҳад.
  51.  Ба ёд дошта бош, ки кору машғулиятҳои манзил ба табиати  занонаат асароти манфӣ надошта бошад.
  52.  Асрори хонаро ҳифз намо ва бо шавҳаратро дар ростои вазифа ва кору бораш бо зиракӣ ва ҳушёрии худ кӯмак кун. 
  53.  Ҳеч гоҳ шавҳаратро бо дигарон муқоиса накун, балки хислатҳои некӯеро, ки дар вай вуҷуд дорад, ҳамеша дар ёд дошта бош.  
  54.  Ҳаргиз ба шавҳарат дурӯғ нагӯ ва ҳамеша содиқу бовафо бош.
  55.  Ҳиҷоби худро ҳамеша ҳифз намо, зеро ин корат мақому манзилати туро дар назди шавҳарат боло мебарад.
  56.  Ба номусу ғайрати шавҳарат таваҷҷуҳ дошта бош ва ҳаргиз амале анҷом надеҳ, ки боиси хашму ғазаби ӯ гардад.
  57.  Дар тарбияти имонии фарзандонат ҷидду ҷаҳд намо, зеро фарзандони солеҳу некӯкор меваи дили падару модаранд, вале фарзандони носолеҳу бадахлоқ сабаби бадбахтӣ ва зиллати падару модар мегарданд.
  58.  Дар вақти балову мусибат ва дар ҳангоми хушию роҳат ба ёди Аллоҳ (ҷ) бош, зеро Ӯ қодиру тавоно аст.
  59.  Ҳаргиз дар ҳузури фарзандон бо шавҳарат низоъ ва ҷанҷол макун, зеро ин рафтори шумо ба рӯҳияи фарзандони хурдсолатон таъсири манфӣ дорад.
  60.  Ҳеч гоҳ ба кӯшишу талоши худ эътимод макун ва ба ёд дошта бош, ки мо ҳамеша ба тавфиқи илоҳӣ муҳтоҷ ҳастем.

Хоҳарам! Акнун, ки ба хонаи шавҳарат меравӣ ва ба зиндагии нав қадам мегузорӣ, ин насиҳатҳоро фаромӯш макун, то бо ёрию тавфиқи Аллоҳ (ҷ) ҳамеша хушбахту сарбаланд бошӣ.

Аммо он хоҳароне, ки аз арӯсии онҳо муддатҳо гузаштааст, низ метавонанд аз ҳамин рӯз, бале!, аз ҳамин рӯз қадам ба зиндагии   нав бигузоранд.

Аллоҳ таъоло ба ҳамаи хоҳарони мӯъмину мусулмон тақво ва имони комил насиб фармояд ва ҳамаи моро дар паноҳи худ ҳифз намояд.

Время намаза в Душанбе

22.05.2025

Подробнее
Фаджр03:29
Зухр12:40
Аср17:50
Магриб19:47
Иша21:17
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее