Главная Статьи Талаби илм – роҳи саодат

Талаби илм – роҳи саодат

Талаби илм – роҳи саодат
2019-08-23
2919

Сипос он Худойро, ки илму донишро арзонӣ дошта, дар байни мардуми хоссе пароканда намуд ва ин гуруҳи саодатмандро дар байни бандагони худ чун машъале гардонид. Дуруду салом ба Паёмбари акрам (с), ки беҳтарин ва арзандатарин муаллими башарият аст, ки пайғому дастуроти Худовандро дар бобати таълими илм ба бандагони Ӯ расонидааст. Боз дуруду салом ба олу асҳобаш, ки беҳтарин амалкунандагон ба фармудаҳои Худованд ва суннати Паёмбараш (с) ва беҳтарин шогирдони замони нубувват буданд.

Аввалин оятҳои Қуръони карим дар тарғиби хондан ва донишомӯзӣ нозил шудааст, чунон ки Худованди ҷалла ва ъало фармудааст: “Бихон ба номи Парвардигорат, ки офарид”.

Он тавсия ва таъкиде, ки дини мубини Ислом нисбат ба омӯзиши илм намудааст, шояд нисбат ба дигар мавзуъ ин миқдор тавсия нашуда бошад. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали зуҳури худ ин дини осмонӣ омӯзиши илмро дар радифи соири ибодатҳо аз қабили намозу рӯза, ҳаҷу закот ва ғайра фарз эълон намуд. Чунончи Пайғамбари Худо (с) фармуданд: “Талаб кардани илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст”.

Ягона чизе, ки инсонро аз торикию зулмати ҷаҳолату ғафлат берун месозад, илм аст. Ҳабиби Худо (с) фармуданд: “Мисоли олимон дар рӯи замин монанди ситораҳо дар осмон аст, ки дар торикии баҳру хушкӣ мардумонро роҳнамоӣ мекунанд ва агар шабона ситораҳо набошанд, (яъне агар олимон набошанд) эҳтимол аст, ки мардум роҳгум зананд”. (Ривояти Имом Аҳмад)

Яке аз донишмандон фармудааст: “Болотарин мақоме, ки банда дар пешгоҳи Худованд соҳиб мегардад, мақоми пайғамбарист. Пайғамбарон беҳтарин бандаҳои Худованд ҳастанд ва чӣ гуна ин тавр набошанд, ки Худованд онҳоро восита ва миёнарав байни худ ва бандагон қарор додааст. Беҳтарини мардум пас аз пайғамбарон ин олимонанд, ки худи Расули акрам (с) фармудаанд: “Ба таҳқиқ олимон ворисони пайғамбарон ҳастанд, пайғамбарон аз худ диноре ва дирҳаме мерос боқӣ нагузоштаанд, балки мероси онҳо илм аст ва касе, ки соҳиби ин мерос гардид, баҳраи зиёдеро соҳиб гашт”.

Тавсияҳои сареҳи Пайғамбар (с) дар мавзӯи илм аст ва махсуси табақае ва ё ҷинсе надорад. Илм макони муайян надорад ва дар ҳар нуқтаи ҷаҳон, ки илме вуҷуд дошта бошад, талаби он зарурист. Дар як ҳадиси дигаре Пайғамбари Худо (с) чунин мефармояд: “Ҳикмат гумшудаи муъмин аст, ҳар ҷо ки онро биёбад, мегирад”. Мисли ин ки шахсе моли гумшудае дорад ва ҳар ҷо ва назди ҳар касе, ки онро дарёфт, онро зуд мегирад.

Илм фаризаест, ки маҳдудият надорад ва олитарин неъмат ба шумор меравад. Аз нигоҳи Қуръон илм нур ва ҷаҳлу нодонӣ зулмат аст ва албатта нур бар зулмат бартарӣ дорад. Шайх Саъдӣ фармудааст:

Банӣ Одам аз илм ёбад камол,

На аз ҳашмату ҷоҳу молу ҷалол.

Касеро, ки шуд дар азал бахт ёр,

Талаб кардани илм кард ихтиёр.

Имом Ғазолӣ дар китоби “Эҳёул-улум”-и худ мефармояд: “Чизе, ки байни инсон ва чаҳорпо фарқ мегузорад, илм аст ва маҳз илм инсонро шариф медорад, на ин ки қувваи ӯ, зеро агар чунин мебуд, уштур аз инсон пурқувваттар аст, инсон на бо ҷуссаи худ шариф аст, зеро фил нисбат ба инсон ҷуссаи калонтар дорад, ҳамчунин на ба шуҷоати худ, зеро паланг аз инсон шуҷоати бештар дорад. Аз ин сабаб ягона чизе, ки ба инсон шараф меорад, илм аст”.

Бузургон фармудаанд:

Чу шамъ бояд аз пайи илм гудохт,

Ки бе илм Худоро натвон шинохт.

Ҳар як кор равиши хосси худро дорад. Омӯхтани илм низ аз инсон ҷидду ҷаҳд, сабру таҳаммул ва интизоми қатъиро талаб мекунад. Омӯхтани илм ибодат аст ва чунонки ибодатҳои дигар бе сидқу ихлос ва нияти холис пазируфта намешаванд, омӯзиши илм низ бидуни ихлос аҷру подоше надорад. Худованд дар Қуръони карим мефармояд:

“Ва амр карда нашудаанд, магар ин ки Худовандро аз рӯи ихлос ва ҳанифона ибодат намоянд”. (Сураи “Баййина”, ояти 3).

Шарти дигари илм амал кардан ба матлаби омӯхта аст. Шоир мефармояд:

Илмат ба амал чун ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Пас ҳар ки илмро бо амал ёр кунад, ба роҳи саодат фаротар қадам мегузорад ва хайри дунёву охиратро ба даст меорад. Чунончи дар хабар омадааст: “Илм иззати дунё ва шарафи охират аст”. Чи сухане метавонад ба мисли ин сухан илмро муаррифӣ кунад? Барои хонандагони сомонаи www.muftiyat.tj маълум бошад, ки таҳсили ҳама гуна илмҳое, ки боиси комёбии инсон дар дунё ва саодати ӯ дар охират мегардад, фарз мебошад.  

Дар охир бо ин фармудаи шоир сухани худро хотима бахшида, ба ҳамаи толибилмон хайри дунёву охиратро орузву таманно дорем:

Роҳе, ки ба ҷаннат бирасонад, илм аст,

Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст.

Ҷуз илм маҷӯ чизеву ҷуз илм маталаб,

Оне, ки зи дӯзах бираҳонад, илм аст.

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее