Главная Статьи ФИРЕФТАИ НОКАСОН НАБОЯД ШУД

ФИРЕФТАИ НОКАСОН НАБОЯД ШУД

ФИРЕФТАИ НОКАСОН НАБОЯД ШУД
2019-09-20
1885

Ба ҳамагон маълум аст, ки чун ҷомеаи Тоҷикистон ва минтақаву ҷаҳон чеҳраи аслии ифротию террористии Ҳизби наҳзати исломиро дид, нерӯҳои беруна ва қувваҳои манфиатҷӯи минтақавӣ ин номи ин ҳизби ифротиро иваз кардан ва онро “Паймони милли Тоҷикистон” номгузорӣ намуданд. Ҳадаф аз ин бозии навбатӣ амалисозии нақшаҳои худ бо роҳи гумроҳсозии ҷомеа мебошад. Ҷои тааҷҷуб аст, ки сарварони ин Паймон чанд нафаре беш нестанд, вале бо маблағҳое, ки аз хоҷагони хориҷиашон мегиранд, сафи пайравони худро зиёд нишон дода, мардуми содаро мефиребанд. Вазифаи ҳар як фарди ватанпарвар, миллатдӯст ва мусалмон, алалхусус ҷавонон, ки нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, аз он иборат аст, ки фирефтаи макрҳо ва найрангҳои ин гуна паймонҳо ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ нашаванд. Ҳар як сокини мамлакат бояд барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Фақат дар фазои амну субот, якдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирии динӣ, садоқату вафодорӣ ба давлати озоду соҳибистиқлоли миллӣ  имконияти ба дастоварҳои назаррас ноил гаштан вуҷуд дорад. Фақат бо чунин услуби давлатдорӣ мо метавонем кишвари азизи худро ба яке аз давлатҳои мутамаддин ва мутарақии ҷаҳон мубаддал созем.

Абдулвоҳид Ҳомидов,

корманди Маркази исломии Тоҷикистон

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее