Главная Статьи Фазоили Умар ибни Хаттоб (р)

Фазоили Умар ибни Хаттоб (р)

Фазоили Умар ибни Хаттоб (р)
2015-10-21
4782

Худо Исломро ба василаи Умар (р) иззат бахшид

Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мегӯяд: «Аз ҳангоме ки Умар (р) ислом овард, мо иззат ёфтем. То қабл аз он наметавонистем дар канори Каъба тавоф кунем ва намоз бигузорем, аммо пас аз исломи ӯ ин имконро ёфтем». (Бухорӣ).

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Худоё! Исломро бо Умар ибни Хаттоб ё бо Валид ибни Муғира иззат бахш». Абдуллоҳ мегӯяд, ки Худованд ин дуои Пайғамбарро дар ҳаққи Умар (р) хоссатан қабул намуд ва онро дар писари Валид, яъне Холид ибни Валид мавриди иҷобат қарор дод. Ибни Умар гуфт: «Савганд ба Худо, ки он рӯз Расули Худо (с) Абӯҷаҳлро зикр накард». («Китобус-сунна»).

Худованд бо Умар (р) дар миёни фариштагон мефахрад

Аз Абӯсаъиди Худрӣ (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) гуфт: «Ҳамоно Худованд дар бегоҳи рӯзи Арафа бо мардумон мефахрад ва дар воқеъ Худованд ба Умар (р) ифтихор кард». («Китобус-сунна»).

 Офтоб ба ҳеч марде беҳтар аз Умар тулуъ накард

Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки гуфт: Умар (р) гуфт, ки Абӯбакр (р) беҳтарин мардум баъд аз Расули Худо (с) ҳастанд. Абӯбакр фармуд: Агар ту чунин мегӯӣ, пас ман аз Расули Худо (с) шунидам, ки мегуфт: «Офтоб ба ҳеч марде беҳтар аз Умар тулуъ накардааст». («Китобус-сунна»).

Пайғамбар (с) ба ӯ башорати биҳишт дод

Аз Абӯмӯсои Ашъарӣ (р) ривоят аст, ки гуфт: «Ҳамроҳи Пайғамбар (с) дар боғе аз боғҳои Мадина будам. Пас марде омад ва иҷозати кушодани дар хост, Пайғамбар (с) гуфт: «Дарро бар вай бикушо ва ба ӯ башорати ҷаннат бидеҳ». Дарро кушодам ва дидам, ки ӯ Абӯбакр (р) будааст. Муждаи Пайғамбар (с)-ро ба ӯ расонидам, пас Худоро сано гуфт. Сипас марди дигаре омад ва иҷозати кушодани дар хост. Пайғамбар (с) фармуд: «Дарро бар вай бикушо ва ба ӯ башорати ҷаннат бидеҳ». Дарро кушодам ва дидам, ки ӯ Умар (р) будааст. Пас сухани Пайғамбар (с)-ро ба хабар додам, пас Худоро сипос гуфт. Боз марди дигаре иҷозати кушодан хост. Пайғамбар (с) ба мант гуфт: «Дарро бикушо ва ба ӯ дар баробари мусибате, ки хоҳад дид, башорати биҳишт деҳ». Пас дидам, ки Усмон он мард Усмон будааст ва хабари Пайғамбар (с)-ро ба вай расонидам, пас Худоро ситоиш кард ва гуфт: «Аллоҳ Мустаъон аст». (Бухорӣ).

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Қасре дидам, ки дар саҳни он канизе буд, пас гуфтам, ки ин қаср аз они кист? Гуфт: Аз Умар аст. Пас хостам, ки ба он дохил шавам ва онро наззора кунам, вале ғайрататро ба ёд овардам ва худдорӣ кардам. Умар гуфт: Падару модарам фидоят бод эй Расули Худо, оё бар ту ғайрат мекунам». (Бухорӣ).

Пайғамбар (с) ба ӯ башорати шаҳодат дод

Аз Қатода ривоят аст, ки Анас (р) ба онҳо чунин нақл кард: «Ҳазрати Пайғамбар (с) ба кӯҳи Уҳуд баромад ва бо ӯ Абӯбакру Умар ва Усмон низ буданд, пас кӯҳ ба ҷунбиш даромад. Пайғамбар (с) гуфт: «Эй Уҳуд, сокин бош, болои ту Пайғамбар, сиддиқ ва ду шаҳид қарор доранд».

Худованд барои Умар (р) илмро арзонӣ дошт

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуд: «Ҳангоме ки хоб будам, қадаҳе аз шир бароям оварда шуд, пас аз он нӯшидам, то ҳадде ки серобиро дар зери ангуштонам дидам. Сипас қадаҳро ба Умар додам». Гуфтанд: «Онро чӣ таъвил кардӣ?» Гуфт: «Илм». («Китобус-сунна»).

Ҳақ дар забону қалби Умар ҷорӣ буд

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳамоно Худованд ҳақро дар забони Умар ҷорӣ ва дар қалби ӯ ниҳодааст». («Китобус-сунна»).

Умар (р) дар миёни ин уммат марди соҳибилҳом буд

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Дар байни умматони гузашта касоне буданд, ки ба онҳо илҳом мешуд, агар дар байни ин уммат касе бошад, ҳамоно ӯ Умар аст». (Бухорӣ).

Шайтон аз Умар (р) метарсид

Аз Саъд ибни Абӯваққос ривоят аст, ки Пайғамбар (с)т фармуданд: Эй писари Хаттоб, савганд ба он зоте, ки ҷони ман дар дасти ӯст, шайтон дар ҳар роҳе, ки туро дид, роҳи худро дигар кард». (Бухорӣ).

Аз Бурайда (р)ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Эй Умар, ман чунин мепиндорам, ки шайтон аз ту метарсад». («Китобус-сунна»).

 Ҳар ки Умар (р)-ро дӯст дорад, ба биҳишт дохил мешавад

Аз Анас (р) ривоят аст, ки марде аз Пайғамбар (с) дар бораи қиёмат чунин пурсид: «Қиёмат кай хоҳад омад?» Пайғамбар (с) гуфт: «Барои он чӣ амале омода кардаӣ?». Гуфт: «Ҳеҷ чиз, магар ин ки Аллоҳ ва Расулаш (с)-ро дӯст медорам». Пас Пайғамбар (с) фармуд: «Ту ҳамроҳи касе ҳастӣ, ки дӯсташ медорӣ». Анас мегӯяд: «Мо ба ҳеҷ чизе ба мисли ин сухани Пайғамбар (с) чунон шод нашуда будем, ман Пайғамбар (с) ва Абӯбакру Умарро дӯст медорам ва умед дорам, ки ба сабаби ин муҳаббатам ҳамроҳи онҳо бошам, ҳарчанд ки мисли амалҳои онҳоро анҷом надодаам». (Бухорӣ).

Время намаза в Душанбе

22.05.2025

Подробнее
Фаджр03:29
Зухр12:40
Аср17:50
Магриб19:47
Иша21:17
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее