Бузургтарин шарҳҳои “ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ
Ба андешаи аксарияти донишмандон “ал-Ҷомеу-с-Саҳеҳ” бузургтарин шоҳкории Имом Бухорӣ буда, баъд аз Қуръон саҳеҳтарин китоб дар фарҳанги мусулмонӣ ба ҳисоб меравад. Китоби мазкур дар тӯли қарнҳо аз ҷониби донишмандон мавриди пажӯҳиш ва баррасӣ қарор гирифта, бар сиҳатии аҳодиси он итминони комил ҳосил шудааст. Имом Бухорӣ дар тӯли 16 сол бо ихлос ва муҳаббати бепоён ба фароҳамоварӣ ва гузиниши аҳодиси саҳеҳ иқдом намуд. Ӯ чунон ба дурустии кори худ итминон доштааст, ки онро ҳуҷҷат миёни худу Худованд қарор додааст.
Шонздаҳ сол бар Имом Бухорӣ чунон нагузаштааст, балки ӯ ин шонздаҳ солро дар мусофират ва ҷустуҷӯ гузаронидааст. Имом Бухорӣ барои ҷамъоварии аҳодиси набавӣ ҳеҷ машаққатеро эҳсос намекард. Гоҳе чанд рӯз мусофират мекард, то ҳадисеро ба даст орад, аммо бар ӯ рӯшан мегашт, ки ровии он салоҳият ва аҳлияти ривоятро надорад, бидуни дарёфти ҳадис бозмегашт. Боре ҳадисе мавриди суол қарор гирифт ва ба суолкунанда гуфт: “Эй Абӯфулон, оё ту мепиндорӣ, ки ман тадлис мекунам? Ман даҳ ҳазор ҳадисро ба хотири марде, ки дар борааш назар буд, тарк кардаам ва ба ҳамин теъдод ва бештар аз онро аз дигарон низ, ки дар бораашон шак доштам, фурӯ гузоштам”.
Дониши ӯ аз таърихи саҳоба, тобеин ва пайравони тобеин, ба ӯ дар таҳқиқи ҳадис ёрӣ мекард. Бухорӣ аз шахси ношинохта ва ғайриэътимод, дурӯғгӯ ва ё касе, ки нисбат ба воҷиботи диниаш кӯтоҳӣ мекард, ҳеҷ ҳадис ривоят намекард. Аз ин ҷиҳат ҳадисҳои ривояткардаи ӯро саҳеҳ гуфтаанд. Дар ин маврид худи ӯ чунин гуфтааст: “Ман китоби саҳеҳро аз миёни шашсад ҳазор ҳадис берун овардаам. Ин диққат ва борикбиниро ба он хотир анҷом додаам, ки ин китоб ба дасти садҳо ҳофиз ва муҳаддис хоҳад расид”. Дар ҷойи дигар ӯ мегӯяд: “Ман дар назди ҳазор шайх ҳадис навиштаам ва аз бархеи онҳо беш аз даҳ ҳазор ҳадис навиштам, бо ин ҳама ҳадисе дар назди худ надорам, ки исноди онро ба ёд надошта бошам”. Бухорӣ барои ҷамъоварии ин аҳодис ба шаҳрҳои зиёде сафар намудааст. Дар бораи сафарҳояш чунин гуфтааст: “Ман бо беш аз ҳазор шайх аз мардуми Ҳиҷоз, Ироқ, Шом ва Миср мулоқот намудаам. Ду маротиба аз бузургони Шом, чаҳор маротиб аз аҳли Басра ҳадис ривоят кардаам. Инчунин шаш сол бо бузургони Ҳиҷоз дидор ва мулоқот доштам. Ин ки чанд бор вориди Бағдоду Кӯфа шудам ва бо муҳаддисини Хуросон ҳамроҳ будам, шумораи онҳоро бо худ надорам. Ҳеҷ яке аз касоне, ки бо онҳо дидор ва бархӯрд намудаам, дар ин бовар ихтилоф накардаанд, ки “дин ин қавлу амал аст ва Қуръон каломи Худованд аст”.
Имом Бухорӣ қудрати онро доштааст, ки ҳазорон ҳадиси саҳеҳи дигарро низ бар ин китоб бияфзояд, аммо ӯ ба ин иктифо намуд, то аҳодиси набавиро ба қадри ниёзмандии фарди мусалмон дар бахшҳои ибодат, муомилот, одоб ва тафсир тадвин намояд.
“Ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ” -ро, ки шомили 7563 ҳадис ва 97 боб аст, Бухорӣ бо як назм ва тартиби бисёр дақиқ тадвин намудааст. Ин ҳама аз бузургии манзалати илмии Имом Бухорӣ далолат мекунад. Донишмандон барои кашфи розҳои нуҳуфтаи ин китоб талошҳои зиёде анҷом дода, дастовардҳои арзишманде фароҳам овардаанд.
“Ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ” аз дер боз мавриди таваҷҷуҳ ва инояти уламо қарор гирифтааст. Ҳатто овардаанд, ки ин китоб дар ҳаёти Имом Бухорӣ барои 90000 донишҷӯ ва шефтагони илм имло ва қироат гардидааст. Тибқи баъзе маълумотҳо 59 ё 72 шарҳ дар ин китоб навишта шудааст, ки ҳудудан 12-13 шарҳи он чоп гардида, дар ихтиёри ҳаводорон қарор гирифтааст. Бисту нуҳ тан аз шахсиятҳои илмӣ бар ин китоб поварақ навиштаанд, шонздаҳ нафар дар он муқаддима навиштаанд ва понздаҳ нафари дигар аз уламои саршинос онро мухтасар намуданд.
Аллома ва муаррихи варзида Ибни Халдун орзу дошт, ки барои он шарҳе нигошта шавад ба гунае ки ҳаққи матлаб ба тамомӣ дар он иҷро гардад, зеро ӯ аз бештар шунида буд, ки фароҳамоварии чунин шарҳе барои “ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ дайне бар уҳдаи уммати мусулмон аст. Хушбахтона, то имрӯз донишмандони зиёде бар он шарҳ навиштаанд.
Бузургтарин шарҳҳои матбӯъ ва маъруфи “ал-Ҷомеу-с-саҳеҳ” инҳо ҳастанд:
1. “Фатҳу-л-борӣ фӣ шарҳи Саҳеҳи-л-Бухорӣ”–и Абуфазл Аҳмад ибни Алӣ ибни Ҳаҷари Асқалонӣ. Ин шарҳ аз маъруфтарин ва муътабартарин шарҳҳои Саҳеҳи Бухорӣ мебошад. Ин шарҳи бузург аз даҳ фасл иборат аст.
2. “Умдату-л-қорӣ фӣ шарҳи Саҳеҳи-л-Бухорӣ”-и Бадруддин Абӯмуҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Айнии Ҳанафӣ. Ин шарҳ баъди “Фатҳу-л-борӣ” яке аз муътабартарин шарҳҳои Саҳеҳи Бухорӣ аст. Ҳатто бархе аз уламо ин шарҳро ба хотири доштани афзудаҳои бадеӣ бар шарҳи Ибни Ҳаҷар тарҷеҳ додаанд.
3 “Кавкабу-д-дарорӣ фӣ шарҳи Саҳеҳи-л-Бухорӣ”-и аллома Шамсуддин Муҳаммад ибни Юсуф ибни Алии Кирмонӣ (ваф. 792ҳ). Ибни Ҳаҷар дар “درر الكاملة” ин шарҳро муфид номидааст. Муаллиф дар муқаддимаи китоби худ овардааст, ки ин шарҳро аз китобҳои дигарон баргирифтааст. Аммо аз ҷиҳати шарҳи муфрадоти луғавӣ, эъроб ва қоидаҳои наҳвӣ фарқкунанда буда, дар он шарҳи ҳоли ровиёни ҳадис оварда шудааст.
4. “Иршоду-с-сорӣ фӣ шарҳи Саҳеҳи-л-Бухорӣ”-и аллома Шаҳобуддин Аҳмад ибни Муҳаммади Мисрӣ (ваф. 923ҳ). Мавлоно Шоҳ Абдулазиз дар “Бӯстони муҳаддисин” гуфтааст: “Ин шарҳ аз беҳтарин таснифоти Муҳаммади Мисрӣ аст”. Аслан ин шарҳ баргирифта аз шарҳи Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ ва шарҳи Кирмонист, ки дар ҳадди эътидол миёни ин ду шарҳ ва мӯҷаз навишта шудааст.
5. “Аълому-с-сунан” ё “Аълому-л-аҳодис фӣ шарҳи Саҳеҳи-л-Бухорӣ”-и Абусулаймон Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Хаттоб (ваф. 388ҳ). Ин шарҳ аз қадимтарин шарҳҳои Саҳеҳи Бухорӣ аст, ки он дорои никоти латиф ва шариф мебошад.
6. “Шарҳу Саҳеҳи-л-Бухорӣ”-и Абулҳасан Алӣ ибни Халаф ибни Абдумалик ибни Баттоли Қуртубӣ (ваф. 449ҳ). Шореҳ дар шарҳи худ бештар аз пешвоёни соҳибмазҳаб, аз қабили Имом Молик ва Имоми Аъзам баъзе ривоятҳо нақл кардааст. Дар ин шарҳ санади ҳадис дар аввал зикр нашудааст ва шореҳ ҳадисҳоро мухтасар намудааст. Ҳатто бархе аз бобҳои китобро нанавишта, чунин гуфтааст: “Дар аҳодиси ин боб фиқҳ вуҷуд надорад”. Ин шарҳ бори охир дар китобхонаи “Риёз” дар даҳ ҷилд ба чоп расидааст.
7. “Тайсиру-л-қорӣ шарҳи Саҳеҳи-л-Бухорӣ”, ин ягона шарҳи форсиест, ки шомили тамоми аҳодиси Саҳеҳи Бухорӣ аст. Шореҳи бузургвори он Мавлоно Нурулҳақ фарзанди шайх Абдулҳақ муҳаддиси маъруф бо тахаллуси Деҳлавӣ аст. Нурулҳақ хостааст чун падари гиромиаш, ки “Мишкоту-л-масобиҳ”-ро ба форсӣ тарҷумаву шарҳ намуда, онро “اشعة اللمعات” номидааст, Саҳеҳи Бухориро шарҳ диҳад. Хушбахтона, ба ин орзуи худ муваффақ гардидааст. Мавлоно Нурулҳақ дар ин асар аз шарҳҳои Ибни Ҳаҷар, Айнӣ, Кирмонӣ, Суютӣ ва дигар ҳошияҳову тарҷумаҳо баҳра гирифтааст. Аллома ва муҳаддиси бузург Абдулҳайи Лакнавӣ дар муқаддимаи чопи шашҷилдаи ин шарҳ онро маҷмӯае аз дурдонаҳо ва ганҷинаҳои дорои матолиби нафис ва тарҷумаи дақиқ шуморидааст. Ҳарчанд Мавлоно номи шарҳашро “Барои хонанда осон” гузоштааст, хатҳои пурпечу тоб ва маҳвшуда дар он бисёр омадааст, ки ҷуз ашхоси ангуштшумор аз аҳли илм ва таҳқиқ дигар касе онро мутолиа карда наметавонад. Мутаассифона, аз замони чопи Алавии Муҳаммадалӣ бо кӯшишҳои Абдулҳайи Лакнавӣ то кунун ҳеҷ таҳқиқ ва чопи шоистае аз он ба амал наомадааст, то истифода аз ин ганҷинаи маънавӣ фарогир шавад.
Илова бар ин, як ҳошияи форсии Саҳеҳи Бухорӣ “Тароҷиму абвоби Саҳеҳи-л-Бухорӣ”-и имом Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ аст. Шарҳи форсии нотамоми дигаре бо номи “Шарҳи Шайхулислом”-и яке аз уламои ҳанафимазҳаб шайх Абдулҳаққи Деҳлавист. Мутаассифона, аз ин шарҳ танҳо бобҳои “Фазилатҳои Саҳоба” ва “Фазилати Оиша” мондаасту халос.
Аз донишмандони муосир доктор Холид Абдураҳмони Қурайшӣ яке аз мударрисони донишгоҳи Оли Сауд ахиран китобе дар ду ҷилд ба номи “Фиқҳу-д-даъва фӣ-с-Саҳеҳи-л-имом ал-Бухорӣ” навиштааст. Дар он аҳодиси китобро аз аввали боби “ваҳй” то боби “вузӯ”, ки шомили 187 ҳадис мебошад, шарҳ додааст. Асар бо як тарзи оммафаҳм ва равиши осон таълиф шудааст. Дар замони мо вобаста ба вазъи динию мазҳабӣ раванди омӯзиши илман асоснок ва тарҷумаи он ба забонҳои дигар идома дорад..
Мутахассиси пешбари шуъбаи
пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ Рамазониён А. Б.
Бознашр аз сомонаи Маркази исломшиносї