ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...
Миллат ин бор номаи сарнавиштро на бо дасти бегона, балки бо дасти худ навишт ва баъди ҳазор сол Исмоили сониро пушту паноҳи худ ёфт. Дар ин бисту ҳашт сол роҳи садсоларо тай кард ва оламиёнро дар ҳайрат гузошт. Баъди шомҳои сиёҳи интизорӣ ба субҳи саодат расид ва дар ин субҳ Эмомалӣ Раҳмон чун Хуршед тулӯъ кард. Сарвари давлат Рустаме буданд, ки ба деви ҷанг пирӯз шуданд, миёни бародарони мисли Салму Тӯру Эраҷ ба ҷони ҳамуфтода рафоқатро барқарор намуданд, ҷони ҳазорон Суҳробро наҷот додаву ба дидори Таҳминаҳои хунидилхӯрда расонданд, дардҳои синаи тоҷиконро бо нидои «Ба шумо сулҳ меорам!» даво ва сарзамини пора - пораро бо ваҳдату ҳамбастагӣ дарбеҳ сохтанд. Метавон гуфт, ки «Шаҳномаи сулҳ» - и миллатро офариданд.
Дар чашми фалак рашки Маҳу Меҳр Шумо,
Дар шеъри ман эъҷоз Шумо, сеҳр Шумо.
«Шаҳнома» - и вақтро чу эҷод кунам,
Дар ҷои Каюмарсу Манучеҳр Шумо!
Ҳоло мехоҳам аз сафари навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат, ки рӯзи 2 августи соли ҷорӣ иттифоқ афтод, ёдовар шавам. Мардум аз субҳи содиқ аз пайи рӯбучини хонаву ҳавлиҳояшон буданд. Кас гумон мекард, ки Президенти кишвар меҳмони хосаи ҳар хонавода аст. Дидори ин марди Худо барояшон ид аст. Мо дар ҳайати даҳнафара назди бинои баландошёнаи истиқоматии «Ёқут-2000», ки қарор буд аз ҷониби Пешвои миллат ба истифода дода шавад, ҷамъ омадем. Ба мо гуфта буданд, ки ҳозир шуданатон ҳатмист, зеро Сарвари давлат ба шумо туҳфае доранд. Ростӣ, ҳайрон будем.
Баъди чанд муддат Сарвари давлат наздик шуда, ба дасти ҳар яке аз ин даҳ нафар калиду ҳуҷҷати хонаву туҳфаҳои молиявӣ тақдим карданд, сипас ба сад кӯдаки оилаҳои ниёзманд маблағҳои муайян ҳадия намуданд. Ба ҷуз ташаккур гуфтан, ба зеҳнамон сухани дигаре намеомад. Ёрои сухан гуфтан надоштем. Зеро ҳеҷ кас гумон надошт, ки туҳфаи Президент ба мо метавонад хонаи истиқоматӣ бошад. Ҳеҷ тасаввур карда наметавонистем, ки рӯзе аз дасти Пешвои муаззам калиди хона хоҳем гирифт. Бо нигоҳи пур аз миннатдорию сипос, чашмони пуроб ва лабҳои ба табассум моил Пешвои миллатро гусел мекардем.
Чанд лаҳза пас ба худ омадем ва ба ҷойҳоямон нишастем, баъди дарки ин нукта лабханд задему бо дуои давлат ва саломатии Пешвои миллат даҳ баландиқболи имрӯза ба сухан даромадем ва аз зиндагии худ қисса кардем.
Аз паҳлуи чапи ман ҷавони бисёр зебое дар аробачаи маъюбӣ менишаст бо номи Ҷаннатуллоҳи Бек. Ҳамроҳи модараш омада буд. Модари муштипару ранҷдида баъди пок кардани ашки чашмонаш ба сухан даромад:
- Соли 2004 шавҳарам фавтид. Бо чор фарзанди ноболиғ танҳо мондам. Кор кардам, кӯшиш кардам, ки аз ҳеҷ чиз танқисӣ накашанд. Ростӣ, азоби зиёд кашидам. Солҳо гузаштанду фарзандон калон шуданду парончак. Ба дил гуфтам, ки акнун аз давлати фарзандон метавонам ором истироҳат кунам. Аммо соли 2017 дар пайи ҳодисаи нохуш сутунмуҳраи писари калониам Ҷаннатуллоҳ осеб дид. Зинда монданаш ба гумон буд. Шукр мекунем, ки Худованд ӯро ба мо бахшид. Аммо ҳоло маъюби гурӯҳи якум аст. Бо сад умед аз ёру дӯстону хешу табор пул қарз кардему ӯро ба Ҳиндустон барои муолиҷа фиристодем. Натиҷа надод. Бадбахтиро бинед, ки пули дар дасташон буда барои муолиҷа сарф мешаваду дар бозгашт маблағ намеёбанд. Худоро шукр, Президенти азизамон аз воқеа огоҳ гаштанду ба яке аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ супориш доданд, то ки писарамро биёранд. Ростӣ, дар деҳаи Деҳпири Ромит зиндагӣ мекунем, шароити нигаҳдории писари маъюбро надорем. Ҳазор бор шукри Худо, ки баъд аз ин метавонем дар хонаи наву дорои шароити мусоид аз Ҷаннатуллоҳ парасторӣ кунем. Худо сояи Сарвари давлатро аз сарамон дур нагардонад.
Дилафрӯз Пӯлодова, ки бо сари хаму ашки шашқатор дар кунҷе менишаст, «омин» гуфта, афзуд:
- Писари ман бист сол аст, ки маъюби гурӯҳи якум аст. Солим ба дунё омада буд, аммо баъди чормоҳагӣ аввал чашмонаш, баъдан гардану дасту пояш каҷ шудан гирифтанд. Фалаҷ шуд. Гузашта аз ин, панҷ оила дар як ҳавлии хурд зиндагӣ мекардем. Илоҳо, Президентамон доим хушнуд бошанд, ки имрӯз моро хушнуд сохтанд.
- Солҳои нооромиву нодорӣ буд. Ҳамон солҳо шавҳарам вафот кард. Бо ду писар, ки якеаш панҷсола буду дигаре ҳаштмоҳа, танҳо мондам. Дар хонаи хушдоман рӯзамон базӯр мегузашт. Аз ин рӯ, ба хонаи модарам омадам. Зиёда аз бист сол аст, ки бо нони омӯзгорӣ фарзандонамро ба воя мерасонам. Дар ин муддат падару модарам олами фониро тарк гуфтанд. Дар ҳавлии падарӣ бо оилаи бародарам якҷо зиндагӣ мекардем. Аммо дар мо қонуни нонавиштае ҳаст, ки мероси падару модар фақат ба писарон мерасад. Чанд сол пештар фарзанди бародарам таъкид кард, ки мо дар ин ҳавлӣ дигар зиндагӣ карда наметавонем. Барои гирифтани замин ариза навиштаму чанд маротиба ба қабули раиси шаҳр даромадам. Маълумам шуд, ки марди баинсофест. Худоро шукр, ки раис арзамро шуниду Сарвари давлат соҳибиамон кард. Барҳақ, Падари миллат ҳастанд, - сухани худро ба поён расонд омӯзгори деҳаи Солеҳони шаҳри Ваҳдат Назокат Қодирова.
Сокини деҳаи Ҷавонон Раҷабгул Носирова баъди оҳи бадарде ба сухан оғоз кард:
- Худованд умри Пешвои миллату оилаашро дароз гардонад. Хидматҳое, ки барои давлату миллат кардааст, бесобиқа аст. Худо нигаҳдораш. Ман соли 1997 писарамро ба хидмати ҳарбӣ фиристодам. Аммо баъди ҳафт моҳ ҷисми беҷонашро ба хона оварданд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, охир. Худо он рӯзҳоро дигар ба сари миллати мо наорад. Зиндагии сахт доштем. Дар аввал ба кори савдо даст задаму баъдан озими Русия шудам. Баъди чандин сол баргаштаму фарзандонамро хонадор кардам. Бовар кунед, дар ин бисту ду сол ҳар куҷо ҷанозае мешуд, мерафтаму алами писари ҷавонмаргамро нола мекардам. Гиряи зиёд сабаб шуду чашмонам заъф пайдо карданд.
Модари фарзандгумкарда нақлкунон аз зери айнак ашки чашмонашро пок мекард…
Хулоса, ин ҷо касоне ҷамъ омада буданд, ки ниёзманд ва ҳар кас қиссаву ғаму дарди худро дошт. Файз Меликов, ки маъюби гурӯҳи дуюм асту бе хонаву дар, аз он хушҳолӣ мекард, ки имкони зиндагӣ бо фарзандонро дар зери як сақф пайдо кард. Пирмаҳмад Нарзуллоев ва Салимахон Раҷабова, ки шароити вазнини оилавӣ доштанду дигаре муҳтоҷи дари мардум буд, дуои давлати Сарвари ғамхорро мекарданд.
Албатта, чӣ тавре дар боло зикр кардем, мутахассисони ҷавони касбу кори гуногун ҳамеша мадди назари Пешвои миллат ҳастанд. Дар миёни инҳо мо, се ҷавон низ: Даврон Орифов, корманди ҳифзи ҳуқуқ, Муслима Хоҷазода, омӯзгори ҷавон ва ман, ҳамчун адиби навқалам аз тарафи Ҳукумату Роҳбари давлат дастгирӣ ёфтем. Мо аз Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода ва соҳибкоре, ки бинои дар боло номбаршударо сохтааст, сипосгузорем.
Вақте хушҳолии нафарони замоне аз зиндагӣ дилсард ва ноумедшударо медидам, мисраъҳои зерин аз хотирам барқвор мегузаштанд:
Ҳама рӯз рӯза будан, ҳама шаб
намоз кардан,
Ҳамасола ҳаҷ намудан, сафари
Ҳиҷоз кардан,
…Ба Худо, ки ҳеҷ касро самар он
қадар набошад,
Ки ба рӯи ноумеде дари баста
боз кардан.
Ҳамон замон, баъди арзи миннатдориву сипос, бо зикри ин шеър дар интервюи телевизиониам гуфтам: «Агар касе биҳиштро дидан мехоҳад, пас, дили ниёзмандеро шод гардонад. Биҳишт дар лабханди бенавоён зоҳир мешавад».
Беҳуда нагуфтаанд:
Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
Корномаи бузурги Пешвои миллат дар чанд саҳифа ҷо намегирад, балки арзандаи садҳо достону китобҳост. Бигзор, Меҳани мо аз баракати хиради волову хусравонии Президенти муҳтарамамон бештар рушд кунад. Мо, ҷавонон, албатта, ҳамеша дар канори эшон будем, ҳастем ва хоҳем монд!
Мо ҳофизи сулҳу амну ваҳдат ҳастем,
Мо шокири ин бахту саодат ҳастем.
Обод шавад зи ҳиммати мо Меҳан,
То пайрави Пешвои миллат ҳастем.
Бузургмеҳри ҲАКИМ, сокини шаҳри Ваҳдат, адиби ҷавон