Главная Статьи ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РУКНИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛАТ

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РУКНИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛАТ

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ –  РУКНИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛАТ
2015-11-11
10122

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон.

Ибтидо ҳамду сано ба Худованди бузургу тавоно ва салавоти беандоза ба Расули Ӯ – ҳазрати Муҳаммади Мустафо, ки чунин рӯзгори хушу осуда ва як зиндагии орому саодатмандонаро барои мову Шумо дар рӯи Замин офарид. Ва баъд аз ин, шукри ин Ватан, ин хоку обу марзу бум, ки мову Шумо дар он ба сар мебарем ва нафаси осуда мекашем. Шукри неъматҳои истиқлоли Тоҷикистон, ки як кишвари дар ҳоли пешрафт қарор дорад ва шукри Сарвари давлат, ки барои рӯзгори ободи Тоҷикистон ва амну осоиштагии он шабонарӯз заҳмат ва масъулият дорад. Худоро шукр мегӯем, ки моро дар кишваре халқ кард, ки пур аз нозу неъматҳои моддию маънавӣ буда, табиати зебо ва мардуми некхоҳу сулҳпарпар дорад.

Мо имсол шашумин солгарди яке аз рамзҳои муқаддаси давлатӣ - Парчами миллии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Дар назари аввал парчам як матоест, ки бо рангҳои сафеду сурху сабз ва тоҷ дар миёна ороста шудааст ва мо ҳамарӯза онро дар биноҳои маъмуриву идорӣ, дар ҳама сохторҳои давлатӣ мебинем. Ин парчам ҳамарӯза парафшон аст ва мудом алвонҷ мезанад. Ин мушоҳидаи умумии парчам аст, ки мо ҳамеша онро мадди назар дорем.

Парчами ҳозираи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол аст ва мову Шумо хуб медонем, ки эҳёи дубораи миллати арҷманди тоҷик маҳз аз замони истиқлол шурӯъ шуд. Истиқлолият зиндагии моро шукӯҳу таровати тоза бахшид ва арзишҳои миллии моро низ дигар кард. Паёмбари акрам саллалоҳу алайҳи ва саллам мефармояд, ки “дӯст доштани Ватан аз имон аст”. Ҳар касе ки соҳиби имони комилу садоқати холис бошад, Ватани худро дӯст медораду барои ободӣ ва хуррамии он саъю талош мекунад.

Яке аз рукнҳои муҳими истиқлоли мо – қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки соли 1994 амалӣ гардид. Тибқи ҳамин Конститутсия, ки муҳимтарин санади танзими рӯзгори мо ба ҳисоб меравад, се унсури асосии муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муайян шуданд. Инҳо аломатҳои асосии истиқлол ва рамзҳои ҳастии миллат ба шумор мераванд. Дар байни ин се унсур – Парчами миллӣ аз нигоҳи таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллат аҳамияти хоса дорад.     

Эҳтироми хоса ба Парчами давлатӣ дар замони истиқлолияти комили Тоҷикистон имкон дод, ки дар баробари дигар рӯзҳои таърихӣ рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шавад. Парчами давлатӣ имрӯз боарзиштарин муқаддасоте мебошад, ки боло аз ҳама дастовардҳо ва сарватҳои миллӣ дар баландии 165 метр қад афрохтааст. Дар ҳақиқат боло бардоштани Парчами давлатӣ ва намудор шудани он аз ҳамаи гӯшаи пойтахти давлати тоҷикон ба боло рафтани ҳисси миллӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.

Воқеан парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Дар он рангҳои сурх, сабз ва сафед ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситораҳо ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ, инъикоси худро ёфтаанд. Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.

Вақте варзишгарони тоҷик дар ин ё он мусобиқаҳои байналмиллалӣ ғалаба ба даст меоранд ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта  мешавад,  қалби ҳар як шахси ватандӯстро ҳисси фараҳу шодӣ фаро мегирад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба арҷгузории мардуми тоҷик нисбати ин муқаддасоти миллӣ нигоҳ карда, намояндагони дигар халқияту миллатҳои муқими ҷумҳурӣ бо боло бардоштани Парчами Тоҷикистон ҳамраъйии худро ба халқу давлати Тоҷикистон нишон медиҳанд. Дар сохтмонҳои навбунёд, сафоратхонаю идораҳои консулгарӣ, лоиҳаҳои инвеститсионии ташкилотҳои байналмилалӣ парчами давлатҳои бо Тоҷикистон ҳамкоридошта дида мешавад, ки ба натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба зинат мебахшад. Дар ғарибӣ ва ҳолатҳои берун аз ватан будан ҳангоми рӯ ба рӯ омадан ба Парчами давлатии Тоҷикистон кас гӯё бо ҳамватани худ, гӯё бо як тоҷики асил вомехӯрад. Лаҳзае истода, эҳтироми онро баҷо меорад ва ёди ватани азизу маҳбуб мекунад.

Вобаста ба ин воқеаеро, ки дар Маккаи мукаррама, дар вақти адои ҳаҷ ба вуқӯъ пайваст, зикр кардан ҷоиз аст. Маълум аст, ки дар мавсими ҳаҷ миллионҳо одамони гуногунзабону гуногунмиллат ва нажоду табақаҳои мухталиф ба Макка ҷамъ меоянд. Агар дар мавсими ҳаҷ зойире, ки забонро намедонад аз миёни ҳамсафарони худ гум шавад, ҳам барои худ ва ҳам барои роҳбаладу масъулони дигар мушкилотҳое эҷод мекунад. Боре дар вақти адои маросими ҳаҷ як нафар ҳамватани мо дар Мино хаймаро гум карда, соатҳо овора  мемонад. На забонро медонад, ки аз касе роҳро пурсад, на дар ҷайб телефон дорад. Ҳамин лаҳза чашми зойир ба парчами Тоҷикистон, ки дар болои хайма барафрохта шуд буд, меафтад. Баъди ҷустуҷӯи зиёд Парчами кишвари азизро мебинад ва аз хушҳолӣ худро гум мекунад. Ҳар боре ба ҳамсафарон бо як ифтихору ғурур қисса мекард, ки ин ҳолатро ҳаргиз фаромӯш намекунам.

Мурод аз ин нуктаҳо дар он аст, бояд вазифаи  мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон бошад.

Эҳтироми волои Парчам аз замонҳои қадим дар сарчашмаҳои таърихӣ дида мешавад. Аз ҷумла доимо боло ва рост будани Парчам, дар дасти шахси муътабару ғаюр будани Парчам, дар сафи пеш қарор доштан ва ситоишу тараннум намудани он аз эҳтироми хоса доштан ба Парчам гувоҳӣ медиҳад. Дигар андешаи муҳим ин аст, ки қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои асосии худшиносӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳар як халқу миллати соҳибдавлат дорои рамзҳои давлатдорӣ мебошад. Ин аломатҳо ифодагари хусусиятҳои хоси давлатдории ҳамон халқ буда, барои наслҳо мояи ихтихор ва эҳтироми абадӣ мегардад. Яке аз ин рамзҳои давлатдорӣ Парчами миллӣ аст, ки дорои маъно ва тарзу тартиби хоси истифодабарӣ мебошад. Дар давлатдории муосири Тоҷикистон дар паҳлӯи Парчами миллӣ инчунин дирафши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дошта, дар он тасвири «Дирафши ковиён» инъикос ёфтааст, ки он ифодагари рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ аст.

Мафҳумҳои  «парчам» ва «дирафш» аз забонҳои бостонии ориёӣ ба вуҷуд омадаанд. Вобаста ба парчамбардории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад». Чун сухан аз таърихи парчамдории халқи тоҷик оғоз гардад, дар хотираи мардуми тоҷик Коваи оҳангари афсонавӣ пеши назар меояд. Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ, ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи ин қаҳрамони миллии халқи тоҷик ёдовар мегардад. Коваи оҳангар, ки дар қатори мардуми осоишта ба меҳнати ҳалолу покиза сарукор дошт, ба зулму шиканҷа ва бедодӣ тоб наоварда, пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд. Замоне, ки парчами Кова боло шуд, онро ҳамагон «Дирафши Ковиён» номиданд ва муборизаи онҳо муборизаи озодихоҳӣ буд. Аз он айём сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдодони мо қабул ва шоистаи эҳтиром қарор дорад. Бори аввал оид ба дирафш ё парчам дар достони асотирии «Кова ва Заҳҳок»-и «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ ёд мешавад. Фирдавсӣ ин ҳолатро чунин ба қалам додааст:

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой,

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой.

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ, зи бозор бархост гард.

Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,

Ки: «Эй номдорони яздонпараст».

Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳамехондаш «Ковиёни дирафш».

Баъзе муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки вожаи «Ковиён» ба маънои диравши Кова (Коваи оҳангар) ва дигарон ба маънои Каёнӣ  (сулолаи Ковиён – Каёниён) маънидод кардаанд, ки маънои Кай, Каён, Ковиён, яъне баҳодур, қаҳрамон ва дар забони  суғдӣ вожаи «кави» ба маъноҳои ҳоким, роҳбар ва шоҳ (дар тангаҳои Бухоро) омадааст. Дирафши Ковиёнӣ ба гуфтаи Фирдавсӣ, ки дар Шоҳнома қайд гардидааст, ҳангоми шӯриши мардум бо сардории оҳангар Кова бар зидди Заҳҳок ба вуҷуд омадааст. Кова шӯришгаронро ба назди Фаридун, ки вориси қонунии сулолаи шоҳони Пешдодиён буд, овард ва ӯ ин дирафшро бо чор ситораи тиллоӣ, сангҳои қиматбаҳо, матои ранги сурх, зард ва бунафш ороиш дод ва «Дирафши Ковиёнӣ» ном  гузошт.

Пошхӯрии давлати Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои он боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро қабул кунад. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми ноябри соли 1992 қабул шуд. Он яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Дар таърихи 29-уми октябри соли 2009 дар ҳамоиш бахшида ба 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24-уми ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва  ҳамасола ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад. Бояд қайд намуд, ки ин иқдоми неки Сарвари давлат идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи  ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, насли ҷавони имрӯзаро дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ  ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд. 

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  матои росткунча буда, дар он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст, рахи сафеди байн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Рангҳои парчам ва тасвирҳои дар он нақшгардида рамзҳои махсусро ифода мекунанд. Ранги сурх-рамзи  шуои офтоб, равшанӣ, сурхрӯӣ, дониш, таърих, фарҳанг, ҳаёти ҷовидон, ифтихор аз матонату шуҷоат ва соҳибистиқлолӣ аст.

Вобаста ба рангҳо ва тасвири тоҷ ва ҳафт ситора Сардори давлат чунин қайд кардаанд: «Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари  арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Ранги сурх - муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз - нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландию хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Ҳанӯз 12-уми ноябри соли 1991 Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо назардошти эъломияи  истиқлолияти давлатӣ озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ қарор қабул намуда, низомномаро дар бораи Нишон ва Парчам эълон намуд.

Бо назардошти талаботи озмун комиссияи босалоҳият ва ҳайати доварон аз 20 нафар таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он рассомон, наққошон, олимон, аз ҷумла академикҳо Муҳаммад Осимӣ, Раҳим Масов ва Фозил Тоҳиров шомил гардида буданд. Дар натиҷа, ба кори комиссия зиёда аз 200 адад тарҳи Нишону Парчам пешниҳод гардид. Аз ин ҳама пешниҳодҳо тарҳи Нишон ва Парчаме ҷои аввалро соҳиб гардид, ки сарварии гурӯҳи кории онро рассом Зуҳур Ҳабибуллоев ба ӯҳда дошта, муаллифи бевоситаи Парчам Маҳмадулло Сайдалиев гардид.

Дар атрофи рангҳои Парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни кори Иҷлосияи 16-ум баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора ба худ хос моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсиро дороанд.

Ранги сурх дар Парчам - ҳамчун рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият ифода ёфтааст. Дар тасаввури аҷдодони мо ранги сурх ҳамчун рамзи офтоб, рамзи равшанию рӯсурхӣ парастиш меёфт ва Парчами моро ба дирафши Ковиёнӣ мепайвандад, ки он ҳам ранги сурх дошт.

Ранги сафед дар Парчам - ҳамчун рамзи бахту иқболи сафед, покизагӣ ифода ёфтааст, ки дар гузашта ҳамчун рамзи тозагӣ, рамзи ҳаёт ва абадият ва заволи зулматро ифода мекард.

Ранги сабз дар Парчам - ҳамчун нишонаи ҷаҳду кӯшиш ва заҳмату  меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани ватан ифода ёфтааст, ки дар гузашта маънои рамзи зиндагӣ ва сарсабзиро дошт. Тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам таърихи тӯлонӣ доранд. Акси тоҷ дар парчами миллӣ маънои соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои  бузурги давлатдориро ифода мекунад.

Дар масъалаи ҳафт ситораи Парчам низ сухан тӯлонист. Бояд зикр намуд, ки шумораи ҳафт (7) дар ҷаҳонфаҳмии мардуми мо шумораи бахосият ҳисобида шуда, маънии он моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад, аз қабили ҳафт иқлим, ҳафт сайёра, ҳафт қабати ҳаво, ҳафт син, ҳафт шин, ҳафт рӯзи ҳафта ва ғайра.

Ҳамин тавр, донистани қадри муқаддасоти миллӣ, аз қабили Парчами миллии Тоҷикистон маънои донистани қадри Ватан ва арзишҳои онро дорад. Буду набуди ватан, эътибору шаъну шарафи онро маҳз ҳамин рамзҳо ифода мекунанд.  Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар доимо пойбарҷо бошад ва бояд ҷаҳду талош кунад, ки ба қадри неъматҳои ин ватан бирасад ва барои ободии он заҳмати худро дареғ надорад.

 

Раиси Шӯрои уламои Маркази

исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон      

Саидмукаррам  Абдуқодирзода

Время намаза в Душанбе

22.05.2025

Подробнее
Фаджр03:29
Зухр12:40
Аср17:50
Магриб19:47
Иша21:17
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее