Главная Статьи Фазилати садақаи ҷория ва нақши он дар рушди ҷомеа

Фазилати садақаи ҷория ва нақши он дар рушди ҷомеа

Фазилати садақаи ҷория ва нақши он дар рушди ҷомеа
2020-08-28
1822

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Ҳамду санои бепоён Худованди ҷаҳониёнро ва дуруду саломи фаровон ба Паёмбари инсу ҷон ва хонадону ёрони ў бод.

Зи некон бош, андар некўӣ кўш,

Макун некии кас аз дил фаромўш!

                                                                                         Носири Хусрав

Худованд дар баробари неъматҳое, ки ба мо ато намудааст, масъулиятҳоеро ҳам бар дўши мо ниҳодааст ва мусулмони ҳақиқӣ касе аст, ки масъулиятҳои муайяннамудаи Парвардигорро иҷро намояд. Маълум аст, ки ҳар неъмате ба таври худаш масъулият дорад ва неъмати сарватмандию дороӣ низ масъулияти хоси худро дорад. Масъулияти як шахси сарватманд пардохт намудани он ўҳдадориҳои пулию молие аст, ки дар шариат муқаррар гардидааст ва ҳамчунин таваҷҷуҳ доштан ба аҳволи атрофиёни худ аст, ки нисбатан фақиру эҳтиёҷманд ҳастанд. Умуман масъулияти сарвату сармоя иборат аст аз садақа додан ва дасти ниёзмандонро гирифтан.

Қабл аз ҳама бояд бидонем, ки садақа додани як сарватманд ба маънои коҳиш ёфтани сармояҳои ў нест. Агар зоҳири ин корро назар кунем шояд чунин ба назар биёяд, вале ҳақиқати амр чизи дигар аст. Дар Қуръони карим Худованд маҳз барои садақа ваъдаҳои фаровоне додааст. Аз ҷумла мефармояд:

«Ҳар касе як эҳсон намояд, барои ў даҳ баробар подош хоҳад буд…».  (Сураи «Анъом», ояти 160 )

Ҳамчунин мефармояд:

«Худованд (суду фоидаи) риборо аз байн мебарад ва ба моли садақадодашуда афзоиш ва баракат медиҳад…». (Сураи «Бақара», ояти 276).

Пас агар дуруст назар кунем, дар ҳақиқат ин як навъ муомилаи судманд барои худи сарватманди садақадиҳанда мебошад, зеро ў ризои Худовандро ба даст меорад, дар сармоя ва амволаш баракати илоҳӣ фуруд меояд, ҳамзамон дар ҷомеа соҳиби обрўю нуфуз мегардад.

Масъалаи ин ки садақа чӣ фоидаҳои иҷтимоие барои фақирон ва барои худи садақадиҳанда дорад, масъалаи густардае аст, ки бояд ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем. Дар ин ҷо фақат ба ҳамин нукта ишора мекунем, ки садақа додан дар ҳақиқат амнияти ҷомеа ва алалхусус амнияти сарватмандонро ҳифз менамояд. Яъне мардуми камбизоат бо дидани хайроти сарватмандон ва дилсўзию ғамхории онҳо ба қишрҳои камбағал, нисбати онҳо некбин ва хайрхоҳу дуогў мешаванд. Ин омил боис мегардад норизогиҳое, ки дар ҷомеа ба хотири вазъи номуносиби камбағалон падид меоянд, пешгирӣ шаванд. Ҳамчунин бадхоҳон ва тамаъҷўёну муфтхўрон аз тарси мардум нисбати сарватмандоне, ки мардум ба онҳо муҳаббат доранд, дастдарозӣ карда наметавонанд. Зеро пуштибони ин сарватмандони саховатпеша мардуми одию вафодор хоҳанд буд. Ин ду нуктаи кўтоҳ метавонад фоидаҳои иҷтимоии садақаро нисбати худи садақадиҳандагон нишон диҳад.

Аммо масъалаи закот ва дигар намудҳои уҳдадориҳои фарзшуда аз тарафи шариат барои ҳар мусулмоне маълум аст ва аҳкоми онҳо мушаххас шудааст. Мақсади мо дар ин ҷо нишон додани фазилати садақа аст, ки одатан аз ҳисоби садақаҳои ғайрифарзӣ мебошад. Садақаҳои гуногуне дар шариати исломӣ зикр шудааст, ки яке аз беҳтарини онҳо садақаи ҷория мебошад. Агар бихоҳем садақаи ҷорияро таъриф намоем, метавонем чунин бигўем: «Садақаи ҷория чизе аст, ки аз садақадиҳанда ба ёдгор мемонад ва фоидаи он муддатҳои тўлонӣ, ҳатто баъд аз даргузашти соҳибаш ба ҷомеа мерасад». Пас маълум мешавад, ки садақаи ҷория як чизи мондагор ва фоидаовар барои мардум мебошад.

Аммо чӣ чизҳое садақаи ҷория ҳастанд? Дар аҳодиси Паёмбар (с) чизҳои гуногуне садақаи ҷория ба шумор оварда шудааст. Аз ҷумла фарзанди солеҳ, бунёди боғ, пул, чоҳи об, мактаб, ятимхона, хонаи пиронсолон, масҷид, мадраса, роҳ, ҳаммом ва ғайра. Агар ба ҳар кадом аз ин чизҳо назар кунем, дар ҷои худ ва дар мавриди муайяне ба муддати мушаххасе барои ҷомеа ва мардум фоидаовар мебошанд. Пас метавонем чунин натиҷа бигирем, ки дар ин миён ҳар чизе, ки фоидааш барои мардум ва ҷомеа бештар ва замони фоидарасониаш зиёдтар бошад, садақаи ҷорияи хубтар хоҳад буд. Ҳамчунин мо бояд ба ниёзмандиҳои муҳит ва ҷомеаву мардум низ назар дошта бошем. Дар ҳар замон ва шароите ҷомеа ниёзмандиҳои гуногуне дорад. Ба ҳамин хотир садақаи ҷория аз назари ниёзмандии мардум ва ҷомеа ҳам бояд ба талаботи замон ва макон мувофиқ бошад.

Гоҳе шояд эҷод кардани боғе фоидаовар бошад, гоҳе ҳам шояд сохтани роҳе ва гоҳе бошад сохтани мактаб ё бемористоне. Яъне мебинем, ки имрўз ҷомеаи мо ба чӣ ниёзманд аст ва мардум аз чӣ чизе камбуди иқтисодӣ ва молӣ дорад, дар ҳамон ҷиҳат амал мекунем ва ҳамон ниёзмандӣ ва камбудро бартараф мекунем. Ин аст ҳақиқати садақаи ҷория ва ҳадафи он.

Аммо савоб ва подоше, ки барои садақаи ҷория дар назар гирифта шудааст бисёр бузург ва муҳим аст. Дар шариати Исломӣ ва мувофиқи фармудаи Қуръони карим ҳама чиз фанопазир аст, ба ҷуз «ваҷҳуллоҳ»:

«Ҳама чиз аз байн меравад ба ҷуз Зоти Парвардигор». (Сураи «Қасас», ояти 88)

Агар мехоҳем чизи хубе аз мо боқӣ бимонад, бояд онро ба «ваҷҳуллоҳ» - яъне Зоти поки Парвардигор пайванд бидиҳем. Яъне ҳар коре, ки мекунем холисона аз барои ў бошад, он вақт мондагор хоҳад шуд. Дар воқеъ инсоне, ки некиеро ба хотири Худо анҷом доду аз мардум ё дигар ҷиҳат иваз талаб накарда, ҳамзамон миннат намекунад, дар ин сурат аҷраш назди Парвардигор ва эҳтиромаш дар қалби мардум доим мемонад ва дар натиҷа савобу подоше, ки ба мо мерасад бардавом ва фаровон хоҳад буд.

Дар Қуръони карим иборати «боқиёти солиҳот» омадааст ва аз ҷумла ҳар кори хуб ё ёдгори фоидаовареро, ки аз барои Худо бошад ва мондагор гардад, боқиёти солиҳот гуфтаанд:

«Ва боқиёту солиҳот (арзишҳои пойдор ва шоиста) савобаш дар назди Парвардигорат беҳтар ва умедбахштар аст». (Сураи «Каҳф», ояти 46).

«Осор ва аъмоли солиҳе, ки аз инсон боқӣ мемонад дар пешгоҳи Парвардигори ту савобаш бештар ва оқибаташ арзишмандтар аст». (Сураи «Марям», ояти 76).

Дар фарҳанги исломӣ ҳар кас асосгузор ё зиндакунандаи кори хубе (суннати ҳасана) бошад, то рўзе, ки одамон он корро анҷом медиҳанд, барои ў низ савоб навишта хоҳад шуд. Садақаи ҷория ҳам монанди кори хубе аст, ки то рўзе ки инсонҳо аз он баҳраманд мешаванд савобаш ба шахси соҳиби садақа хоҳад расид.

Суннати садақаи ҷория дар дини мубини Ислом дар асл барои ислоҳи ҷомеа ва обод намудани он дар назар гирифта шудааст. Ин суннати нек метавонад бисёре аз камбудиҳои ҷомеаи моро бартараф намуда, зиндагии хубу гуворотареро барои мусулмонон фароҳам намояд. Агар дар маҳалле мусулмонон ба сабаби набудани роҳи хуб дар рафтуомадҳояшон ба мушкилот рўбарў мешаванд, ҷои садақаи ҷория дар сохтмони ҳамон роҳи лозимӣ аст, то осоиши онҳо фароҳам гардад. Агар фарзандонашон барои рафтан ба мактаб ба хотири дур будани роҳи мактаб мушкилӣ доранд, ҷои садақаи ҷория сохтани мактаб аст. Агар дар маҳаллае бунгоҳи тиббӣ набошад, беҳтарин садақа сохтани он бунгоҳ аст.

Ин дар ҳақиқат меҳру муҳаббат ба мардум ва боз кардани гиреҳҳо аз кори бастаи онҳо аст, ки савобе беандоза дорад.

Садҳо фаришта бўса ба он даст мезанад,

К - аз кори халқ як гиреҳи баста во кунад.

Дар айни ҳоле ки садақа коре аст барои осоиши ҳамаи мардум ва барои ободии ҷомеа аст, аммо агар дуруст бингарем, барои бисёриҳо сабаби наҷот аст. Зеро ниёзҳои мардум ва ҷомеа барои сарватмандони саховатманд, ки тавони бартараф намудани ин камбудиҳову ниёзҳоро доранд фурсати бисёр хубе аст, то дунё ва охирати худро обод кунанд ва наҷоту оқибати некўи охиратро ба даст оваранд.

Асоси тавсияҳо ва бештарин аҳком ва ибодатро дини мубини Ислом ба сохтани фарди солим, иззату эҳтиром, накўкорӣ, тақвияти равобити байни инсонҳо ва тарбияи дурусти ҳар як аъзои ҷомеа равона менамояд. Пас барои бунёди ҷомеаи солим ва пиёда намудани меҳру муҳаббат байни аъзоёни он, тарбияи афроди солим зарурат дорад.

Чи тавре ки маълум аст, амали солеҳ дар зиндагии инсон нақши муҳим ва муассир дорад ва ба ивази он аҷру подош мегирад. Чунонки Худованд мефармояд:

            «Пас, ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад». (Сураи «Зилзол»; ояти 8).

Амалҳои солеҳ хеле зиёд мебошанд, ки дар Қуръони карим ва ҳадисҳои Пайғамбар (с) ба он таъкид шудааст. Дасти кўмак дароз намудан ба ятиму мардуми камбизоату муҳтоҷ яке аз амалҳои солеҳ ва савоб ба шумор меравад. Дар ҳадиси шариф омадааст: «Ҳар касе машаққатеро аз бародараш осон намояд, Худованд машаққатҳои рўзи Қиёматро аз ў осон менамояд».

Дар ҳадиси дигаре Расули гиромӣ (с) фармудаанд: «Худованд  дар  кўмаку  мадади  бандааш аст,  модоме  ки  банда дар кўмаку  ёрии  бародараш бошад». (Ривояти  Муслим).

Кўмаку  ёрӣ  расонидан  ба  муҳтоҷон  ва  бенавоён дар назди  Аллоҳ таъоло кори  писандида ва сабаби маҳв шудани гуноҳони соҳиби хайр аст. Каъб ибни Уҷра (р) ривоят мекунад, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Садақа гуноҳро нест мекунад, ҳамон тавре ки об оташро нест мекунад». (Ривояти Тирмизӣ).

Мусулмони асил дар муносибат ба Аллоҳ ба бандагони Ў,  садоқату хайрхоҳӣ зоҳир менамояд, зеро чунин садоқат яке аз асосҳои муҳимтарини дини Ислом аст. Худованд мефармояд: 

«Ва он чи аз мол харҷ кардед, (нафъ) барои (зоти) шумо аст. Ва лоиқ нест, ки ҷуз барои талаби рўи Худо харҷ кунед. Ва он чи аз мол харҷ кардед, ба тамом ба (сўи) шумо расонида шавад (яъне савоби он); ва шумо ситам карда нахоҳед шуд». («Бақара»; 272).

Дар ҳадисе аз Абўҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ҳар субҳе, ки бандагон оғоз мекунанд, ду фаришта фуруд меоянд, яке аз онҳо мегўяд: Худоё, ба хайркунанда ивази онро ато фармо. Дигаре мегўяд: Худоё, моли мумсик ва бахилро талаф деҳ». (Ривояти Бухорӣ).

Ҳар шахси мусалмони доро ва сарватманд бояд тибқи фармудаи Худованд ва  Расулаш амал намуда, барои дастгирӣ намудан аз ятимону бенавоён ва бечорагон кўшиш кунад ва вазифаи бандагии хешро адо намояд. Ба қавли Шайх Саъдӣ:

Карам кун, ки фардо, ки девон ниҳанд,

Манозил ба миқдори эҳсон ниҳанд.

Дар ҳадиси шариф Расули акрам (с) мақому ҷойгоҳи сарпарасти ятимро чунин баён доштааст:

«Ман ва сарпарасти ятим ин гуна дар биҳишт ҳастем» ва ба ангушти шаҳодат ва миёнаи худ ишора намуда, ҳар дуро аз ҳам кушода дошт.

Ҳама гуна хайру саховате, ки аз ҷониби инсон иҷро мегардад, агар дар ҳамон ҷое, ки шариат фармудааст, анҷом наёбад, онро Худованд қабул нахоҳад кард. Мусалмонон ба ҳамдигар ёру бародаранд. Бояд дар ҳама ҳолат аз аҳволи ҳамдигар бохабар бошанд ва кўмаки худро барои якдигар дареғ надоранд. Ҳамагон медонем, ки ҳама намуд ибодатҳо барои дарёфтани розигии Худованд буда, бо умеди бандагӣ, аҷр ва савоб иҷро мешаванд. Дини Ислом ҳеҷ гоҳ барои инсон амреро фарз ва ё воҷиб намегардонад, ки ў аз уҳдаи иҷрои он набарояд. Чи тавре ки дар Қуръони азимушшаън омадааст:

«Худованд ҳеҷ касро бештар аз қудрату тавоноиаш вазифадор намекунад, ба фоидаи худи он шахс аст амали неки ў ва бар зарари ўст он чи (гуноҳ) кард». (Сураи «Бақара», ояи 286).

Умедворем, ки бародарони сарватманд ва доро тибқи фармудаи Худо ва Расулаш амал намуда баҳри оромӣ, амният ва пешравии Ватани азизамон саҳми худро мегузоранд ва барои дастгирӣ намудани ятимону эҳтиёҷмандон камари ҳиммат мебанданд ва дар корҳои неки ҷамъиятии ҷомеа пешсафу пешқадам мебошанд. Худованд ба мо тавфиқ диҳад, ки муҳаббати мардум ва хайрхоҳӣ нисбат ба онҳоро дар дил дошта бошем ва тавони гиреҳкушоӣ аз кори онҳоро ба мо ато намояд. Шайх Фаридуддини Аттор дар ин маврид басо зебо фармудааст:

Ҳақ таъоло бар дари ҷаннат навишт:

«Ҷои мардуми сахӣ бошад биҳишт».

Время намаза в Душанбе

30.04.2024

Подробнее
Фаджр03:47
Зухр12:40
Аср17:28
Магриб19:27
Иша20:58
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее